Skip to main content

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.

Шеъри Рӯдакӣ, тибқи суханони ӯ, дар ҷаҳон рафта буд ва онро чун ҳазордастон мепазируфтанд. Шоир пешкори мирон ва ба шеъраш родмардон унс гирифта буданд. Қуллаи олии шеър ва мақоми шоириашро Рӯдакӣ дар ин мебинад, ки дар ҳама ҷаҳон онро менавиштанд. Замоне расид, ки ӯ шоири Хуросон, яъне саросари кишвари Сомониён буд. Ин мақоми волои иҷтимоӣ барои шоир аст, ки дар саросари мамлакат ӯро бидонанд ва шеърашро сурудгӯён бисароянд ва бинависанд.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинавишт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Ба ҳамин минвол шоирони ҳамасри Рӯдакӣ ва баъд аз ӯ ҳунари волои шеъофаринӣ, хую хислату ҳунару сифоти ӯро меситоянд.

Аз Дақиқӣ – шоири маъруфи асри Х мелодӣ дар ситоиши Рӯдакӣ ва сухани ӯ ду қитъа шеър боқӣ мондааст, ки шоирро “имоми фунуни суханвар” ва “тирачашми рушанбин” хондааст:

Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,

Имоми фунуни суханвар бувад.

Дақиқӣ мадеҳ оварад назди ӯй,

Чу хурмо ба сӯи Ҳаҷивар бувад.

Дигар:

Устод Шаҳид зинда боистӣ

В-он шоири тирачашми равшанбин.

То шоҳи маро мадеҳ гуфгандӣ,

Б-алфози хушу маонии рангин.

Аз ҳамасрони Рӯдакӣ дигар каси бузурге, ки дар сухани ӯ мушоҳидаи сабки Рӯдакиро мебинем, Абулқосими Фирдавсист. Фирдавсӣ, ҳангоми гузориши сайри китоби «Калила ва Димна» аз кори Рӯдакӣ дар танзими ин китоби бузург чунин ёд мекунад:

Гузорандаро пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

Бипайваст гӯё парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Бар он, к-ӯ сухан донад, осоиш аст,

Чу нодон бувад, ҷои бахшоиш аст.

Ҳадиси пароканда бипроганад,

Чу пайваста шуд, ҷону мағз оганад.

Қадимтарин назар дар бораи бузургии Рӯдакӣ фармудаи Самъонӣ ва иқтибоси Абӯсаид Идрисии ҳофиз аз гуфтори ӯст, ки ба наҳве Рӯдакиро нахустин каси ба форсӣ шеъри некӯ гуфта ва муқаддами шуаро хондааст.

Кисоии Марвазӣ (тав. 342/953-54 - ваф. баъди 391/1000-1001) агар шахсияти худро боиси ифтихори аҳолии Марв дониста бошад, Рӯдакӣ-устоди Самарқандро мояи ифтихори тамоми ҷаҳониён хондааст:

Зебо бувад ар Марв, бинозад ба Кисоӣ,

Чунонки ҷаҳон ҷумла ба устоди Самарқанд.

Рашидии Самарқандӣ Рӯдакиро сару сарвари шоирон ва чакомасарои номовару некубаён хонда ва гуфтааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам: сездаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд агар, чунон ки бояд бишмарӣ.

Шуҳрату шеъри Рӯдакӣ ба андозае буд, ки донишмандону суханварони аср мизони сухани мавзунро “Рӯдакивор” сурудан медонистанд, ки Унсурӣ гуфта:

Ғазал Рӯдакивор неку бувад,

Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.

Адабиётшиноси муътабар Х.Шарифзода мегӯяд, ки “ин сухани Унсурӣ ба назари мо такаллуф нест, балки эҳсоси сабке дигар, ҳоли бардошти гӯянда мебошад. Аз ин ҷо пайдост, ки Унсурӣ эҳсоси дурӣ ва инзиво аз сабки Рӯдакӣ ва оғози сабки тозаро дорад, ки ҳанӯз дарк ва шинохти ошкоро надорад”.

Сухан, чунон ки хоҳем дид, аз боби меъёрҳои умумии маърифатӣ ва ҳунарист ва Фаррухӣ ин маъниро пай бурда ва тасдиқ кардааст:

Аз диловезию таррӣ чун ғазалҳои Шаҳид

В-аз ғаманҷомию хубӣ чун таронай Буталиб.

