Санаи 5 ноябри соли 2025, тақрибан соати 10:58 бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ларзиши замин ба қайд гирифта шуд. Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза дар масофаи 167 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 20 километр шимолу шарқ аз шаҳри Истаравшан ва 48 километр ҷанубу ғарб аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад.
Шиддати заминларза дар минтақаи марказӣ 4 балл, дар шаҳри Хуҷанд 2-3 балл, дар шаҳри Истаравшан 3 балл ва дар шаҳраки Пролетар 2-3 баллро ташкил дод. Чуқурии зилзила 12 километр ва қувваи он M=4.2 муайян карда шудааст.
