Skip to main content

Ҷанги шаҳрвандӣ, муқовимати сиёсӣ ва низоъ аз рӯи эътиқод дар таърих падидаи нав нест. Бисёре аз миллатҳо ва халқҳо аз ин озмоишҳо гузаштанд, аммо онҳо одатан ин мушкилотро тавассути силоҳ ва зӯроварӣ ҳал мекарданд. Ба Ҷумҳуриии Тоҷикистон муяссар шуд, ки на танҳо муноқишаи тарафҳои мухолифро бо роҳи гуфтушунид ҳал намояд, балки ба шарофати сарвари хирадманд, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз хатари нобудшавӣ наҷот диҳад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мо ва ҳамчунин ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ҳаргиз ба ихтилофоти дохилӣ, низои дохилӣ, ҳамдигарнофаҳмиҳои дохилии худ дигаронро, халқу миллатҳо ва кишварҳои дуру наздикро набояд ҳамроҳ кард ва дар низоъ зидди якдигар аз имконот ва зӯру қуввати онҳо истифода намуд.

Бояд қайд намуд ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки асосгузори он Пешвои миллат мебошанд, бо мурури замон ба он таваҷуҳи намояндагони минтақа бештар гардида истодааст. Аз ин рӯ омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон низ дар баробари таҷрибаи сулҳофариниашон яке аз вазифаҳои муҳимми донишмандон ва коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, то ки он барои кишварҳои минтақа ва дунё ҳамчун намунаи ибрат хидмат намояд.

Сиёсатмадорони хориҷие, ки Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд, аксар вақт таҷрибаи беназири Тоҷикистонро дар ҳалли сулҳомези низоъҳо ва бунёди сулҳи устувор қайд мекунанд. Бисёре аз онҳо ба омилҳое, ба монанди нақши муколамаи байни қавмӣ, иродаи сиёсии роҳбарон ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ диққат медиҳанд. Инчунин пешрафтҳо дар соҳаи ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ ва иқтисодиёт, ки ба сулҳ ва субот мусоидат мекунанд, таҳлил карда мешаванд.

Аз ҷумла, Кофи Аннон, собиқ дабири кулли СММ, ки солҳои тӯлонӣ раванди сулҳи Тоҷикистонро мунтазам ва бошуурона назорат мекард, пас аз анҷоми бомуваффақияти он дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои Амнияти СММ таъкид кард:

"Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сазовори омӯзиши ҳамаҷониба аст". Вай барои чунин изҳорот тамоми асосҳоро дошт, зеро сулҳи Тоҷикистон яке аз амалиёти бомуваффақияти сулҳофарии СММ ба ҳисоб меравад. Муноқишаи сиёсӣ ва низомӣ дар кишвари мо дар муддати кӯтоҳтарин - сеюним сол ё дар 1171 рӯз бо сулҳ ва оштӣ анҷом ёфт. Дар ҳамин ҳол, низоъҳои дигар, ба монанди арабӣ-исроилӣ, бритониеӣ-ирландӣ, покистонӣ-ҳиндӣ, афғонӣ ва ғайра солҳо идома доранд.

Яке аз намояндагони бонуфузи ҳаёти ҷамъиятию фарҳангии Эрон Алиасғар Шеҳрдуст навиштааст: "Дар Тоҷикистон дарёҳои хунин ҷорӣ мешуданд ва ҳоло бо шарофати Президент Эмомалӣ Раҳмон обҳои шаффоф ҷорӣ мешаванд".

Талошҳои шабонарӯзии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри эҳёи сулҳу субот эътибори бузурге бахшид ва ӯро сиёсатмадори машҳури ҷаҳонӣ гардонид. Соли 2002 Дар конфронси Байналмилалии сулҳпарварӣ Дабири кулли Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Михаил Кротов қайд кард: "Таҷрибаи Тоҷикистон дар ҳалли низоъ бо усулҳои сиёсӣ беназир аст, Аз ин рӯ Президенти ҷумҳурӣ Э.Раҳмон бояд ба ҷоизаи сулҳи Нобел сазовор шавад".

Ҳамчунин узви Шӯрои Ҷамъиятӣ, Виктор Ким қайд мекунад, ки: "Имрӯз мо ҳама бо итминон мегӯем, ки чӣ гуна ҳалли мушкилоти сулҳро дар Тоҷикистон медонистем, аммо дар он лаҳза танҳо як нафар -Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин бовар мекард. Дар шароити ноустуворӣ, вақте ки тибқи ҳамаи қонунҳои мантиқ танҳо низомиён метавонанд пуштибонии асосӣ бошанд, Сарвари давлат қадами ғайриоддиро пеш гирифт ҷомеаи шаҳрвандиро ба раванди сулҳҷӯӣ ҷалб кард”.

Мо ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи Тоҷикистон барои тамоми ҷаҳон намунаи ибрат гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи беназир эътироф гардидааст. Таърих кам дар хотир дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин муддати кӯтоҳ ба охир расида бошад ва ҷонибҳои мухолиф ба ҳамдигар дасти дӯстӣ ва бародарӣ дароз карда, ба хотири пойдории Ватан муттаҳид шуда, тамоми талошҳои худро ба хотири ҳифзи марзҳо ва сарзамини аҷдодӣ, амнияти миллат ва арзишҳои миллӣ, фаъолияти мӯътадили дастгоҳи давлатӣ равона кардаанд.

Давлатова Фарида, ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба саодати наслҳои имрӯзу оянда мо соҳиби давлати миллие мебошем, ки дар он ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот побарҷост.

Эмомалӣ РАҲМОН

123123Дар арафаи таҷлили 28 - солагии Ваҳдати миллӣ қарор дорем ва дарки ин санаи муҳими таърихӣ, ҳифзи он барои имрӯзу ояндаи мо яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳама пешрафту осоиши мардуми Тоҷикистон имрӯзҳо аз баракату натиҷаи Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин сулҳу субот ба гузаштаи начандон дури Тоҷикистони азиз агар назар кунем ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин маврид пеш аз ҳама ба азму ирода ва хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муназзами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сано гуфт. Дар ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҳазорон корнамоиҳои Пешвои муназзами миллатро метавонем дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мушоҳида намоем. Албатта, коршиносони соҳаҳои гуногун доир ба ин ҷанба осори илмии зиёде таълиф намудаанд.

Ҳифзу таҳкими Ваҳдати миллӣ, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст, аз як қатор омилҳо ва тадбирҳои оқилона вобаста аст. Яке аз омилҳои калидӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ба андешаи мо ин илму маориф аст. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми давлатдорӣ, ки пояи онро қаввӣ нигоҳ медорад, сохтори илм ва маориф мебошад. Маҳз тавассути ин сохтор ба андешаи мо таҳкими Ваҳдати миллӣ саманоку ояндадор хоҳад буд.

Омӯзиши кучаки банда нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии низоъ, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нодони ва ҷаҳолат будааст. Намояндагони ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом» аз ба ҷаҳолат дода шудан ва аз нодонӣ ноогоҳи манфиатҳои худро аз манфиатҳои давлату миллат боло гузошта ба сари мардуми тоҷик дар ин давра бадбахтиҳои зиёд оварданд. Бояд қайд намуд, ки дар даврае, ки ҷанги шаҳрвандӣ сар зад асосан олимони зиёди тоҷик қурбони гуруҳҳои бадхоҳи миллат гардиданд. Танҳо ба андешаи мо сабаби асосии зери ҳамлаю фишор қарор гирифтани онҳо ин соҳиби фазлу дониш будани онҳо буд. Арзишҳои миллӣ бештар дар ин давра поймол гардида бегонапарастӣ рушд кард.

Хушбахтона, Пешвои муназзами миллат бо истеъдоди фавқулодда ба бахти миллати тоҷик тавонист ба ҳама ин бадбахтию нооромиҳо нуқта гузорад. Миллатро сарҷамъ намуда, баҳри эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ то созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ талош намояд. Барои фаъолияти пурсамари илму маориф дар кишвар бо қабули садҳо санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ, барномаҳои давлати шароити мусоид фароҳам оварад. Ин нуқтаро Пешвои муназзами миллат дар яке аз суханрониҳояшон бисёр хуб иброз намуда буданд: "“Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад”. Воқеан, аз ин сана то имрӯз Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободии Тоҷикистон, бунёди корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иҷтимоӣ ва шароит фароҳам овардан барои мардуми Тоҷикистон талош меварзанд.

Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолият ва ба имзо расидани созишномаи сулҳ тадбирҳои судманду назаррас дар соҳаи илму маорифи кишвар амалӣ гардид. Ин талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона самараи хубе дода, ҳазорон мутахассисони варзидаи сатҳи байналмилалӣ дар тамоми соҳаҳо тарбия ёфтаанд. Имконият фароҳам омад, ки сол то сол ғамхорӣ ба ин самти муҳим зоҳир карда шавад. Дар маълумотномаҳо дарҷ гардидааст, ки танҳо соли 2023 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 7 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2001, ки маблағгузории соҳаи мазкур 13 миллион сомониро ташкил медод, 570 баробар зиёд мебошад. Ин маблағгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда то имрӯз марҳила ба марҳила афзоиш ёфтааст. Ҳамасола шоҳиди ба истифода додани садҳо мактабҳои наву замонавӣ ва дигар омӯзишгоҳҳо дар кишвар ҳастем, ки Пешвои муназзами миллат ба хотири наслҳои оянда чунин иқдоми беназирро роҳандозӣ менамояд.

Ҳамаи ин имкониятҳо аз қудуми неки Ваҳдати миллӣ аст. Барои онки ҷавонон дар руҳияи Ватандустӣ ва худшиносӣ тарбият ёбанд пеш аз ҳама ба сӯи илму дониш равона сохтани онҳо муҳим мебошад. Аз таърих низ танҳо одами доно сабақ мегиранд. Илму дониш инсонро ба сӯи инсоният ҳидоят менамояд. Ҳарҷи нодонӣ бештар бошад хато зам мешавад ва роҳи оянда норушан мемонад. Барои ҳифзи Ваҳдати миллӣ, ояндаи Тоҷикистони бузург ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ яке аз тадбирҳои ояндадори мамлакат аст. Бо ибтикори Пешвои муназзами миллат даҳҳо озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ба оммавигардонии мутолиа, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ мусоидат менамояд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Танҳо агар натиҷаҳои озмунҳои ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи донои китоб аст" ва "Илм - фуруғи маърифат " - то агар назар кунем, аллакай муваффақияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт назаррас аст. Ин иқдомҳо дар эҳёи арзишҳои фарҳангӣ, соҳибилм намудани наслҳои имрӯзу оянда назир надорад.

Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷик ин ҳифзу гиромидошти Ваҳдати миллӣ аст. Ҷомеаро ба сӯи илму маориф роҳнамоӣ намудан ва такрор наёфтани хатои таърихӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Илму маориф воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, худогоҳии наслҳои имрӯзу оянда, гиромидошти Истиқлолияти миллӣ ва ояндаи дурахшону пурсарусаодати Тоҷикистони азизи мост.

Ситора АБДУМУМИНЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, Корманди ИФСҲ АМИТ.

Дар дарозои таърихи башар Ваҳдат василаи асосии таъминкунандаи ҳаёти осоишта ва рӯзгори пурсаодати инсоният буда, ҳамчун кафили устувориву ободӣ ва рушду тараққиёти ҷомеа шинохта шудааст.

Агар ба саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем, миллати тоҷик ҳамеша миллати сулҳҷӯву сулҳхоҳ, ваҳдатсарою ватандӯст, некбину таҳаммулгаро ва покзамиру хайрхоҳ ҳувайдост. Дар ин масри пурифтихор фарзандони бо нангу номус ва ватандӯсти ин миллат тӯли қарнҳо барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва таъмини осоиштагии миллати худ мубориза бурдаанд, ки ин рисолат бозгӯи бузургии миллати тоҷик дар ҳама давру замон аст.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи муборизону ватанхоҳону ватанпарастон ва миллатдӯстдорони миллати тоҷик, ки дар тӯли таърихи тоҷикон борҳо номуси ватандориро нишон додаанд, ҳамчун роҳбари муборакқадаму покдил то чи андоза дар барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллии тоҷикон заҳмат кашидаанду талош варзидаанд.

Зарурат ва аҳамияти бузурги ваҳдати миллӣ махсусан дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ эҳсос мегардад, ки дар таҳррезиву бунёд ва пойдориву устувории он ибтикору саҳму ҷаҳду талоши Пешвои миллат басо пурарзиш ва бориз аст. Зеро дарёфти Сулҳу Ваҳдат барои ҳар як халқу кишвар амали саҳлу кори осон нест. Роҳи расидан ба Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввур осон намояд, вале ҳаёт нишон медиҳад, ки ҳифзи Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ аз ҳар як сокини кишвар ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии баландро талаб менамояд.

Ба дигар маъно, андешаҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат инъикосгари ин гуфтаҳост, ки бамаврид таъкид доштаанд: “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд”. Яъне, мо-сокинони кишварро зарур аст, ки андешаи Сулҳу Ваҳдатро ҳамчун ғояи бузурги давлатдории миллӣ пиндорем. Дониста бошем, ки шарти умда ва василаи меҳварии бақои миллату пойдории давлат маҳз аз устувории Ваҳдати миллӣ вобаста аст.

Албатта, бо гузашти солҳо мо амиқан дарк намудем, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо бояд дар мафкураи мардум арзишу ормонҳоеро ҷой диҳем, ки таҷассумгари ҳадафҳои созанда бошанд ва на танҳо омили таҳкимбахши суботи сиёсӣ, балки воситаи муҳимми ҳимояи рукнҳои давлатдорӣ дар кишвар қарор гиранд.

Маҳз ба ҳамин хотир, миллати тоҷик ҳифзи Истиқлол ва Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморад.

Хулоса, тарҷрибаи сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик, ки бе шак дар оғозу бунёду таҳкими он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу арзишманд аст, миллату давлати мо огаҳанд ва мардуми азизи Тоҷикистон хурду калон имрӯз ба ин неъматҳо арҷ мегузоранду хидматҳои наҷибу бузургу мондагору пурифтихори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозанд.

Ардамеҳр Ашуров, ходими пешбари илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Тоҷикон аз қадимулайём дорои тамаддуну русуме мебошанд, ки асоси онро меҳру муҳаббат, меҳмоннавозиву меҳмондорӣ ва ҷасороту фасоҳат ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, гузаштагону ояндагони ин қавм бо илму маърифат буда, то имрӯз бузургон аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Айниву Турсунзода, Лоиқу Гулназар, Фарзонаву Гулрухсор дар байни халқҳои олам маъруфу машҳур мебошанд. Дар ин зимн, ин ҳама фазлу каромату шаҳомату ҷасорат дар даврони истиқлолият дубора эҳё гардида, заминаҳоро дар худшиносиву худогоҳӣ фароҳам оварда истодааст.

Зимнан мардуми сайёра чун мавҷҳои дарёии пурталотубе ба суи манзили худ равон-давонанд, ки аз зебоиву карашмаҳои ин дунёи рангоранг шаҳодат медиҳад.

Аммо бо вуҷуди ҳамаи он бештари мардумони олам аз як чизи бениҳоят гаронбаҳову пурганҷ маҳруму бенасибанд, ки номаш “Сулҳ ва Ваҳдат” мебошад.

Мо мардуми Тоҷикистон шукрона аз он менамоем, ки бо доштани фарҳангу тамаддуни башардӯстӣ ва меҳрубонӣ бо талошу бедорхобиҳо ва дарки эҳтирому эътирофи инсонгароӣ тавонистем ин ганҷро дарёфта, дар сояи он озоду ободу ором умр ба сар мебарем. Инак мо дар арафаи 27-умин солгарди таҷлили “Ваҳдати миллӣ” қарор дорем, ки мавҷҳои он монанди баҳор табиатро зебову хуррам намуда, сокинонашро шарафмандона ба суи манзил роҳнамоӣ мекунад.

Набояд фаромӯш кард, ки бо зиёд шудани масоили глобалӣ рафтору муносибатҳо байни аҳли сайёра шаклҳои дигар гирифта, қадру қимат ва арзиши инсон ва ҳимояту ҳифозати он коҳиш ёфта, ё қариб, ки аз байн рафта аст. Ин ҳама хушунату ошубҳо моро бори дигар огоҳ менамояд, ки мо бештар ба қадри Ваҳдат, арзишу аҳамияти сулҳ ва оромӣ расида, аз ин неъмати бебаҳо ҳеҷгоҳ ношукриву носипосӣ набояд кард.

