Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаю фарҳангии Осиёи Миёна буда, бо фарҳанги бою ғании худ на танҳо дар Осиёи миёна, балки дар тамоми дунё шинохта шудаанд. Шиносномаи ҳар як халқу миллат фарҳангу урфу одатҳояш аст ва дар миқёси ҷаҳон низ ҳар як давлат аз рӯи фарҳангаш шинохта мешавад. Аз ҳамин лиҳоз фарҳангро ҳастии миллат, пояи давлат ва ҷавҳари ҳастию пойдорӣ ном мебаранд.
Аҷдодону гузаштагони мо тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим фарҳанги бою ғании худро, ки аз гузаштагонашон ба худ мерос гирифта буданд ва бо он фахр доштанд, бо воситаи иншо намудани асарҳои пурмуҳтавою пурмазмуну мантиқии худ миёни мардум ин фарҳанги бостони худро муаррифӣ намудаанд, ки то ҳол ин ганҷинаҳои он нобиғагон дастраси омма, ба хусус, дастраси дӯстдорони илму фарҳанг қарор доранд, мутолиакунандагон аз мутолиаи осори пурғановати ин бузургон ба пуррагӣ аз фарҳанги мо тоҷикон воқиф мешаванд.
Миёни мардум мақоле ҳаст, ки мегуянд: “Миллатеро нест кардан хоҳӣ, фарҳангу забонашро аз байн бубар” ва мо тоҷикон аз таҳдиди ин мақол умуман намеҳаросем, чун ҳануз сар карда аз асрҳои 9- 10 ва то имрӯз “Шоҳнома” – и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, “Қонуни тиб” – и Абӯали ибни Сино, “Синдбоднома” – и Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Маснавии маънавӣ” – и Ҷалолуддуни Балхӣ, “Тоҷикон” – и аллома Бобоҷон Ғафуров, “Фарҳанг ҳастии миллат” – и Эмомалӣ Раҳмон “Озодӣ ва Истиқлоли миллӣ” – и Муҳаммад Абдураҳмон ва амсоли инҳо ҳазорҳо осори дигари олимони гузаштаву муосири тоҷик аз қадим фарҳанги ғанӣ ва илму маърифати бузург доштани гузаштагони ин миллати овозадору бостонию фарҳангпарварро миёни тамоми мардуми дунё шинос намудаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо ташаббуси бевоситаи фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст, ки ин ҳам аз шахсияти фарҳангиву илмӣ будани давлатдоронамон дарак дода ва арҷ гузоштан ба тамаддундориву фарҳангӣ будани миллати тоҷик, давомдиҳандаи кору пайкори неки гузаштагони хеш буданро дубора исбот намудан аст, чун дар ин давраҳо ба рушду равнақи фарҳангдории тоҷикон ва аз нав эҳё шудани фарҳанги қадимаву урфу одатҳои гузаштагонамон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.
Хизматҳои бузурги Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмонро таърих бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои худ сабт намудааст, ки ҳаргиз сутудаву хира нахоҳад шуд, аз он ҷумла бо азму иродаи ватандӯстию фарҳангпарварии Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бохабарӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷоҳонӣ пешниҳодҳои муҳими саривақтияш ба созмони бонуфузи байналмилалӣ “ЮНЕСКО” аз қабили “Чакан”, “Наврӯз”, мусиқии классикии “Шашмақом”, “Фалак”, “Ҷашни Сада”, “Тазҳиб” (зарҳалкорӣ), Атласу адрас, куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва амсоли инҳо садҳо пешниҳодҳои бузурги дигар қобили тазаккур аст, ки аллакай ба ин васила ҷаҳониён дубора ба ғанигию қадима будани фарҳанги мо шиносоӣ пайдо намуда ва эътироф низ намудаанд.
Гузашта аз ин миллати қадимӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, тамаддунофар, соҳибмаърифат, шаҳрдору шаҳрнишин будани тоҷиконро дар ҷаҳон баъди ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва пазируфта шудани Саразми бостон, ки таърихи зиёда аз 5500 сола дорад исботи комил намуд.
Албатт, ки фарҳанг доираи васеъ дорад ва либоси миллӣ низ дар баробари дигар арзишҳои фарҳангии миллат яке аз ҷузъҳои асосии фарҳанги ҳар як давлат ба шумор меравад. Миллати тоҷик аз қадим либоси миллии ба худ хосро дошт ва дар баробари ин маданияти баланди либоспуширо низ доштанду ва то ба ҳол ин маданияту маърифати баланд миёни ин миллат бараъло мушоҳида мешавад.