ё ки:

Шоиронат чу Рӯдакию Шаҳид,

Мутрибонат чу Саркашу Саркаб.

Рӯдакию Шаҳидро «ҳакимони Хуросон» хондани Манучеҳрӣ як таркиби тасодуфии барои эътибори сухан гуфтан нест, балки дар як қитъаи 18-байтӣ шеъри даврони худро дар қиёс бо шеърӣ гузаштагон нақд ҳам кардааст:

Аз ҳакимони Хуросон ку Шаҳиду Рӯдакӣ,

Бушакурӣ Балхию Булфатҳи Бустӣ ҳаказо.

Рӯзгоре к-он ҳакимону сухангӯён буданд,

Буд ҳар якро ба шеъри нағз гуфтан иштиҳо.

Андар ин айёми мо бозори ҳазл асту фусӯс,

Кор Бубакри рубобӣ дораду танзи Ҷуҳо.

Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1086-1991) номи Рӯдакӣ “дар саҳифаи рӯзгор мастур буд”. Дар бораи табъи латиф ва зеҳну хираду заковати Рӯдакӣ Муҳаммад Авфӣ (1172-1176) мегуяд: «Рудакӣ аз наводири фалакӣ будааст ва дар зумраи аном аз аҷоиби айём. Акмаҳ (кӯр) буд,... басар надошт, аммо басират дошт, макфуфе (нобино) буд, асрори латоиф бар вай макшуф, маҳҷубе буд аз ғояти лутфи табъ маҳбуб... Закӣ ва тезфаҳм буд..., маонии дақиқ мегуфт... ва ӯро Офардигори таъоло овозе хуш ва савте дилкаш дода буд».

Давлатшоҳи Самарқандӣ чанде аз сифатҳои нодираи рӯзгор - Рӯдакиро ёд мекунад. Аз ҷумла, мегӯяд: «Филҷумла, табъе карим ва зеҳне мустақим дошта ва аз ҷумлаи устодони фанни шеър аст» (Ҳамон ҷо, саҳ. 37), ки Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бо таъсири шеъри Рӯдакӣ «аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ оварду руй ба Бухоро ниҳод». Давлатшоҳи Самарқандӣ дар бораи ин воқеаи шигифтовар мегӯяд: “Уқалоро ин ҳикоя ба хотир аҷиб менамояд, ки ин назмест сода ва аз саноеъу бадоеъ ва матонат орӣ. Чи агар дар ин рӯзгор суханваре ин навъ сухан дар маҷлиси салотину умаро арз кунад, муставҷиби инкори ҳамгинон шавад». Поёнтар муаллиф камолоти ӯро чунин тавзеҳ медиҳад: «Балки ӯро дар фунуни илму фазоил вуқуф аст ва аз ақсоми шеър қасоиду маснавиро некӯ мегӯяд ва устод Рӯдакӣ азимушшаън ва мақбули хоссу ом буда» (саҳ. 38).

Шариф Муҷаллади Гургонӣ гӯяд:

Аз он чандон наими инҷаҳонӣ,

Ки монд аз оли Сосон в-оли Сомон,

Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,

Навои Борбад мондасту дастон».

Донишмандони араб низ дар бораи ҳунар ва тариқи сухани Рӯдакӣ изҳори назар кардаанд. Дар шарҳи китоби Абӯнасри Утбӣ аз «Китоби Яминӣ» Аҳмад ибни Алӣ ибни Умар ал-Манонӣ – нависандаи «Китоб улфатҳ алваҳабӣ» мегӯяд, ки Рӯдакӣ шоири муфлиқ, пешвои шоирони форсӣ ва дорои қавли матин аст. Дар шарҳи ҳамин мазмун Наҷотии Нишопурӣ дар китоби «Шарҳи Яминӣ» Рӯдакиро «Шоири муфлиқ (он ки шеър наку гӯяд) ва мутриби фоиқ (баргузида) хондааст (Нафисӣ 1382, 509-510).

Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо, аз ҷумла, Муҳаммад Авфии Бухороӣ Рӯдакӣ аз айёми кӯдакӣ навохтани барбатро омӯхта ва дар ҳунари суруд шуҳрат ёфта буд. Лекин дар қасидаи ба мадҳи Унсурӣ бахшидааш Манучеҳрӣ шоирро “Рӯдакии чангзан” хондааст. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки чангзанӣ яке аз ҳунарҳои ин марди бодонишу пурҳунар будааст. Байти мазкури Манучеҳрӣ ин аст:

Дар Хуросон Бӯшуайбу Бӯзар он Турки Кашӣ

В-он Сабури Порсию Рӯдакии чангзан.

Аз ҷумлаи тағаззулоти устод Рӯдакӣ яке пора дар панҷ байт боқӣ мондааст, ки сареҳан чанг гирифтану навохтани ӯро зикр менамояд, яъне устод аз ин ҳунари худ лутфан ёд мекунад:

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,

Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

Инчунин «Овози хушу савти дилкаш» ба сифатҳои шоирии Рӯдакӣ зам шудаанд.

Дар ин замон касоне буданд, ки таъна бар шеъри Рӯдакӣ мезаданд ва Муҳаммад Авфӣ яке аз онҳоро бидуни зикри ном бо эроде, ки бар шеъри Рӯдакӣ дошт ва посухи худ дар «Лубобулалбоб» зикр кардааст:

«Ва яке аз ҷуҳҳол дар назми ӯ таъне кард ва аройиси нафоис ва тавоифи латоифи ӯ тазйифе намуд. Низомии Арӯзӣ ин байтро дар ҳаққи ӯ иншо кард. Шеър:

Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,

Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист.

К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон

Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

(Авфӣ 1361, 494)

Шаҳиди Балхӣ сухани Рӯдакиро бо Қуръон баробар карда, онро «тилви нуби» гуфта буд. Шиблии Нуъмонӣ ба ҳар навъе аз анвои шеъри Рӯдакӣ назари хосе изҳор намуда, ӯро «дар тарсим ва кашидани сурати як матлаб ё як ҳолат ва вазъ ва таҷассум додани ин, ки аз аносири муҳимми шеър ва шоирӣ аст, дорои маҳорате басазо медонад» (Шиблии Нӯъмонӣ 1380, 30).

Абулфазли Байҳақӣ дар “Таърихи Байҳақӣ” борҳо аз шоири номвар ёд кардааст: “Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ӯ шиносо карда”.

Ба ҳамин тартиб, масъалаҳои таърихи шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ дар китобҳои Саъид Нафисӣ (1382), Бадеъуззамон Фурӯзонфар (1380, 18-25), Бертелс Е. Э. (1988, 261-300), Мирзоев А. (1958), Брагинский И.С. (1964, 384-441), С. Айнӣ, Афсаҳзод А. (2003), А.Сатторзода, Х.Шарифзода, Асрори Раҳмонфар (1999, 3-39), дар муқаддимаҳои чопи ашъори шоир, дар мақолаҳои донишнома (энсиклопедия)-ҳо ва мақолаҳои таҳқиқӣ хеле батафсил баррасӣ шудаанд, ки феҳристи тамоми пажуҳишҳои мазкур дар китоби сеҷилдаи “Донишнома”-и Рӯдакӣ бо кӯшиши ходимони илмии Институт гирдоварӣ ва интишор ёфтааст.

Садриддин Айнӣ сухани Рӯдакиро монанди шоирони халқӣ пайвастаи шеъру оҳангу сози мусиқӣ медонад, ки ҳамагӣ ба тарзи бадеҳа будааст. Фазилати шеъри Рӯдакӣ дурӣ аз сохтагӣ ва сохтакориҳо, муболиғаҳои ғайритабиӣ, аз киноя ва истиораҳои каснофаҳм мебошад (Айнӣ 1963, 138-140). Назари куллии Айнӣ ин аст, ки агар шеъри Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, ба ҳақиқат мувофиқ меояд. Ба назари Айнӣ, «саҳли мумтанеъ» чизест, ки дар дидан осон ва сода менамояд, аммо кардан ва ба вуҷуд овардани вай мумтанеъ, яъне номумкин аст. Бештарини шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин хусусиятро доранд» (Айнӣ 1963, 148).

Ризозода Шафақ устодии Рӯдакиро дар суханпардозӣ ва таносуби алфоз ва маонии бисёр дақиқ ба кор бурдан ва адабиёти ҳакимона ба ёдгор гузоридан медонад (Шафақ 1369, 50).