Бояд зикр кард, ки Сулҳу Ваҳдат аз мафҳумҳои хело муҳатараманд, ки озодӣ, оромиву ободӣ, истиқлолу истиқрору созандагии давлату миллатро поягузорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, фазои сулҳу дӯстӣ пайки озодиву оромиву ободӣ ва таҷассумгари хуррамиву хушҳолӣ ва пояҳои асосии ватандӯстӣ ба ҳисоб мераванд, ки халқу миллати моро ба сӯи дарку шинохти ҳуввияти миллӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Басо зебову бамаврид қаҳрамони миллат устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳ, вассофи дӯстӣ ва меҳрубонӣ моро аз сулҳофаринӣ огоҳ намуда, чунин ибрози андеша кардааст:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беоромӣ рӯзафзуни дил.

Дар ин зимн, бояд тасдиқу таъкид кард, ки сулҳу сулҳдӯстӣ ва Ваҳдаду ҳамбастагӣ аз неъматҳои бузурги илоҳӣ ва арзишҳои инсонӣ буда, кафили пешрафти зиндагии шоисаи мардум мебошанд.

Бояд зикр кард, ки ин неъматҳо худ аз худ ва ба осонӣ дасраси мо нагардида, балки барои ба даст овардани инҳо, мардуми мо дар солҳои мушкилтарин аз ақлу хиради солим коргирифта бо роҳнамоиҳову ҷонфидоиҳои роҳбари кишвар, ватану миллати худро дар роҳи сулҳу созандагии меҳан ҷонгусорӣ ва фидокорӣ намуда, шаъну шарафи хешро дар байни ҷаҳониён ҳифз карда, мактаби сулҳофарину созандагиро поягузорӣ карданд, ки то имрӯз он чун намунаи ибрат барои тамоми аҳли дунё ва хусусан чун намунаи нодирӣ сулҳофаринии дар хатмашйи СММ пазируфта шуда, боқӣ мондааст.

Мавриди зикр аст, ки ин ҳама натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари ҷасуру дилсӯз ва мардони баномусу нанги миллат мебошад, ки сокинони кишвар дар сояи амну суботу осоиштагӣ умр ба сар бурда, аз шомил шудан дар радифи амнтарин кишварҳои ҷаҳон ифтихор менамоянд. Бо чунин талошу муборизаҳо ва эҷоди мактабу сулҳу созандагӣ ва Ваҳати миллӣ Тоҷикистон равобити ҳасанаашро бо ҳамаи кишварҳои дунё ба ҳайси кишвари комил ҳуқуқи узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда, онро таҳкиму тавсеа бахшида, чун яке аз ташаббусокорони муҳим нақши калидӣ мебозад. Мояи ифтихор аст, ки Тоҷикистони муосир аз кишварҳои бостонӣ, фаровон аз манобеи табиӣ ва зебоест, ки аз ҷониби муаррихон ва минтақашиносон ва давлатҳои Шарқи Миёна чун минтақаи «Мовароуннаҳр» ва ё “Трансоксиана” шинохта шуда, дорои фарҳангу маданияти олӣ маъруфиат дорад.

Дар Осиёи Марказӣ тамаддуни фарҳанг ва ҷойҳои таърихии гуногун дида мешавад, ки бинандаро ба худ ҷалб мекунад.

Ба муносибати 28-мин солгарди созишномаи Истиқрори сулҳ ва арҷгузории ба ин рӯзи тақдирсози миллат моро зарур аст, то бештар аз арзишҳову созандагиҳои он бигӯему бидонему бихонем.

Вожа ё калимаи Истиқрор аслан калимаи арабиасос буда, дар асоси решаҳои забон маънои хоссеро ифода мекунад ва дарки дурусти он муҳим мебошад. Нависандаи сатрҳо чун донандаи забонҳои шарқӣ раво медонад то ин истилоҳро ба хонанда шарҳу тавзеҳ намояд.

Мавриди зикр аст, ки забони арабӣ яке аз забонҳои муҳими олам ба шумор рафта, таснифоту таълифоти зиёде тавассути ин забон то имрӯз навишта шудааст, ки аз гӯзаштаи таърихии он шаҳодат медиҳад. Тибқи қонунҳои граматикии забони арабӣ ҳар калима ё вожае, ки бо ҳарфҳои «ист» оғоз мешавад, мафҳум ё маънои талаб карданро ифода мекунад. Дар забони арабӣ тамоми вожаҳое ки бо «ист» оғозшуда ба бобҳои даҳгонаи салосии мазид дар сарфи забони арабӣ, ки бо афзудани дар оғози феъли муҷаррад сохта шуда, маъни дархости чизе кардан ва хостори он чиз гардиданро ифода менамояд, чунонки вожаи истихроҷ ба маънии берун овардан омада, дар вазни Истифъол омадааст, ки арабҳо барои талаб кардани чизе ё шахсе кор мефармоянд.

Мувофиқ ба ҳамин дастуруламал калима ё вожаи Истиқрор дар вазни истифъол омада, аслан аз решаи калимаи истақарра ястақирру истиқроран маншаъ гирифта, дар китобҳои фарҳанги луғат маънои қарор гирифтан, қарор ва субот варзидан баҷое, по барҷо шудан, ҷо гирифтан, устувор шудан ва ором гирифтанро ифода мекунад.

Бо дарки дуруст ва фаҳми маънову маҳфуми вожаи истиқрор мо аз арзишу қимати сулҳу созандагӣ ва Ваҳдату ҳамбастагӣ хубтар огаҳӣ ёфта, онро чун васила дар шинохти ҳуввияти миллӣ меҳисобем. Зеро маънои асосии он ишора ба қавм, миллат ё давлатест, ки барои боқӣ мондани худ талаби устувор ва ором монданро мекунад.

Ҳамин тавр, ҳамасола санаи 27-ум июн мо мардуми Тоҷикистон бо як меҳри хос вожаи пурасрори Истиқрор ва арзишу маконати он бештар таваҷҷӯҳ менамоем. Дар даврони истиқлолият мо тавонистем тавассути ҳифзу ҳимояи Истиқрор ба пешрафтҳои зиёде ноил шуда, онро чун рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил намуда, қадрдонӣ мекунем. Зеро мову шумо баъди чандин солҳои бесарусомониву бесоҳибӣ, дарбадариву оворагӣ дар ин диёри пурфайзу пуроб мактаби сулҳу созандагиро сохта, поя гузошта, ба ҷаҳониён сулҳҷӯию фарҳангдӯстии худро исбот кардем. Имрӯз мову шумо дар зери сояи Ваҳдати миллӣ ва вожаи Истиқрор умр ба сар бурда, бо фарорасии он пайваста рӯҳу равон ва муждаи тоза гирифта, дар фазои ватандӯстӣ зиндагӣ мекунем.

Хулоса, санаи 27 июн соли 1997 – Имзои созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон дар натиҷаи чандин гуфтушунидҳо дар кишвари Русия ба имзо расида, саҳифаи навинеро дар таърихи миллати мо эҳё кард. Ин саҳифаи тақдирсозу созандаи ноёби кишвар пайваста бо роҳнамоиву ташаббусҳои Президенти кишвар ва ҳамбастагии ҷомеа имконият фароҳам овард, ки мо дар роҳи бунёди давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор гузошта, ба натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардидем, ки аз корҳои дуруст шаҳодат медиҳад.

Ташаббусҳои миллӣ ва фаромиллӣ бо барномаҳои созандагӣ ба мо роҳро ба суи фардои нек ва зиракиву худшиносӣ роҳнамоӣ намуд. Мову шумо ҳамарӯза бо чашму гӯш мешунавему мушоҳида мекунем, ки дар аксари манотиқи ҷаҳон аз надоштани Истисқрор ва озодиву оромиву ободӣ азияту ранҷ кашида, дар вартаи ҳалокат ва гирдоби печанда қарор доранд.

Ҳамаи ҳаводиси рӯз, чолишҳо геополитикӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, даҳшату ваҳшати мардуми сайёра моро водору огоҳ месозад, то қадри Истиқрор ва оромии Ватан ва Ваҳдати миллӣ бештар дониста, ҳамеша саъюу талош намоем, то мактаби сулҳу созандагиро ҳушёронаву зиракона ҳифз намуда, нагузорем чашми ҳасудону нохалафон ба он зарар расонад.

Баҳри Ваҳдату якпорчагӣ аз барномаҳои созандагии кишвар кор гирифта, шукрона аз он кард, ки чунин диёри пурфайзу пурамн дорем ва ё ба қавли олим ва ориф Мирзоюсуф Фозилзода онро чун гавҳари ноёб ҳамеша зери парчами Ваҳдат ҳифз намоем:

Бе иттиҳод меравад аз байн мулки мо,

Хоҳед агар давому бақо муттаҳид шавед...

