Ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии «Муаррих” рӯзи 4-уми феврали соли 2025 баргузор гардид. Дар рафти он зикр гардид, ки натиҷаҳои асосии бадастовардаи аъзои ташкилоти ибтидоии «Муаррих» ба ҷомеа тавассути табъу нашр, суханрониҳо дар конфронсу симпозиумҳо, семинарҳои илми ва амалӣ, баромадҳо дар радио ва телевизион пешкаш карда шуданд.
Аз ҷумла, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 баргузор гардид, аъзоёни ҲХДТ - кормандони Институт мақолаҳои илмӣ-оммавӣ таҳия намуда, дар сомонаҳо гузоштанд. Профессор Насрулло Убайдулло дар мавзуи “Зиндагии шоистаи сокинони кишвар - ҳадафи олии сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол”, н.и.т. И. Неъматов дар мавзуи “Паём инъикоскунандаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар”, н.и.т. Ҷ. Мирзоев дар мавзуи “Инъикоси авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат”, А. Пулотов дар мавзуи “Мероси фарҳангӣ – пайвандгари гузашта ва оянда: баррасии нақши фарҳанг дар рушди Тоҷикистон” ва Шоиста Исматзода “Мақому манзалати зан-модар дар Паёми Пешвои миллат”.
Қайд карда шуд, ки ҳамаи он қорҳое, ки оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Муаррих” ба нақша гирифта шуда буданд, пурра ба анҷом расонида шуданд.
Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Муаррих” барои соли 2025 тасдиқ карда шуд. Инчунин ба ҳайси раиси ташкилоти мазкур директори Институт А. А. Муродзода интихоб гардид.