Перейти к основному содержанию

Имрӯз, 18 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём иброз гардиданд, машварати корӣ баргузор гардид.

Зимни машварат роҳбари академия иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушду пешрафти муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои махсус доданд.

Таъкид гардид, ки ташкили Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад.

Боиси хушнудист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омода намудани консепсияи ин ду маркази бузург дар баробари дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ маҳз олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро вазифадор намуданд.

Дар робита ба ин Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷалби олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, баҳри таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва пешниҳод намудани консепсияи Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз чораҳои мушаххас меандешанд.

Ин гурӯҳи корӣ вазифадор гардидаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои илмӣ, таҳлилӣ ва таҷрибаи мавҷуда, лоиҳаи консепсияҳоро дар асоси арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии халқи тоҷик таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод намоянд.