Сухани Бадеъуззамон Фурӯзонфар дар мавриди сабки сухани Рӯдакӣ дақиқтар ва бо вусъати диди ҳунарӣ ва маънои ашъор изҳор шудааст: «Ашъори Рӯдакӣ, ҳарчанд девонаш мавҷуд нест, ба балоғати услуб ва табиӣ будани маънӣ мумтоз аст. Сабки ӯ дилкаш ва мутаносибу латиф ва дар ҳамин ҳол ҷазолати махсусе дорад, ки барои камтар кас аз шуаро муяссар шудааст” (Фурӯзонфар 1380, 18).

Холиқ Мирзозода шеъри Рӯдакиро дорои ду услуб медонад: яке «автологӣ – аз забони худ, бе образи сухан ва санъатҳои шеърӣ фикр баён намудан» ва дуюм услуби метологӣ-маҷозӣ сухан гуфтан (Мирзозода 1987, 281). Дар охир назари худро роҷеъ ба услуби Рӯдакӣ чунин хулоса мекунад: «Рӯдакӣ бештар дар ду тарзи услуби баён асар эҷод кардааст: услуби бадеӣ ва услуби илмӣ. Услуби бадеиро бештар дар шеърҳои лирикӣ ва достонҳояш ба кор бурдааст» (Мирзозода 1987, 283).

Брагинский И. С. аз ҷумлаи муҳаққиқонест, ки сабки шеъри Рӯдакиро бо роҳи шарҳи ашъори шоир баррасӣ менамояд. Бо изҳори таассуф аз ин ки муҳаққиқони шеъри Рӯдакӣ бештар ба маҳорати бадеии (ҳунарии) шоир дар муқаддамоти зоҳирии поэтикаи шеъри ӯ таваҷҷуҳ кардаанд, ки кори каме нест ва ба суоли чаро Рӯдакӣ дар асрҳои миёна ҳамчун шоири бузург шинохта шудааст, посух медиҳад. Аммо ин нукта ба суоли дигаре ҷавоб намегӯяд, ки чаро шеъри Рӯдакӣ қалби мардумро дар қарни бистум ҳам ба xeш меорад (Рӯдакӣ 1964, 386-387).

Барои ҳалли ин мавзуъ, ба ақидаи ин муҳаққиқ, маҳорати бадеии (ҳунарии) Рӯдакиро аз мавқеъҳои илми зебоишиносии муосир, бо назардошти оҳанги (нафиси) фосилаи замонии таърихӣ бояд баҳо дод. Барои расидан ба ҷодаи матлуб ба мо суханони шоироне, ки шеъри Рӯдакиро дарёфтаанд, кӯмак карда метавонанд.

Адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода бар ин бовар аст, ки “шеъри комили Рӯдакӣ ҳосили қудратҳои завқӣ, фаросат ва зеҳнии шахсияти ӯ дар вобастагӣ ба замону макони ҷунбонандаи қувваҳои офаринандагиаш мебошад”.

Чунон ки дидем, Рӯдакиро бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, устоди шоирон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, наводири фалакӣ, нодираи рӯзгор, ҳакими Хуросон, шоири муфлиқ, мутриби фоиқ хондаанд. Ҳамаи инҳо сифатҳои олитарини шеъру шоирӣ мебошанд, ки бо асос бар онҳо Рӯдакиро метавон шоири бузурги ҳама давру замон хонд. Шахсияти мумтози Рӯдакиро Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода чунин тарсим кардааст:

Аз сухан пайкаре гар ороянд,

Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.

Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,

Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ Шарифзода Фарангис

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шоири машҳури тоҷик ва сардафтари адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакенти наздики Самарқанд ба дунё омадааст. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён хидмат кард ва ба авҷи шуҳрат расид. Сабки шеъри Рӯдакӣ сабки маъруфи хуросонӣ буда, забони шеъраш содаву равон ва ширину рангин аст. Сурудаҳои вай ғолибан лирикӣ ва таълимӣ буда, мавзуъҳои ҳамосӣ низ дар осораш ба хубӣ инъикос ёфтааст. Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон дар таърихи адабиёти тоҷику форс буда, осори вай як миллиону сесад ҳазор байт гуфта шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор байт аз Рӯдакӣ ба ёдгор монда, ки маҷмуае аз қасида, маснавӣ, қитъа ва рубоиро дар бар мегирад. Мавзуи ашъори Рӯдакиро ситоиши ватану ватандӯстӣ, илму донишандӯзӣ, хираду хирадварзӣ, тараннуми арзишҳои миллию фарҳангӣ, гиромидошти мақому манзалати инсон, башарпарастӣ, ғанимат шумурдани умр ва тарғиби шодию шодзистӣ дар бар мегирад.