Аз шеъри мавлавию зи осори Буалӣ,

Бар ҷисму ҷон намуда даво муттаҳид шавед...

Душман ҳамеша дар пайи тафриқи миллат аст,

Бар рағми душманони дағо муттаҳид шавед.

Дар ниҳоят бояд таъкид намуда, ки мо аз доштани мактаби сулҳу созандагӣ ифтихор намуда, Истиқрору Ваҳдати миллӣ ва сарватҳои маънавию моддии онро оқилона истифода карда, миллатдӯстиву хештаншиносиро таҳким бахшида, ҳаргиз нагӯзорем то дубора ба коми ваҳшату даҳшат афтад ва бо таъкиду ташвиқи Президенти кишвар "мардуми шарифу ватандӯст ва сулҳхоҳу сулҳпарвари Тоҷикистон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ба қадри сулҳу оромӣ ва суботу амнияти сарзамини аҷдодӣ расида, ҳаргиз нагузоранд, ки ин кохи пурҷалоли миллат, яъне истиқлолияту ваҳдат газанд ёбад" саҳми созанда гузошт.

Бояд таъкид кард, ки дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 Тоҷикистон оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад. Дар партави суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан борҳо аз минбари баланди СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳо ва амнияти умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро аз нигоҳи Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.

Ҳамин тариқ, баҳри мубориза ва пешгирӣ аз хатарот ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбати пешниҳоди нави роҳбари Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад. Роҳбарияти кишвари Тоҷикистон пайваста дар пайёму пешниҳод аз хираду ҳимояи инсоният зери шиори "Бани одам аъзои якдигаранд" кор гирифта, пайваста талош менамояд, то сулҳу созандагӣ ва дӯстиву ҳамсоягӣ ҳифз гардида, аҳоли ҷаҳонро аз хатару таҳдидҳо муштаракона наҷот дод, ки қарзи имонӣ ва рисолати башарӣ маҳсуб мебошад ва ё ба таъкиди Президенти кившар «Имрӯз мо шоҳиди афзоиши низоъҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҳастем, ки садҳо ҳазор талафоти ҷониро байни аҳолии осоишта дар пай доранд». Ҳамзамон таъкид намуданд, ки роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шаванд. «Вақти он расидааст, ки мо аз иқдоми муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем».

Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Тиргон баробари ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми эронитабори бостон аст ба шукронаи раҳоӣ аз хушксолӣ ва ҳифозати марзҳо, ки ҷашни он дар сездаҳуми моҳи тир (якуми июл) баргузор мегардад.

Дар кишвари мо ҳам, бо ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, бо ташаббусу заҳматҳои зиёди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашнҳои фарҳангию таърихии бостонии тоҷикон ба мисли Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз нав эҳё шуданд ва бо истиқболу ҷашнгирии ин маросимҳои фарҳангии арзишманди гузаштагонамон аз нав муяссар гардид, ки ин дар ҳувияту худшиносии миллии мардуми кишварамон низ нақши босазое хоҳад дошт.

Дар боби ба вуҷуд омадани ҷашни Тиргон чанд ривояте зикр шудааст, ки инҷо ба яке аз он ривоятҳо ишора мекунем. Тиргон дар гиромидошти ситораи Тиштар, ки бо унвони ситораи бороновар дар сарчашма ва фарҳанги тоҷику форси даврони бостон машҳур буд, гузаронида мешуд. Дар ойини Меҳр ва ё митроизм, зардуштия ва сарчашмаҳои таърихӣ «Бундаҳишн», «Динкард» ва ҳамчунин дар «Авесто» дар бораи Тиштар ва мавқеияту иртиботи вай бо олами ҳастии заминӣ ва дигар ахтарони осмонӣ ривояту матнҳои зиёде вуҷуд дорад.

Ҷашни Тиргон дар фарҳанги бостонии тоҷикон ҷашни тобистонии табиат мебошад ва чунонки дар боло зикр гардид, дар ибтидои моҳи июл, ки ба 13-уми тирмоҳ мутобиқат мекунад, оғоз мегардад. Ин ҷашн дар шаҳру вилоятҳои Эрон дар канори дарёчаҳо ва чашмаҳо, ҳамроҳ бо базмҳои вобаста бо обу обпошӣ ва орзуи боридани борону покии дарахту гиёҳони рӯи замин, бо нияти аз байни бурдани касофату разолатҳо ва монанди инҳо гузаронида мешавад. Дар айни ҳол мардум дар ин маросим бо пошидани об ба якдигар орзӯи боридани борон, баракати осмонӣ ва наҷот ёфтан аз хушксолию неруҳои бад мекунанд.

Дар бисёр сомону бумсорҳо ва маҳалҳои тоҷику форснишин садҳо сол аст, ки ин маросими ҷашнӣ бо равиши бошукуҳ дар оғози тирмоҳ баргузор мегардад, ки маросими об пошидан ба якдигар бо дуо ва дархости дар давоми сол бориши борони матлуб ва дур будан аз хушксолӣ, аз муҳимтарин саҳнаҳои ин ҷашн ба ҳисоб меояд.

Дар байни мардум ва сарчашмањои таърихӣ ривояте дар робита бо ситораи Тиштар, ки «фаришта»-и боронаш мегӯянд ва он рамзи муборизаи неруи некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар зулмот, ростӣ бар дурӯғ аст, вуҷуд дорад. Аз ин ҷо, Тир исми изади борон дар асотири эронитаборони бостон аст. Махсусан дар «Авесто» бахши «Тир Йашт» пурра дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар дар ҳастии ҳаёт дар рӯи замин ва наҷоти он аз офату бадбахтиҳои пешомади аҳриманӣ бахшида шудааст. Албатта, дар ин ҷо, агар қисса каме ба шакли устуравӣ бошад ҳам, вале донишмандони дунёи бостон, дар шахси Зардушт ва пайравони ӯ тавонистаанд, иртиботу ҳамоҳангии кайҳони осмонӣ – ахтарон ва саёраҳои онро бо олами заминӣ – маъданӣ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ хуб муаррифӣ кунанд. Аз ин ҷо, бар меояд, ки онҳо худро аз хурофот канор гирифта, дар паи кашфи воқеият ва беохирии дунёи ҳастӣ қарор додаанд.

Дар «Авесто» дар кардаи якуми бахши «Тир Йашт» дар бораи сифату хусусиятҳо ва нақши ситораи Тиштар омадааст: «Тиштар – ситораи ройуманди фарраманд ва Сатависи обрасони тавоно… Тиштар – ситораи бахшанда, фурри сафедафшони дурахшони дармонбахши тезпарвози тобону рушноии покафшон… Тиштар – ситораи ройуманди фарраманд, ки тухмаи об дар ӯст». Аз ин рӯ, Тиштар – ҳаётбахшанда аз осмон ба замину хок ва обу гиёҳу чашмаҳои об ва кулли ҳастии рӯи замин ва оварандаи соли хушу хушбахтиҳо барои тамоми мавҷудоти заминӣ ва аз он ҷумла инсонҳо мебошад.

Бо ин навиштаи мухтасар дар бораи ҷашни Тиргон умедворем, ки мардуми сарзамини мо дар оянда бо огоҳӣ ин маросими ҷашнии баракату раҳмати ҳаётбахшро бо хушнудӣ ва тантана пешвоз мегиранд ва аз заҳмату талошҳои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ин фарҳангҳои бостонӣ, ки аз ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ доштани мардуми тоҷик гувоҳӣ медиҳад, қадрдонӣ мекунанд.

Муродова Тоҷинисо – н.и. фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи таќдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва неруҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодии давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддї ворид намуд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронї ба вуҷуд оварда шуд.

Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ бо намояндагони мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷат имзо гузоштанд.

Дар бораи аҳамияти имзои ин санади муҳим Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтақа барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Имрӯз Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиш дар Донишгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Кения табдил ёфтааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳомез ва эҳтироми арзишҳои башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд.

Тоҷикистон имрӯз бо зиёда бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Дар кишвар стратегияҳои калидии рушди миллӣ — аз ҷумла, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — пайгирона амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо меваи ширини Ваҳдати миллӣ аст.

Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагию ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳию худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Истиқлолият бошад ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва ҷовидонаи миллат шуруъ намоем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо мањз бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд.

Дар ин росто зарур мешуморем, ки дар бораи нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ниҳоди сарварӣ дар пойдор намудани ваҳдати миллӣ қайд намоем.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд. Ин иҷлосия ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

Дунё бори дигар баъди ба даст овардани истиқлол, сарзамини тоҷикро бо симо ва номи аслии худаш – Тоҷикистон, њамчун миллати бузурги соҳиби номаи худшиносӣ, Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ шинохт.

