Семинарро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. ҳусни оғоз бахшида, оиди Наврӯзи оламафрӯз ва арҷу гироми доштани он ва бузургтарин ҷашни миллию фарҳангии мо ба ҳисоб рафтанаш маърӯзаи пурмазмун намуданд.Инчунин, тамоми кормандон ва халқи тоҷикро бо ин Ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки дар тӯли асрҳои зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Аврупо халқияту миллатҳои гуногун, аз ҷумла халқиятҳои Осёи марказӣ бо самимият ва меҳру муҳаббати хоса ҷашн мегиранд, муборакбод намуд.
Дар рафти семинар инчунин мудирони шуъба д.и.ф.м. Ҷагибеков Гулхоҷа, н.и.ф.м. Назрублоев Н.Н. ва устоди пуртаҷриба Шарифзода А. бо маърузаҳояшон "Наврӯз куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон","Наврӯз шоҳсутун тоҷикон" баромад намуданд.
Дар семинар олимон,ходимони илмии инстиут ва магистрону доктарантон иштирок варзиданд.
Наврӯзи навбаҳорон бар дӯстон муборак,
Фарёди андалебон бар гулситон муборак.
Бар булбулони мактаб таълими илму дониш,
Орзуи рӯзи шодӣ бар кудакон муборак.
20 марти 2025 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо“ ва “21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гашт. Ин чорабинӣ бо ибтикор ва аз ҷониби Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам ифтитоҳ гардид.
Сипас гардонандаи семинари илмии мазкур ходими калони илмии институт Давлатов З.А. мизи мудаввар чорабиниро пеш бурданд. Сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институт Қурбонова Ш. дар мавзуи “Даҳ омили обшавии пиряхҳо”, Сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институт, доктори илмҳои сиёсӣ Каримов Ш.Т. дар мавзуи “Муҳофизати пиряхҳо ҳифзи ҳаёти инсон аст: ҷанбаҳои сиёсии масъала”, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Сангинзода Д.Ш. дар мавзуи “2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо: ташаббуси ҳуқуқии байналмилалии Тоҷикистон ва дурнамои танзими ҳуқуқӣ”, мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институт, номзади илмҳои сиёсӣ Дороншоева Н.Ш. дар мавзуи “Хатари обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он барои амнияти минтақа”, ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институт, номзади илмҳои филологӣ Мадимарова Г. дар мавзуи “Нигоҳе ба ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо дар таҳлил ва гузоришҳои ҷаҳонӣ” ва дигарон маърузаи илмӣ намуданд. Сипас кормандони дигари Институт дар музокирот фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Санаи 18-уми матри соли ҷорӣ дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид.
Дар семинар корманди илмии Институт Раҳмонов Достон Давронович, доктаранти(PhD) курси сеюми Институт Мероҷова М.М ва аспиранти хатмкардаи Институт Хотамова Р.Л. таҳти роҳбарии академик Раҳмонов Зарулло Хусейнович ва д. и. ф. м. Хайруллоев Шамсулло Амруллоевич бо мавзӯъҳои илмиашон баромад намуданд.
Раҳмонов Д.Д. бо мавзӯъи “Асимптотическая формула в обобщении тернарной проблемы Гольдбаха с почти равными слагаемыми” ва Хотамова Р.Л. бо мавзӯъи “Короткие тригонометрические суммы с простыми числами”, инчунин Мероҷова М.М бо мавзӯъи илмиаш “Асимптотическая формула для числа целых точек в области ограниченной кривой Фермы чётного порядка.” баромад намуданд.
Дар семинар олимон, докторон ва ходимони илмӣ ва инчунин магистрону доктарантон иштирок варзиданд.
25 феврали соли равон дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияимиллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ баргузор карда шуд.
Дар семинар раиси Шуъбаи илмҳои биология, д.и.б., профессор Мирзораҳимзода А.К., маъмурият, мудиронишуъба ва озмоишгоҳҳо, кормандони илмии Институт иштирок карданд.
Рисолаи илмии ходими калони илмии Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ, Баротов С.С. дар мавзуи «Молекулярно-генетическийанализ ГМО в продуктах растительного происхождения» барои дарёфти дараҷаи номзади
илмҳои биологӣ аз рӯи ихтисоси 03.02.07-Генетика ва рисолаи илмии ходими хурди илмии Озмоишгоҳи биохимияи фотосинтез, Шарипова Х. дар мавзуи «Эколого-физиологические особености мягкой пшеницы из мировой коллекции в условиях Таджикистана» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳоибиологӣ аз рӯи ихтисоси “03.02.08– Экология (илмҳои биологӣ)” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Баъди ислоҳи баъзе эроду пешниҳодҳоимутахассисони соҳа рисолаҳои омодашудаи олимони ҷавони Институт барои дифоъ дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-033-и назди Институт тавсия дода шуд.
Дар семинар доктори илмҳои математика ва физика Қурбонов И. бо мавзуи илмиашон баромад намуданд, ки дар он докторон,ходимони илмӣ, магистрон ва доктарантон иштирок варзиданд.
Имрӯз 19.02.2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ семинари илмии умумиинститутӣ баргузор гардид.
Дар семинар муаллими калони кафедраи геометрия ва математикаи олии факултаи математика ва информатикаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Авезов Раҷабек Ҳасанович дар мавзуи "Истифодаи усули декомпозитсияи Адомян дар ҳалли муодилахои касрӣ - диффернесиалии ғайрихатии дорои ҳосилаҳои хусусӣ" баромад намуданд.
Дар семинар устодон ва олимони соҳибмактаб ва ходимони илмӣ ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.
Имрӯз 18 феврали соли 2025 бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Анъанагароӣ ва постмодернизм: нуқтаҳои ҳамгироӣ дар ҷомеа ва фарҳанги муосири миллӣ» баргузор гардид.