«Калила ва Димна» аз осори дигари машҳури Рӯдакӣ аст, ки Муҳаммад Балъамӣ онро аз арабӣ ба тоҷикӣ-форсӣ баргардонид ва Рӯдакӣ онро ба риштаи назм даровард. Тамоми ашъори боқимондаи Рӯдакӣ зебову равон ва саршор аз ҳикмату андеша буда, муҳаққиқон дар интихоби намунаи беҳтарини ашъори ӯ ба мушкил гирифтор мешаванд:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Андеша ва ашъори Рӯдакӣ бисёр нобу равон ва орӣ аз ҳар гуна сохтакорӣ мебошад. Ӯ на танҳо асосгузори шеъри тоҷикӣ, балки мубаллиғи бузурги миллӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ ва арзишҳои дунявӣ дар адабиёти классикӣ ба шумор меравад.

Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва ситоишгари фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ дар замони Сомониён буд ва аз ин ки дар дарбори давлати миллӣ хидмат менамуд, ифтихори фаровон дошт:

Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд,

Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ?

Маро бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд!

Яке аз хусусиятҳое, ки шахсият ва шеъри Рӯдакиро шукӯҳу зинат бахшида, барҷаста месозад, озодфикрӣ, ситоиши давлати миллии Сомониён, эҳёи суннатҳои ниёгон, пойбанд набудан ба андешаҳои динӣ ва вуҷуди руҳияи баланди миллию дунявӣ дар шеъри ӯ мебошад. Рӯдакиро метавон аз саромадони ҷараёни озодихоҳии мардуми Хуросону Варорӯдон аз султаи афкори арабӣ донист. Ин ҷараёни фикрӣ як ҳаракати фарҳангии алайҳи бартариталабии арабҳо буд, ки барои дифоъ аз забон, фарҳанг ва одобу русуми тоҷикон дар даврони хилофати арабҳо зуҳур кард. Таваҷҷуҳи бештари Рӯдакӣ бар андешаҳои баробарии нажодӣ, ифтихор ба пешинаи ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, паҳлавонони ҳамосӣ, миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои пешазисломӣ аст, ки арабҳо табиатан аз он орӣ буданд.

Рӯдакӣ озодагиро ҷузъи ҳувияти мардуми ориёӣ дониста, хислати вижаи озодагон меномад. Ӯ таъкид мекунад, ки ин мардум ҳаргиз ғулом будан ва нанги бардагии арабро намепазиранд.

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.

Ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.

Хирад ва май ду истилоҳе ҳастанд, ки дар ашъори Рӯдакӣ борҳо истифода шуда, нишонаи фарқкунандаи мардуми озодаи ориёӣ аз арабҳои бодиянишин ҳастанд:

Май озода падид орад аз бадасл,

Фаровон ҳунар аст андар ин набид.

Яке аз равишҳои мубориза ба истилои арабҳо дар он замон эҳёи суннатҳои гузашта ва ифтихор ба собиқаи таърихӣ, динӣ ва фарҳангии ориёиҳо буд. Аз ин рӯ, Рӯдакӣ аз оини Зардушт ва некиҳои сегонаи он то хусравони Сосонӣ ифтихор мекард.

Ба ҳамин ҷиҳат, шоирони ин давра хайру некиро дар «Авасто»-ву «Занд»-у «Позанд» ҷуста, бартарии тамаддуни хешро ба арабҳо гӯшзад менамуданд:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,

Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд!

Бо мурури замон, пас аз суқути сулолаи Уммавиён дар дарбори Аббосиён ҷашнҳои ориёӣ, монанди Наврӯз ва Меҳргон бо шукӯҳи бештаре таҷлил мегардиданд:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Бод бар ту мубораку хинишон,

Ҷашни Наврӯзу гӯсфандкушон.