Зикр намудан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст.

Ҳоло инсоният бо хатару таҳдидҳои мутлақан нав дучор гардидааст, ки масъалаи ваҳдати миллиро боз муҳимтар ва мубрамтар намудааст.

Аз дидгоҳи он, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтақа аз доираи таъсир берун буда наметавонад. Фазои минтақа тақозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурқувват карда шавад.

Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро дар баъзе кишварҳо гурӯҳҳои ҷаҳолатпарасту мутаассибе паноњ гирифтанд, ки зери ниқоби ислом метавонанд ҳар лаҳза амният ва суботро барҳам зананд.

Тавре ки профессор Ятимов С.С дар мақолаи таҳлилии худ қайд менамояд, ки ҷаҳолату таассуб 13 давлатдории тоҷиконро барҳам задааст!

"Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад. Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод.

Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб қатъан ҷаҳолат мебуд.

Аммо бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин давлат барқарор ва пойдор шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз шуд.

Ҳамин тариқ, мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро бо сарварии Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ кардем.

Мо ин ҷашни муқаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз кунем. Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Неъматов И. Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т., дотсент

АДАБИЁТ

1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих – Душанбе, соли 2006.

2. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, иборат аз 10 ҷилд. – Душанбе (солҳои 2000-2011).

3. Набиева Р.А., Зикриёв Ф.Б., Зикриёева М.Ф. Таърихи халқи тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI - Душанбе. 2009 с.

4. Намоз Ҳотамов, Давлатхоҷа Довудӣ, Сайфулло Муллоҷонов, (Маъруф Исоматов) Таърихи халқи тоҷик «Эр- граф». Душанбе. 2015 с.

5. Луқмонов Т., Қурбонов Б. Таърихи халқи тоҷик. «Матбуот». Душанбе. 2015 с.

6. Яъқубов Ю. Тоҷикон- Душанбе. 1996 с.

7. Ятимов С.С. «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ», маҷаллаи "Илм ва ҷомеа" № 2 соли 2019.

8. Зафар Сайидзода, Фаридун Саидов. Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Размон ва рушди устувори Тоҷикистон. – Душанбе – 2002 с.

9. Иброҳим Усмон. Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон. Душанбе, 2016 с.

Имрӯз ҷаҳон дар давраи мураккабшавии сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ қарор дорад. Дар марҳилаи муосир бархурди минфиатҳои давлатҳои абарқудрат, ки боиси буҳрони Украинаю Руссия, Исроилу Фаластин, Лублон, Эрон ва байни Ҳиндустон ва Покистон масъалаҳои ҳудудӣ, сарҳадӣ ва обӣ мавҷуд аст, ки то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Ду кишвар дорои яроқи ҳастаӣ мебошанд ва ин раванд агар идома ёбад эҳтимолан яроқи ҳастаӣ истифода гардад ва таъсиру оқибатҳои ногуворро ба бор орад. Ҳамзамон кишварҳои дар болозикр шуда, дар роҳҳои обии тиҷорати ҷаҳонӣ ҷойгиранд, ки ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири бевосита мегузоранд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки оқибатҳои ташаннуҷи навбатии миёни ишварҳо буҳрони иқтисодии ҷадидро ба вуҷуд меорад. Дар баробари он дигар низоъҳои минтақавӣ вуҷуд дорад, ки дар ҳалли он кишварҳои манфиатдор ба ду блоки сиёсӣ тақсим шудаанд. Ин ба мушкилоти ҷидди ба сари инсоният оварда мерасонад. Буҳрони Ховари Миёна, ки дар чорроҳаи тиҷоратии обӣ ба Аврупо воқеъ аст, ба вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ махсусан роҳҳои тиҷоратии обӣ таъсири калон мерасонад. Дар баробари он, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ ҷаҳон аз сар гузаронида истодааст. То ҳол бархе аз кишварҳо дар мушкилотҳои дар боло зикр шуда, мавқеи ягона надоранд. Аз ҷониби дигар бархе аз кишварҳо нисбати низоми муносибатҳои байналмилалӣ беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Мушкилоти ҷаҳонӣ масъалаҳое мебошанд, ки ба манфиатҳои ҳаётии тамоми аҳолии сайёра таъсири калон мерасонад. Инчунин барои ҳалли онҳо талошҳои муштараки ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро талаб мекунад. Имрӯз низоъҳои минтақавӣ ба мураккабшавии вазъи сиёсии ҷаҳон ва ба бетартибии низоми ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, сулҳпарвар ва ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои ҷомеаи башарӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Бояд қайд кард, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ҳалли маъалаҳои марбут ба масъалаҳои ҷаҳонӣ пеш аз ҳама тағйирёбии иқлим, оби ошомиданӣ, обшавии пиряхҳо ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳони муосир равона гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷрибаи бузурги сулҳофаринӣ, барои рафъи низоъҳои сиёсӣ ва бархӯрдҳои мусаллаҳонаи минтақавию ҷаҳонӣ вокуниш нишон дода, ҷонибдори тариқи муколамаи созандаи ҳалли тамоми масъалаи сайёравӣ мебошад, ки онро мо метавонем, шартан ба дипломатияи сулҳҷӯёнаи дохилӣ, байналмилалӣ ва минтақавӣ тақсимбандӣ кунем.

Дипломатияи сулҳҷӯёнаи дохилӣ.

Ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст. Созишномаи умумии сулҳ, ки дар соли 1997 мебошад, ки барои сулҳи минбаъда мусоидат кард. Созишномаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҷангро анҷом диҳад ва роҳи таҳкими сулҳро оғоз намояд. Музокироти тоҷикон, ҳарчанд ки мушкил ва тӯлонӣ гардид, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи тақдирсозе буд. Дар ҷараёни гуфтушунид, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт ва тарафҳо 21 маротиба сари мизи музокира нишастанд, 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳим ба имзо расид[6.С-34]. Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди сулҳ барои фаҳмидани мушкилиҳои барқарорсозӣ ва эътидоли баъдиҷангӣ як мисоли ҷолиберо фароҳам меорад. Аз нуқтаи назари пажӯҳишгарони аврупоӣ, аз таҷрибаи сулҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модели сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд ғояи калидӣ бармеояд:

- Гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоъҳои шаҳрвандӣ ба суботи нисбӣ нақши муҳимми муколама ва музокироти фарогирро дар бунёди сулҳ таъкид мекунад.

- Муваффақияти раванди сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор - чӣ фаъолони сиёсӣ ва чӣ фаъолони шаҳрвандиро барои талошҳои бунёди сулҳ тарғиб менамояд[4].

Дар барномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Коста-Рика ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ барои дипломатҳо, инчунин дар Донишгоҳи давлатии Москва ҳамчун даври омӯзишии махсус барои магистрҳо таълим дода мешавад. Пажӯҳишгоҳи сулҳу амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Гамбурги Олмон дар асоси барномаи чандсола раванди сулҳи тоҷиконро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дипломатияи сулҳ конференсия ва ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоқикистон баргузор гардид [2]. Аз ҷумла аз 23 то 27 – уми ноябр дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа таҳти унвони “Ҷустуҷӯи сулҳ, мусолиҳа ва таҳаммулпазирӣ” конференсияи байналмилалии байнипарлумонӣ баргузор шуд. Дар он раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода доир ба “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши он дар таъмини ҳамзистии сиёсӣ-иҷтимоӣ” суханронӣ намуд[3]. Маврид ба зикр аст, ки Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таҷрибаи тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои беҳтарини дастрасӣ ба сулҳу ризоияти миллӣ дар низоъҳои дохилӣ муаррифӣ намуд.

Дипломатияи сулҳҷӯёнаи байналмилалӣ.

Ташаббуси Президенти Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва устувории ин раванд барои наслҳои оянда як иқдоми муҳим ва ҷиддии сиёсӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳалаи ранҷу заҳмати кишвар, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳалли сарҳад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад, зарурати таҳкими сулҳро бори дигар ба тамоми ҷомеа ҷаҳонӣ расонид. Сулҳ ҳамчун яке аз арзишҳои давлатдории миллӣ эътироф шуда, ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” бо мақсади мустаҳкам кардани заминаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин барои наслҳои оянда бо мақсади эҷоди муҳити амн ва осоиштагӣ равона карда мешавад.

Дипломатияи сулҳҷӯёнаи минтақавӣ.

