Установить HTML погодный информер на сайт
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми январи соли 2024 №АП – 481 оид ба баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” барои назорати баргузории давраи якуми озмуни мазкур директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон #Бӯризода Анвар Маҳмад, тибқи Низомномаи озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (макони баргузории давраҳои якум ва дуюм) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.