Мавзуи дигаре, ки дар ашъори Рӯдакӣ ба чашм мерасад, ифтихор аз паҳлавонон ва қаҳрамонони миллӣ аст. Ҳамоса яке аз мустаҳкамтарин омилҳои миллатсоз байни қавму миллатҳо ба шумор меравад. Бинобар ин, адибон ва донишмандони тоҷик дар ин марҳалаи таърихӣ ба ҳамосаҳои миллӣ рӯ оварда, бо тарғиби шахсиятҳои достонӣ, миллӣ ва ҳамосии худ зидди бартариталабии арабҳо баромаданд. Рӯдакӣ ба паҳлавононе ҳамчу Рустам, Сом ва Исфандиёр ишора карда, зимни ёдоварии қаҳрамонони миллӣ гоҳ онҳоро ба ҳам муқоиса намуда, қаҳрамони мавриди назари худро бартарӣ медиҳад:

Вараш бидидӣ Сифандиёр гаҳи разм,

Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон.

Сом саворист, ки то ситора битобад,

Асп набинад чун ӯ савор ба майдон.

Ё худ:

Рустамро ном гарчи сахт бузург аст,

Зинда ба вай аст номи Рустами Дастон.

Яке аз хислатҳое, ки арабҳо хеле худро ба он мумтоз медонистанд, саховату бахшандагӣ буд. Бинобар ин, Рӯдакӣ шуҷоат ва ҷанговарии қаҳрамонашро дар вуҷуди амсоли Сому Рустам ҷустуҷӯ мекунад ва родию бахшандагии онҳоро бар Ҳотами Тойӣ масал мезанад:

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

Рӯдакӣ на танҳо падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ, балки бунёдгузори андешаи миллӣ дар адабиёти классикӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, эҳтимолан, назми «Шоҳнома»-и безаволашро аз Рӯдакӣ илҳом гирифтааст. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз Рӯдакӣ ба хубӣ ёд карда, ӯро «дурри оганда» ё пуртароват мехонад:

Калила ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,

Бар ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.

Ба тозӣ ҳамебуд то гоҳи Наср,

Бад-он гаҳ, ки шуд дар ҷаҳон шоҳ Наср.

Бифармуд то порсию дарӣ,

Набиштанду кӯтоҳ шуд доварӣ.

Гузорандаро пеш биншонданд,

Ҳама нома бар Рӯдакӣ хонданд.

Бипайваст гӯё парокандаро,

Бисуфт инчунин дурри огандаро.

Ба ибораи дигар, Рӯдакӣ поягузори шеъри ҳамосӣ ва ватансарои асил дар миёни шоирони асри хеш буд. Бешак, маъруфтарин сурудаи Рӯдакӣ дар адабиёти тоҷику форс қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» аст, ки дар бозгардондани амир Насри Сомонӣ ба Бухоро нақши асосӣ бозидааст. Ҳисси ватанпарастӣ дар ин шеър он қадар барҷаста аст, ки аксари шоирони баъдӣ дар тақлид аз он шеър суруда, аз Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд. Аз ҷумла, Ҷалолиддини Балхӣ дар пайравӣ аз он навиштааст:

Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,

Бӯйи ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Аз нисори гавҳари ёрам маро,

Оби дарё то миён ояд ҳаме.

Бо хаёли гулситонаш хорзор,

Нармтар аз парниён ояд ҳаме...

Мавзуи муҳимме, ки Рӯдакӣ дар ашъори худ ба он такя карда, даъвои бартарихоҳии арабҳоро ботил менамуд, масъалаи донишу хирадварзӣ буд. Зеро арабҳо пеш аз ислом тақрибан дар ҳеҷ соҳаи дониш шахсияти илмӣ надоштанд, дар ҳоле ки тоҷикону эрониён дар мусиқӣ, тиб, ҳандаса ва риёзӣ пешрафтҳои бисёре касб карда буданд. Таъсиру нақши тоҷикон дар сарфу наҳв, хат ва китобати арабӣ бисёр барҷаста ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ситоиши ақлу хирад дар меҳвари мавзуъҳои ашъори Рӯдакӣ қарор дорад:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Рози донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Рӯдакӣ ба хубӣ аз арзишу ҷойгоҳи фалсафа (ҳикмат) ошноӣ дошта, онро дар радифи илму хирад ситоиш кардааст. Барои ӯ фалсафа баёнгари донишу хирад аст:

Он ки бад-ӯ бингарӣ, ба ҳикмат гӯӣ,

Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон.

