Варзиш яке аз самтҳоест, ки дар ҳаёти миллати тоҷик ҷойгоҳи намоён дошта, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола рушд менамояд. Дар амалинамоии ҳадафҳои созандаи Роҳбари давлат Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақши бориз доранд.
Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо талошҳои пайгиронаи худ, иқдомҳои созанда тӯли солиёни зиёд роҳандозӣ намудаи худ тавонистанд варзишро дар сатҳи баланд миёни оммаи мардум ташвиқ намоянд, рӯҳияи варзишгаронро баланд бардоранд. Дастовардҳои беназири варзишии чанд соли охир ноилгардидаи варзишгарони тоҷик маҳз бо талошҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба даст омадааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми умри ҷавони худро ба рушди варзиш бахшидаанд гуём хато намекунем. Бо як боварӣ ва самимият мо дар корнамоиҳои ӯ мебинем, ки чиқадар корҳои зиёдро дар ин самт анҷом додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамчун раиси бунёдкору ободкори шаҳри Душанбе бо бунёди майдончаҳои варзишӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми ҷавононро ба варзиш ҷалб намуданд, барои хурду бузурги пойтахт барои ба варзиш машғул гардидан шароит муҳайё карданд. Ин иқдом барои шаҳру ноҳияҳои мамлакат намунаи ибрат гардида, ҳаминтавр дар тамоми шаҳру ноҳияҳо майдончаҳои варзишӣ бунёд гардиданд ва иншоотҳои варзиши бунёду навсози гаштанд. Ин ташаббуси муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе ҷомеи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи пурсаодат ва тарзи ҳаёти солим роҳнамои намуд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамаи корҳоро дар ин самт дар сатҳи оли амалӣ намуданд, ки хурду бузурги мамлакат шоҳид аст. Албатта, масъулин ва тамоми хурду бузурги мамлакат ба қадри ин заҳматҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе бояд бирасанд ва ҷиҳати самаранок истифода бурдани майдончаҳои варзишӣ ғамхорона муносибат намоянд.
Ҷонибдорӣ гардидани ташаббуси навбатии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон намудани 25-май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол ва пазируфта шудани ин иқдом аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид бори дигар Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт ба тамоми дунё муайян намуд. Иштироки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои варзишии байналмиллалӣ ба монанди "Ҷоми Осиё - 2023", бозиҳои олимпии Париж -2024 ва ғайра маҳз дар натиҷаи дастгириҳои доимии мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ натиҷаҳои назаррас ба бор оварданд. Корнамоиҳои муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе дар рушди варзиш бешуморанд, ки ҳар яки онро метавон бо завқи баланд ёдовар шуд. Мо дар Ҷоми Осиё - 2023 шоҳиди он будем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аввали ин бозиҳо то охир дар паҳлӯи варзишгарони тоҷик буданд ва ба онҳо қувваи бузург мебахшиданд.
Дар роҳи бунёдкориву созандагӣ, иҷрои масъулияти заҳматталаб ба муҳтарам Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барору комёбиҳо таманно намуда, орзуманди онем, ки ба бахти мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша сарбаланду саломат бошанд.
Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи кор бо магистрон, докторантон ва унвонҷӯёни ИФСҲ-и Академияи милии илмҳои Тоҷикистон