Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 23 апрел дар толори Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Дурнамои истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Ба кори конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Улмасов ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфт.

Дар суханронии муқадимавии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки конфронси «Дурнамои истифодаи технологияи ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Шӯрои байналмилалии собиқадорони энергетика ва саноати атомӣ (ICVENI) ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Гуфта шуд, ки конфронси мазкур дар шаҳри Душанбе мутахассисони намоён – собиқадорони саноати ҳастаии як қатор кишварҳоро, ки бо масъалаҳои мубрами истифодаи технологияи ҳастаӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият менамоянд, ҷамъ овард.

Бояд гуфт, ки маҳз ин ҷамъомад дар роҳи ҳалли як қатор масъалаҳои тезутунди энергетикаи атомӣ кори муҳимро амалӣ сохта, ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани технологияи ядроӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон ба бехатарии технологияи ядроӣ мусоидат намуда, ба нигоҳ доштан ва ба наслҳои наврас додани донишҳои ядроиро таъмин менамояд.

Таъкид гардид, ки конфронс мазкур барои кишвари мо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ як рӯйдоди муҳим аст, зеро дар он масъалаҳои мубрами истифодаи нерӯи ҳастаӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо назардошти он, ки дар Узбекистон сохтмони нерӯгоҳи атомӣ, Қазоқистон ба сохтмони нерӯгоҳи ҳастаӣ шурӯъ шудааст ва Қирғизистон бо Росатом ёддошт дар бораи бунёди нерӯгоҳи барқи атомии камқувватро ба имзо расонидааст. Дар Тоҷикистон низ масъалаи бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ баррасӣ мешавад.

Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон аз Тоҷикистон ва коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Муғулистон, Беларус ва дигар давлатҳо доир ба масъалаҳои экологии технологияҳои ҳастаӣ, барқарорсозии объектҳои мероси ҳастаӣ ва рушди энергетикаи атомӣ маъруза намуданд. Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур аз санаи 22 оғоз ёфта, то санаи 24 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.