Гар бикушояд забон ба илму ба ҳикмат,

Марди хирадро адаб физояду имон!

Рӯдакӣ парваридаи ҷомеаи илммадори аҳди Сомонӣ аст, ки озодии андеша ва ақлгароӣ он ҷо ҳоким буд. Шоир таъкид мекунад, ки молу матои дунё ва симу зар ӯро қонеъ наменамояд, зеро қаноатпешагию осоиши инсон ба хираду дониш бастагӣ дорад:

Биғнуд танам бар дираму обу замин,

Дил бар хираду ба илму дониш биғнуд.

Ё худ:

Зеҳ доноро гӯянд, ки донад гуфт,

Ҳеч нодонро донанда нагӯяд зеҳ!

Рӯдакӣ ошиқи Бухоро буд ва ин шаҳрро қиблаи меҳанпарастон медонист. Ӯ дил ба Бухоро баста буд ва «намози ишқ»-и худро ба сӯйи ҳамин қибла мехонад:

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?

Дил ба Бухорову бутони Тироз!

Эзиди мо васвасаи ошиқӣ

Аз ту пазирад, напазирад намоз.

Дар канори ҳаётдӯстӣ ва ватанпарварӣ Рӯдакӣ масъалаи ақлгароӣ ва андешаҳои фалсафӣ бар пояи хирадро таблиғ мекард. Ӯ дар ин порчаи шеърӣ дар бораи ҳаракат ва тағйироти дохилии ашё, табдили шаклҳо ва тағйироти сифатию миқдории моддаҳо дар табиат, чархидани Замин дар атрофи меҳвари худ – Хуршед, алорағми тасаввури хурофотпарастон таъкиди дақиқ кардааст:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад,

Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.

Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд

Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд...

Ашъори Рӯдакӣ дар замони муосир ҳам арзиши илмии худро гум накардаанд. Ҳушдори донишмандон аз пайомади тағйироти иқлимӣ, таъсири он дар раванди биёбоншавии заминҳои сарсабз, об шудани пиряхҳо ва буҳрони камобӣ дар ҷаҳон бо андешаҳои шоир беиртибот нестанд.

Аз тарафи дигар, шодзистӣ фалсафаи миллии мардумони ориётабор буда, Рӯдакӣ онро болотар аз фалсафаи тақдирпарастӣ васф кардааст:

Шод зӣ, бо сияҳчашмон шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

З-омада шодмон бибояд буд,

В-аз гузашта накард бояд ёд.

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!

Май дар ситоиши шоирони озодандеш воситаи ҳаётдӯстӣ ва зиндагисоз ба шумор меравад. Аммо майи онҳо ҳаргиз зоеъкунандаи ақл набуда, балки сабаби тақвияти хиради одамӣ мешавад. Рӯдакӣ чунин майро ёқути ноб, теғи дурахшон ва гулоби тоза тасвир кардааст:

Биёр он май, ки пиндорӣ равон ёқути ноб астӣ

Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.

Ба покӣ, гӯӣ андар ҷом монанди гулоб астӣ,

Ба хушӣ, гӯӣ андар дидаи бехоб хоб астӣ.

Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,

Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ!

Рӯдакӣ подшоҳро ҳам ба хотири хирадмандӣ ва ақлгароӣ меситояд, дар ҳоле ки дар давраҳои баъдӣ, пас аз ба қудрат расидани сулолаҳои турку муғул дар қаламрави Ориёно, ҳокимони онҳо бар қудрати шамшери худ менозиданд. Аммо Рӯдакӣ подшоҳони Сомониро ин гуна меситояд:

Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне,

Роду сухандону шермарду хирадманд!

Рӯдакӣ на танҳо ба сарнавишти аз пеш таъйиншуда эътиқоде надорад, балки густохона дам аз тағйири қазову қадар мезанад:

Қазо гар доди ман настонд аз ту,

Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.