Яке чунин таҷрибаи минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мулоқоти сарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзи 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, як рӯйдоди муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ гардид. Ин чорабинӣ нишон дод, ки ҳамкориҳо метавонанд сулҳи пойдорро таъмин намуда, рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд оранд. Баъди анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон, ки дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт, дар ҳамин ҷо маросими имзо ва мубодилаи санади муҳимми таърихӣ-Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ баргузор гардид. Ҳамин тариқ, Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон низ дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ карда шуд. Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд, чунин санадҳои таърихӣ ба тасвиб расонида шуданд:

-Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон;

-Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ»;

-Созишномаи байниҳукуматӣ «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингарад».

Санадҳои мазкур аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ба имзо расиданд, ки бори дигар ташаббускорию пешсафии кишвари моро дар масири сулҳу осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмиву рафоқат бо ҳамсоя кишварҳо бозгӯ менамоянд[5].

Ҳамин тариқ, Ташаббуси “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва ҳалли масъалаҳои сарҳадии садсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Дар доираи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” бошад, дар минбари СММ метавон иброз намуд, ҳалли масоили сарҳади кишвар бо Чин, Қирғистон ва Узбекистон ин нашонаи амалишавии дипломатияи ҷаҳонии сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ирода ва сиёсати дурандешонаи роҳбарони кишварҳо буд, ки имрӯз водии Фарғона яке аз минтақаҳои даргир ба минтақаи сулҳ табдил ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори барҷаста ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ин модели нави сулҳофаринии роҳбарони давлатҳо буда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Мушкилоти Кашмир солҳои зиёд боиси танишҳои лафзиву низомии Покистону Ҳиндустон ва Ҷумшурии Мардумии Чин гардида, минтақаи Осиёи Ҷанубиро доимо ба оташи ҷангу бенизомӣ табдил додааст. Нишасти сегонаи шаҳри Хуҷанд ба тамоми стереотипҳои водии Фарғонаро хотима бахшида, ба модели нави сулҳофаринӣ дар ҳалли масалаи сарҳадӣ табдил ёфт. Стереотипҳои водии Фарғона ба стереотипҳои Кашмир монанд ва хеле наздик аст. Аз ин ҷиҳат метавон иброз намуд, ки ки ҳалли масалаҳои Кашмир миёни се кишвари таъсиргузор Покистон, Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳал карда шавад.

Ҳамзамон, барои истифодаи ҳалли буҳрони сиёсӣ ва ҳарбӣ зарурати истифода ба роҳҳи гуфтушинид дар доираи ташкилотҳо, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва БРИКС аз ҷониби кишварҳои таҷрибадори сулҳ модели татбиқи “сулҳ барои наслҳои имрӯзу оянда” пешниҳод карда шавад. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва шахсоне, ки дар раванди ҳалли сарҳадҳо иштирок доштанд, дар доираи созмонҳои мазкур модели нави сарҳадро пешниҳод намоянд.

Соҳиби Баҳруло, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Файзуллаева Нигора Негматовна,

ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Аз роҳи Оли Сомон омад паёми Ваҳдат,

Бо ёди Ҷоми Ҷам шуд лабрез ҷоми Ваҳдат,

Бо осмон бипайваст овои рушони дил

Дар нуги бомдоди ғаркид шоми Ваҳдат.

Халқи пареш бо ҳам омад зи даври олам,

Зад парчами бузург аз нав ба боми Ваҳдат.

Зоғи ғаму ҷудои аз мо париду бигзашт,

Мурғи саодат акнун хонад давоми Ваҳдат.

Дар замони муосир мо миллати сарбаланди тољик бояд як нуктаи асосиро набояд фаромӯш кунем, ки сулҳу оромӣ ва якдилӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз мебошад.

27 июни соли 1997 — пас аз 8 давра гуфушунид (аз солҳои 1994 то 1997) миёни Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 5 майи соли 1992 то 27-июни соли 1997) беш аз 100 ҳазор нафар кушта ва тахминан 1 млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт, дар ба дастовардани ин неъмати таърихии бебаҳо саҳми фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо калон аст.

Сулҳу Ваҳдат иборањое мебошанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдӯст будан мебошад. Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ дошта метавонем.

Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки насли навраси мо зери идеологияи худогоҳии миллӣ тарбият ёбад.

Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Хулоса кардан мумкин аст, ки самараи ваҳдати милллӣ ва талошҳои бевоситаи Роҳбари Олии кишвари азизамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯҳо мардум тоҷик ба комёбиҳо ва дастовардҳои беназир даст ёфт.

Қурбоналӣ Партоев, Ходими илмии Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растании ИБФ ва ГР АМИТ

Бахтовар Сатторов, мудири Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растании ИБФ ва ГР АМИТ

Ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.

Эмомалӣ Раҳмон

123123Поя ҳастии ҳар давлат аз ваҳдат аст. Търих говоҳ аст, ки тоҷикон аз аввлин маллатҳое мебошад, ки маҳорат ва фарҳанги олии давлатдорӣ доранд. Ҳар давлате, ки тоҷикон дар марҳилаҳои гуногуни тарихӣ сохтаанд пояи асосиаш аз ваҳдат буд. Дар ҳар давлате, ки тоҷикон сохта буд дар он якдилӣ, баробарҳуқуқӣ, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ ва хусусан маорифпарварӣ рушду нумӯи олӣ дошт. Имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати пешгирифтаи ҳукумат аз сулҳпарварӣ, адолатпарварӣ ва маорифпарварӣ сарчашма гирифтааст.

Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст”. Воқеан ҳам, ман хуб ёд дорам, ки аз рӯзи аввалини ба даст овардани истиқлолият то рӯзи муҳимму таърихӣ – Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расидан чӣ рӯзу рӯзгор доштем. Дар Тоҷикистон парешонии миллат, бародаркушӣ, гуруснагӣ ва норасогиҳои даҳшатвор дар ҳамаи соҳаҳо ҳукмфармо буд.

Инчунин Пешвои муаззми миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст”. Бале, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамаи соҳаҳо бу суръати балан рушду нумӯ карда истодааст ва мавқеъи ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ чун ситораи дурахшон маълуму намоён аст.

Файзи ваҳдат аст, ки иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон хуб пазируфта ва эътирофу амалӣ мегарданд ва ин амалиётҳо дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ нақши аввалиндараҷа доранд. Инчунин дар ин давраи тиллоӣ корҳои беназире ба анҷом расидаанд, ки ҳастии миллати азизамонро дар дунё устуво мегардонад.

Масалан дар давраи сулҳу субот ворид шудани объектҳои таърихиву табии ва фарҳангии тоҷикон ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО. Ҳамаи ин иқдомҳо, гузоришҳои Пешвои муаззми миллат Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, сотумонҳои азим, ворид шудани объектҳои таърихиву табии ва фарҳангии тоҷикон ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва дигар масъалаҳои глобалӣ ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки ҳар якашон барои миллат ва давлати азизамон умри садсолаҳо мебахшанд.

Ногуфта намонад, ҳастанд баъзе гуруҳҳо ва ашхоси ифротиву душман, ки ба ҳаргуна ҳарзагӯиҳои беасос машғуланд. Дар ин бора ҳаминро донистан лозим аст, ки ин гунаҳо на ин ки мавқеи Тоҷикистон ва иқдомҳои онро дар ҷаҳон, балки мавқеи худашонро дар зиндагии худашон намедонанд ва ҳатто гап дар бораи чӣ меравад сарфаҳм намераванд. Мантиқан асоснок аст, ки ҳар як амали ин гунаҳо қувватамонро дар ҷавоб нисбатан зиёд ва қадамҳоямонро дар ободиву шукуфоии ватани азизамон устувортар мегардонад.

Бинобар ин “таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад”.

Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон муборак бошад.

Ходими пешбари илмии ИБФГР АМИТ, н.и.б., Қобилов Ю.Т.

Дар ҳошияи расидан ба ҳадафҳои “Солҳои 2025-2030 - Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”

Низомҳои ҳуқуқии танзими зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence, AI) дар давлатҳои Осиё ва Аврупо аз арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои фалсафӣ ва афзалиятҳои сиёсии ин минтақаҳо манша мегиранд. Дар Осиё, кишварҳое чун Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон равишҳои мухталифе пеш мегиранд, ки аксар вақт ба амнияти миллӣ, гармонияи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд. Дар Аврупо, Британияи Кабир, Олмон ва Фаронса ба инсонмарказӣ, шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд.

