Skip to main content

Дар корхонаи муштараки истеҳсоли қалъагии “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” баъди танаффуси зиёд бо дастгириии Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ҳоло корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани он идома дорад.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои барқарорсозии коргоҳи нав боздид намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳоло корҳо ҷиҳати ба кор омода намудану санҷиши техникии таҷҳизоту механизмҳо, бунёди сехи нав ва азнавсозии манбаъи истихроҷи маъдан дар мавзеъи Мушистон идома дорад ва дар навбати аввал 150 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд.

Дар идомаи сафари корӣ бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли шифер, ки бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди деҳоти Сӯҷина бунёд шуда, бо назардошти талаботи бозор дар як баст то 1500 дона шифер истеҳсол карда метавонад, шинос шуда, дар паҳлӯи он ба фаъолияти коргоҳи коркарди қуму шағали бинокории ҶДММ “Салмон- бинокор” оғоз бахшида шуд. Ин ҷо дар як баст то 120 тонна қуми бинокорӣ истеҳсол намуда, 10 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани сурб дар ҳудуди деҳоти Моғиён аз ҷониби ҶДММ “Канзи диёр” гуфта шуд, ки ин ҷо ҳоло корҳо ҷиҳати омода намудани инфрасохтори коргоҳ- роҳ то мавзеъи истихроҷи маъдан, хобгоҳ, кашидани хати барқ ва омӯхтани захираи маъдан идома дошта, бо ба кор даромадани он дар навбати аввал то 1000 нафар бо кор фаро гирифта мешаванд.