Семинари мазкур дар ҳошияи анъанаи шуъба баргузор гардида ба хотираи неки устодони шуъба А. Муҳаммадхочаев, Ғ. Ашуров, М. Диноршоев, М. Ҳазратқулов, Х. Додхудоев бахшида шудааст.
Дар семинари мазкур се гузориш аз ҷониби докторони илм Маҳмадҷонова М.Т. , Диноршоева М., Абдуҷалилов А. дар мавзуъҳои «Таъсири постмодерн ба самту равияҳои фалсафаи муосир», «Муқаррароти асосии методологияи постмодерн» ва «Таъсири фалсафаи постмодерн ба таҳаввули ҳуқуқ» шунида шуданд.
Гуфта шуд, ки фалсафаи муосири Аврупо дар заминаи танқиди фалсафаи классикӣ, махсусан фалсафаи Имануил Кант ва Ф. Гегел ташаккул ва нуму ёфта аст. Махсусан дар асри ХХ ин мавқеи танқидӣ муҳтавои ташаккули фалсафаҳои ба истилоҳ, ғайри классикӣ гардид ва муҳити фарҳангӣ ба ду шохаи асосӣ - сиентизм ва антисиентизм тақсим шуд.
Дар музокирот устодон Музаффарӣ М., Назариев Р., Олимов К., Ҷонбобоев С., Зиёӣ Х. баромад карда масъалаҳои матраҳшударо муҳокима намуданд.
Пешниҳод гардид, ки фалсафаи муосир, алалхусус постмодернизм ба таври васеъ омухта шавад, зеро ин зарурати доғи руз аст. Натиҷаи таҳқиқоти мазкур дар таҳлили масъалаҳои фарҳанг, ахлоқ, эстетика, инсоншиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ, масоили дин ва дунявият, ҳуқуқ, ҷомеашиносӣ ва ғ. истифода гардад.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру ақидаҳои худро баён намуданд.
Имрӯз (14.02.2025) бо ибтикори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи "Таърихи нусхашиносӣ ва мактаби хаттотии Самарқанд" семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини директор оид ба илм, н.и.ф. Ёраҳмадзода Ш. ифтитоҳ бахшида, мудири шуъбаи тавсиф ва таҳияи мероси хаттӣ, н.и.ф. Шарифов М. дар мавзуи фавқ маърузаи илмӣ ироа намуд.
Бояд зикр намуд, ки чунин семинару ҳамоишҳои илмӣ, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда, мунтазам идома намуда, масъалаҳои муҳимми фанни нусхашиносӣ, ҷамъоварии дастхатҳо, нигаҳдорӣ ва тавсифу таҳияи осори хаттӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
14 феврали соли 2025 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ семинари илмӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Индонезия” бо иштироки муовини директори Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр баргузор гашт.
Ходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институт Баҳруллои Соҳиб дар мавзӯи“Ташаккул ва рушди робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Индонезия” гузориши илмӣ намуд.
Дар идомаи семинари илмӣ қайд гардид, ки Тоҷикистон дар чаҳорчубаи сиёсати бисёрсамтаи хориҷии худ таҳти мудирияти Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гаштаст бо кулли кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Индонезия, робитаҳои судманди дуҷонибаро ба роҳ монад.
Имрӯз (13.02.2025) дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ бо иштироки мудирон ва кормандони илмии Шуъбаи флора ва систематикаи растаниҳо, Озмоишгоҳи экология ва захираи растаниҳо, Захираи гербарияи Институт семинари илмии муштарак баргузор карда шуд.
Дар семинар рисолаи номзадии ходими хурди илмӣ Хуҷаев Муҳаммадсидиқ аз рӯи ихтисоси “Ботаника” дар мавзуи “Омӯзиши флора ва экологияи обсабзҳои сабз (Chlorophyta) дар силсилаобанборҳои дарёи Вахш (Роғун, Норак, Бойғозӣ, Сангтуда – 1, 2 ва Сарбанд)” ва рисолаи ходими хурди илмии Захираи гербарияи Институт Раҳматова Табассум барои дарёфти доктори PhD аз рӯи ихтисоси “Ботаника” дар мавзуи “Биоморфология, сохтори популятсионӣ ва захираи намудҳои авлоди Perovskia Kar. дар шароити Тоҷикистон” мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Барои ислоҳи эроду камбудӣ ва тавсияҳои аз ҷониби мутахассисони соҳа ирсолшуда ба олимони ҷавон ҷиҳати таҳия ва омода намудани рисолаҳои илмӣ мӯҳлати муайян дода шуд.
13-уми феврали соли 2025 дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумиинститутӣ баргузор гардид.
Дар семинар доктори илмҳои физика ва математика Каримов У.Х. бо мавзуи илмиашон баромад намуданд.
Дар семинар устодон ва олимони соҳибмактаб, докторон, ходимони илмӣ, доктарантон ва инчунин магистрон иштирок варзиданд.
Имрӯз (03.02.2025) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ семинари илмӣ баргузор гарид. Дар семинар мудири шуъбаи математика ва физикаи Донишгоҳи славиянии Русияву Тоҷикистон, номзади илмҳои физика ва математика Гулбоев Бахтиёр бо мавзуи илмиашон "Аналитическое представление структуры волны фильтрационного горения газов с учётом диффузии недостающего компонента газовой смеси " баромад намуданд.
Дар семинар академики АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Илолов М., доктори илмҳои физика ва математика, профессор Ҷангибеков Г. олимон ва инчунин ходимони илмӣ иштирок варзиданд.
Баромад ва натиҷаҳои илмии ба даст овардаи Гулбоев Б. аз тарафи устодони соҳибмактаб мусбат баҳо дода шуд.