Перейти к основному содержанию

19 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба водии Рашт ташриф оварда, бо рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, шинос гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиён суҳбат ороста, ҳакамони озмунро ба шаффофу одилона баҳогузорӣ кардан ба донишу малакаи довталабони озмун ҳидоят намуд.

Таъкид дошт, ки Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бисёр имтиёзҳоро фароҳам оварда, довталабони соҳибистеъдод ва забондонро барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии кишвар ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханварию сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имсол мукофотпулӣ барои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Боиси зикр аст, ки дар даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имсол аз Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 585 нафар писар 392 нафар духтар дар озмуни мазкур иштирок доранд.