Дар Осиё низомҳои ҳуқуқии танзими зеҳни сунъӣ аз манфиатҳои ҷомеа ва рушди иқтисодӣ сарчашма мегиранд, ки ин равишҳо дар ҳар як кишвар хусусиятҳои худро доранд:

1. Қонунгузории Чин, аз қабили “Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ” (PIPL) ва “Чораҳои муваққатӣ барои идоракунии хидматҳои зеҳни сунъии тавлидшуда”, ба амнияти миллӣ ва рушди саноатӣ нигаронида шудааст. Тарҳи “Қонуни зеҳни сунъӣ” дар оянда ин равишро бо таъкид ба арзишҳои иҷтимоӣ идома хоҳад дод. Масалан, системаи кредити иҷтимоӣ дар соли 2023 ба 1.4 миллиард нафар таъсир расонд, аммо масъалаҳои махфиятро ба миён овард.

2. “Принсипҳои иҷтимоии зеҳни сунъӣ” ва “Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ” ба бехатарӣ, ҳамзистии инсон ва робот ва инноватсия тамаркуз доранд. Тарҳи “Қонуни зеҳни сунъӣ” равиши чандирро бо стандартҳои байналмилалӣ пеш мебинад. Дар соли 2024, роботҳои иҷтимоии Pepper дар 2,000 муассисаи тиббӣ истифода шуданд, ки муоширати инсониро 20% коҳиш дод.

3. “Қонуни асосии зеҳни сунъӣ” ва “Қонуни ҳифзи маълумоти шахсӣ” ба мувозинати инноватсия ва манфиати ҷомеа нигаронида шудаанд. Тарҳи навбатии қонун ба дастгирии стартапҳо ва стандартҳои ҷаҳонӣ равона шудааст. Дар соли 2023, 30% стартапҳои зеҳни сунъӣ дар Сеул сармоягузорӣ шуданд.

4. “Қонуни технологияҳои иттилоотӣ” ва “Қонуни ҳифзи маълумоти рақамӣ” зеҳни сунъиро танзим мекунанд, вале мушкилоти бюрократӣ ва дастрасӣ ба технология ҳанӯз боқӣ мондаанд. Ташаббуси Startup India дар соли 2023 ба 500 стартап кӯмак расонд, аммо 60% аҳолии рустоӣ ба технология дастрасӣ надошт.

Ба андешаи мо, низомҳои ҳуқуқии Осиё ба рушди иқтисодӣ ва манфиати умум нигаронида шудаанд, вале масъалаҳои махфият ва нобаробарӣ ҳанӯз ҳал нашудаанд.

Дар Аврупо низомҳои ҳуқуқӣ ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, шаффофият ва инсонмарказӣ тамаркуз доранд:

1. “Регламенти умумии ҳифзи маълумот” (GDPR), “Қонуни зеҳни сунъӣ” (AI Act), “Қонуни хидматҳои рақамӣ” (DSA) ва “Қонуни бозорҳои рақамӣ” (DMA) ба шаффофият, адолат ва пешгирӣ аз хатарҳо нигаронида шудаанд. Тарҳи “AI Act 2.0” дар соли 2025 ба танзими зеҳни сунъии тавлидшуда равона шудааст. Дар соли 2023, GDPR ба 500 ширкат ҷаримаи 1.7 миллиард евро баст.

2. “Қонуни ҳифзи маълумот” ва Принсипҳои ахлоқии CDEI равиши чандирро пеш мебаранд, ки ба инноватсия ва ахлоқ нигаронида шудааст. Тарҳи “AI Bill” дар соли 2025 бюрократияро коҳиш медиҳад. Дар соли 2024, 200 ширкат тавсияҳои CDEI-ро риоя карданд.

3. GDPR, AI Act ва “Қонуни бехатарии маҳсулот” зеҳни сунъиро дар саноат танзим мекунанд, бо таъкид ба бехатарӣ. “AI Made in Germany” дар соли 2025 рушди саноатиро пеш мебинад. Дар соли 2023, 25% ҷойҳои корӣ дар саноат таҳти таъсири автоматикунонӣ қарор доштанд.

4. GDPR, AI Act ва меъёрҳои CNIL ба инсонмарказӣ нигаронида шудаанд. “AI France 2030” дар соли 2025 сармоягузориро бо танзими зеҳни сунъии тавлидшуда мувозинат мекунад. Дар соли 2023, CNIL 50 ширкатро барои риоя накардани меъёрҳо ҷарима кард.

Ба андешаи мо, низомҳои ҳуқуқии Аврупо ба ҳифзи ҳуқуқ ва шаффофият таваҷҷуҳ доранд, аммо инноватсияро маҳдуд карда метавонанд.

Фарқиятҳои ахлоқӣ

1. Танзими Чин ба амнияти миллӣ ва назорати мундариҷа нигаронида шуда, бо гармонияи иҷтимоӣ мувофиқ аст, вале махфият ва озодиҳои инфиродӣ масъала шудаанд. Дар соли 2023, 80% аҳолӣ зери системаи кредити иҷтимоӣ буд.

2. Танзими Ҷопон ба бехатарӣ ва ҳамзистии роботҳо нигаронида шуда, бо аҳимса мувофиқ аст, аммо коҳиши муоширати инсонӣ дар 30% муассисаҳои тиббӣ дар соли 2024 мушоҳида шуд.

3. Мувозинати ахлоқ ва инноватсия бо масъулияти иҷтимоӣ мувофиқ аст, аммо ғаразнокии алгоритмҳо дар 15% ҳолатҳо дар соли 2023 ба миён омад.

4. Набудани чаҳорчӯби ягона нобаробарии дастрасӣ ба технологияро ба вуҷуд овардааст, ки 60% аҳолии рустоӣ дар соли 2023 аз он маҳрум буд.

5. Шаффофият ва адолат таъкид шуда, вале танзими қатъӣ инноватсияро дар 20% стартапҳо дар соли 2023 суст кард.

6. Равиши чандир инноватсияро дастгирӣ мекунад, аммо ғаразнокии алгоритмҳо дар 10% ҳолатҳо дар соли 2024 мушоҳида шуд.

7. Бехатарӣ ва ахлоқ дар саноат муҳиманд, вале автоматикунонӣ дар соли 2023 25% ҷойҳои корӣ таҳти хатар гузошт.

8. Инсонмарказӣ ва махфият таъкид шуда, вале мушкилоти риоя барои 30% стартапҳо дар соли 2023 боқӣ монд.

Ба андешаи мо, фарқиятҳои ахлоқӣ аз афзалиятҳои ҷомеамарказии Осиё ва инсонмарказии Аврупо сарчашма мегиранд.

Осиё ва Аврупо бо мушкилоти муштарак, аз қабил назорат дар Чин, муошират дар Ҷопон, нобаробарӣ дар Ҳиндустон, ғаразнокӣ дар Аврупо ва талафоти ҷойҳо, рӯбарӯанд. Дар Осиё, мувозинати байни инноватсия ва стандартҳои байналмилалӣ зарур аст. Дар Аврупо, танзими қатъӣ ва инноватсия бояд ҳамоҳанг шаванд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба монанди стандартҳои ISO, метавонад арзишҳои ҳар ду минтақаро муттаҳид кунад.

Ба андешаи мо, ҳамкориҳо метавонанд ба танзими ягонаи зеҳни сунъӣ мусоидат кунанд, ки ҳам манфиати ҷомеа ва ҳам ҳуқуқи инсонро таъмин мекунад.

Таносуби низомҳои ҳуқуқии танзими зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки Осиё ба амнияти миллӣ, гармонияи иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ, аз Конфутсий, Буддоизм ва Веданта манша гирифта, афзалият медиҳад. Аврупо ба инсонмарказӣ, шаффофият ва ҳифзи ҳуқуқ, аз Декарт, Кант ва Локк сарчашма гирифта, тамаркуз мекунад. Дастовардҳо дар Чин (кредити иҷтимоӣ), Ҷопон (Pepper), Аврупо (Owkin, Mercedes-Benz) аз муносибатҳои гуногун дарак медиҳанд, вале мушкилоти ахлоқӣ, аз қабил назорат, ғаразнокӣ ва талафоти ҷойҳо, дар ҳар ду минтақа муштараканд. Дурнамои ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад ба танзими муташаккили зеҳни сунъӣ мусоидат кунад.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад,

-муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Ба сулҳи сарзамини тоҷикон шукрона бояд кард,

Зи бедорӣ аз ин хоби гарон шукрона бояд кард.

Паи ваҳдат бикӯшид он, ки меҳри Тоҷикистон дошт,

Зи фарзандони оқили замон шукрона бояд кард.