Оре, дар 70 соли даврони Шуравӣ, ки Тоҷикистони азизи мо дар қатори дигар давлатҳои аъзо ба ИҶШС (Иттиҳодияи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ) буд, ин ба фварҳангу маданияти тамоми давлатҳо бетаъсир намонд, аз он ҷумла ба фарҳанги либоспушии ҳамаи халқҳои давлатҳои аъзо таъсири худро расонд ва то якчанд муддат мардум ба фарҳанги либоспушии давраи иттиҳодияи номбурда пайравӣ менамуданд, ва бо мурури замон ин фарҳанги бегона аз байн рафт.
Баъди пош хурдани Иттиҳодияи давлатҳои Шуравӣ, ки дар дохили ҷумҳурӣ бо дахолату иғвоангезии бадхоҳону намояндагони давлатҳои ба ном исломӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, аз нооромии вазъи давлат ин хоинон истифода бурда, ба сари баъзе ашхоси бесаводу кундфаҳм фарҳанги бегонаи пушидани либосҳои бегонаву сиёҳ (ҳиҷоб, сатр) – ро низ бор намуданд ва оҳиста оҳиста ин либоси ба фарҳанги мо бегона миёни як доираи нодонҳову бадкирдорҳо ба қавле муд шуд, ки гуё диндорию мусалмонии онҳоро мефаҳмонд, ҳол он ки шахсони хоину ҷосуз бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои нопокашон на танҳо занон, балки мардон низ чунин либосҳои сиёҳу ҳаҷман калони занонаро ба бар карда, гуё ки ноаён шуда бошанд, ба хоиниву бадкирдорию ҷосузӣ даст мезаданд, ки оҳиста – оҳиста ин рафтори разилонаи онҳо миёни мардум ошкор ва аз ҷониби кормандони мақомотҳои дахлдор пешгирӣ карда шуданд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги бою ғании худ буда, дар арсаи ҷаҳон низ тоҷикон бо фарҳанги худ шинохта шудаанд ва либоси миллии худро доранд, ки ҳатто дар Созмони бонуфузи дунё пазируфта шудааст, ки лоиқу шинаму муррифкунандаи зани тоҷик аст.
Дар ин масир худи Сарвари давлатамон Пешвои миллати тоҷикони дунё чунин мегӯяд:
“Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпуш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпушӣ раво нест, шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.”
Мақсад аз давлату ҳукуматамон дар ҳамин аст, ки сади роҳи ин гаравиданҳоро гирифта, ба бегонапарастиву хурофотпарастии баъзе мардуми камсавод хотима бахшида, гумроҳгаштагонро тарбия намуда, аз фарҳангу оини куҳани хеш бохабар намоем ва дар ин масир бо супориши ҳукумати мамлакатамон аз ҷониби мутахассисону коршиносон корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, намунаи либосҳои миллии мутобиқ ба фарҳангамон тавсияшуда пешниҳод шудааст, то ки мардум аз фарҳангу маданияти гузаштагони худ огоҳ бошанд ва аз бегонапарастӣ даст кашанд.
Хушбахтона баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон марҳала ба марҳала сади роҳи ҳамаи бесарусомониҳову носозгориҳо гирифта шуда ва барои беҳбудиву баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст ва ҳатто як қатор қонунҳо низ барои беҳбудиву осоиштагии мардум қабул карда шудааст, ки боиси муваффақият ва пешравист.
Мутаассифона аз ҷониби бархе аз шахсиятҳои бефарҳангу бесаводу кундфаҳм ва мутеъи душманони давлату миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳо паҳн карда, оид ба либоспушии занон баромадҳо намуда, бар зидди давлату ҳукумат суханони беасос гуфта, ба руҳу равони истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонида, худро диндор нишон дода, худнамоӣ мекунанд. Ҳол он ки давлату ҳукумат устувор нигоҳдорандаи дину мазҳаб буда, бар зидди дину оин ягон муқобилият нишон надодаанд ва танҳо мақсадашон гирифтани сади роҳи бегонапарастӣ ва зинда нигоҳ доштани фарҳангу расму оини аҷдодии миллати тоҷик асту халос ва беҳтарин либосҳо аз ҷониби коршиносон мутобиқ ба фарҳанги худамонро пешниҳод кардаанд, ки боиси дастгирист!
Бо вуҷуди ҳамаи ин шебу фарозҳо миллати тамаддунофару таърихиву фарҳангпарвари тоҷик тавонист, ки аз фарҳангу расму оин ва арзишҳои миллии хеш дифоъ карда хештаншиносиву ҳувияти миллии худро пойдор нигоҳ дошта бошад.
Алишер Саидов – ходими хурди илмии Шуъбаи география ва зондкунии фосилавии Раёсати АМИТ