1212Дар Душанбе муқовимати сиёсии нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон “...” 10 феврали соли 1990 бо дастгирии мухолифин гурӯҳи ҷавонон ва гурӯҳи донишҷуйҳо оғоз шуд. Ҳаводиси моҳи феврали соли 1990 ҳамчун нишони аввалини муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар, ки ба ҷанги шаҳрванди мубадал гашт, ки тибқи иттилоъ 20 нафар кушта ва 600 нафар захми шудаанд. Ки оҳиста оҳиста боиси ҷанги шаҳрвании солҳои 1992-1997 гашт.

Аз солҳои 1990 халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ки чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд.

Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Аммо Тоҷикистон оғӯштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад.

Моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистонро ба уҳда гирифт. Президенти мамлакат, Ҷаноби оли пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли мушкилиро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро меҷуст. Президенти мамлакат, Ҷаноби оли пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рузи ба минбар баромаданаш мегуфт ман ба ин кишвар сулҳ меоварам. Якчанд моҳ дар ш. Хуҷанди вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ва ҳамзамон ба ш. Душанбе омаданаш чандидн солҳо аз зану фарзанд дур дар утоқи кориаш иқомат карда роҳҳои сулҳро меҷусту ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ин суханонро такрор ба такрор мегуфту фикрҳои ин роҳҳоро хулоса барори мекард.

Ногуфта намонад мухолифин рӯз аз рӯз кишварро харобу валангор месохт дар ҳар гушаву канори Тоҷикистон ҷангҳои бародаркуши то рафт шадид мешуд. Аммо мухолифин ба гапҳои Ҳукумат гуш намекард. Бинобар ин Президенти мамлакат, Ҷаноби оли пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо онҳо мулоқот мекарду ба сулҳ даъват менамуд.

Билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт.

Президенти мамлакат, Ҷаноби оли пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”. Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки моҳиятан як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд, мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ашки шодӣ дар ҳалқаҳои чашми азизон ҳувайдо буд, зеро таи ин солҳо он қадар мушкилот, он қадар нофаҳмиҳо ва он қадар гирифториҳову хунҷигариҳо ба ҳам печидагӣ дошт, ки кушоишу ворастагии онҳо ба ҷуз аз муаммои сарбаста чизе наменамуд.

Чуноне ки Президенти мамлакат Ҷаноби оли пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд ба гуфтаҳои худ истодагари намуда тамоми гурезагонро то ба охир аз давлатҳои ҳамсояву хориҷи дур ба Тоҷикистони азизамон овард сулҳ барпо шуд.

То имрӯз мухолифони кишвари азизамон Тоҷикистон аз давлатҳои бегона истода суханону баромадҳои бе асос мекунанд. Ва намехоҳанд, ки кишвари мо тинчу осуда бошад. Рӯз аз рӯз Тоҷикистон гулгул шукуфои дораду онҳо аз ватани биҳиштосо дур ва санги маламат мехуранд. Байрақи Тоҷикистон парафшони дораду онҳо бе болу паранд. Имрӯзҳо ҷавонони бо нангу номуси мо бо дониш, варзиш ва суханвари дар тамоми Ҷаҳон баромад мекунанду байрақи Тоҷикро баланд мебардоранд. Мо аз давлати худ мефахрему душманони миллат хун мехуранд. Тамоми Ҷаҳон сайёҳонаш омада аз обу, нон, куҳҳу саҳро ва таомҳои лазизи Тоҷикистони мо баҳра мебаранду онҳо бошанд хуни ҷигар. Кудакони мо дар оғуши табиати биҳиштосои Тоҷикистон мефахранду меболанд. Кудакони мо бо забони тоҷики ҳарф мезананду кудакони онҳо забони тоҷикиро гум кардаанд. Лаҳни ширини тоҷикиро истифода мебаранду шухиҳои бе амон доранд.

Мо аз ин Ҷавонон ки ҳамқадами сулҳу ваҳдатанд боварии комилу ҷовидона умед дорем. Зиндаву ҷовид монд Вҳдати миллӣ Тоҷикистон.

Раҳимов Илҳомиддин Мирзоевич - номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии, мудири озмоишгоҳи “Коркарди комплексии ашё ва партовҳои саноатӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”.

123123Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои ҳар кишвар ва ҳар миллат мебошад, ки заминаи устувории сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он ба шумор меравад. Тоҷикистон дар тӯли таърих бо мушкилот ва бӯҳронҳои зиёде рӯ ба рӯ шудааст, ки танҳо тавассути ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии мардуми он метавонад осоиш ва пешрафтро таъмин намояд.

Ваҳдати миллӣ маънои ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкории тамоми қишрҳои ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ мебошад. Бе ваҳдат сулҳу субот ва рушди устувор имконнопазир аст. Ваҳдат кафили рушд ва бақои ҳар давлат аст.

Дар солҳои 1990-ум Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки боиси талафоти зиёд ва харобӣ гардид. Аммо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар 27 июни соли 1997 дар Маскав, ки бо номи «Созишномаи сулҳ» маъруф аст, марҳилаи навро дар таърихи кишвар боз намуд. Ин созишнома заминаи ваҳдати миллӣ ва сулҳро дар кишвар гузошт.

Бо шарофати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишварамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маросимҳо ва ҷашнҳои ҷамъиятӣ, ки гуногунии қавмӣ ва ваҳдати кишварро таъкид мекунанд, зинда мегардад. Одамон аз минтақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа барои иштирок дар чорабиниҳои анъанавӣ ва фарщанги намоишгоҳҳое, ки санъат, ҳунар ва таомҳои Тоҷикистонро намоиш медиҳанд, ҷамъ меоянд. Ин рӯзест, ки ифтихори миллӣ эҳсос мешавад ва рӯҳияи ваҳдат ҳукмфармост. Ин ҷанбаи таълимӣ барои тарбияи ҳисси ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба гуногунрангӣ дар байни насли ҷавон муҳим аст. Он ёдраскунандаи устувории халқи тоҷик дар рафъи мушкилот ва талош барои ояндаи муштараки сулҳу шукуфоӣ мебошад. Ин рӯз арзишҳои таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни тамоми табақаҳои ҷомеаро, новобаста аз фарқиятҳои этникӣ ё динӣ, тақвият медиҳад.

Ваҳдати миллӣ сарфи назар аз пайдоиши гуногуни этникӣ, фарҳангӣ, динӣ ва сиёсии миллатҳо маънои дӯстӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандони кишварро дорад. Идеяи он аст, ки сарфи назар аз фарқиятҳо, одамон метавонанд дар зери шахсияти умумӣ ҳамчун шаҳрвандони як миллат муттаҳид шаванд. Ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ аксар вақт ташвиқи фарогирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ байни гурӯҳҳои гуногун, пешбурди адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи арзишҳо ва принсипҳои умумиро дар бар мегирад, ки аз фарқиятҳои инфиродӣ берунанд. Омилҳое, ки ба Ваҳдати миллӣ мусоидат мекунанд, инҳоянд: Шахсияти умумӣ: ҳисси қавии мансубият ба миллат ва ифтихор аз таърих, фарҳанг ва дастовардҳои он. Эҳтиром ба гуногунрангӣ: эътироф ва эҳтироми гуногунии фарҳангҳо, забонҳо, динҳо ва анъанаҳои дохили миллат. Ҳуқуқҳои баробар ва адолат: Кафолат додани он, ки ҳамаи шаҳрвандон тибқи қонун ҳуқуқҳои баробар доранд ва новобаста аз миллати онҳо ба имкониятҳо дастрасӣ доранд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии сулҳ ва субот дар ҷомеа нақши ҳалкунанда мебозад. Он имконият медиҳад, ки мардум дар якҷоягӣ бо мақсади рушди кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллии худ фаъолият намоянд.

Бо барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистон тавонист, ки ба рушди соҳаҳои иқтисод, иҷтимо ва фарҳангӣ даст ёбад. Субот ва оромӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушд заминаи мусоид фароҳам овард.

Вахдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқе ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум ру ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷии кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Хақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармосг, он давлат рӯз то рӯз гӯл-гӯл мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин қайд карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Ҳифзи ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар фарди Тоҷикистон, махсусан ҷавонон мебошад. Нақши наслҳои оянда дар нигоҳ доштани сулҳ ва пешбурди давлат муҳим аст.

Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу осоиш ва рушди кишвар мебошад. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки бе ваҳдат наметавон ба ҳадафҳои давлатдорӣ ва рушд даст ёфт. Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муҳими ҳар фарди кишвар аст.

Раҳимзода Алишер Орзу директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Subscribe to Мақолаҳо