Ин байти Рӯдакӣ посухи кӯбандае буд ба пайравони мактаби ҷабргаро, ки аз ҷониби халифаҳои Аббосӣ ҳимоят мешуданд ва тамоми кирдору феъли инсонро ба хосту иродаи Худованд марбут медонистанд. Аммо Рӯдакӣ муътақид буд, ки савобу гуноҳу хатои инсон ба худи ӯ марбут мешавад:

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ ӯро бикушад он, ки туро кушт?»

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Таҳти афкори ватанпарастонаи Рӯдакӣ ва шоирони ҳамасри ӯ ҳаракат ва ҷунбишҳои раҳоӣ аз юғи хилофати арабҳо бештар авҷ гирифт. Дар саргаҳи ин муборизоти равшангароёна Рӯдакӣ меистод, ки андешаҳои дурахшони ӯ асрҳои дароз дар зеҳни дигар шоирони тоҷику форс асарбахш аст. Ӯ бо як эҳсоси баланд амирони Сомониро тавсиф ва мардуми Хуросонро даъват мекунад, ки аз бандагиву тобеияти бегонагон ҳазар дошта бошанд:

Ҳар киро роҳбар заған бошад,

Гузари ӯ ба марғазан бошад.

Ба ҳамин тартиб, озодиву истиқлоли тоҷикон, бароба- рии нажодӣ, қоил будан ба ақлу заковати инсон, адолат- меҳварӣ, хирадгароӣ, ситоиши илму дониш, эҳёи одобу русуми куҳан, бузургдошти қаҳрамонони миллӣ дар сархати мавзуъҳои ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дошта, дар ташаккули афкору андешаи миллӣ дар замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам нақши шоиста гузоштааст.

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО, - ходими илмии Маркази мероси хаттии АИ ҶТ

1323Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1922-1991 дар Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шӯравӣ қарор дошт, ки аз 15 ҷумҳуриҳои бародар иборат буд. 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9 сентябр - ҳамчун «Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Дар рӯзи ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои илму фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Бар асоси меъёрҳои физиологӣ талабот ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба картошка дар як сол 92 кг муайян шудааст. Сарфи назар аз он, ки меъёр 92 кило аст, хаҷми воқеии истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ ба як сар аҳолии кишвар дар сол ба 130 кг мерасад. Ҳамин тавр, эҳтиёҷоти умумии ҷумҳурӣ ба ин навъи маҳсулот ба 1.3 млн. тонна мерасад.

Дар нимаи моҳи ноябри соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 821 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, нисбат ба соли 2021, 185 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тибқи иттилои манбаъҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти картошка зиёда аз 32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Бар асоси маълумоти фаврӣ ба ҳолати 18 ноябри соли 2022 майдоне, ки ҳосилаш аллакай ҷамъоварӣ карда шудааст, дар ҷумҳурӣ 31.6 ҳазор гектарро ташкил додааст. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз як гектар 260 сентнер арзёбӣ шудааст.

Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ дар давоми 33 соли Истиқлолият дар рушди картошкапарварии кишвар ҳиссаи хешро гузошта, дар бахшҳои генетика, селексия ва тухмипарварии картошка ва батат ба дастовардҳои назарраси илмӣ муваффақ гаштаанд. Онҳо коллексияи навъу намунаҳои гуногуни картошкаро ташкил намуда, бештар аз 100 намунаҳои гуногуни картошкаро дар озмоишгоҳ дар муҳити “in vitro”ва дар шароити баландкӯҳи ноҳияи Лахш дар баландии бештар аз 2700 м аз сатҳи баҳр дар муҳити in vivo нигоҳ медоранд. Инчунин 15 намунаи бататро (картошкаи ширин) дар дар муҳити in vitro нигоҳ медоранд. Ин намунаҳои гуногуни картошка ва батат ҳоло дар корҳои селексионӣ ва тухмипарварии картошка ва батат васеъ истифода мегарданд.

Дар Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании Институт барои солим гардонидани тухмии картошка аз ҳар гуна касалиҳои вирусӣ, занбурӯғӣ ва бактериявӣ ва ба даст овардани навъҳои нави картошка усули дурагакунии навъҳо ва инчунин усулҳои инноватсионии биотехнологияи муосир дар шароити in vitro истифода мегарданд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дурагаҳои гуногуни картошка ба даст оварда шуданд, ки онҳо дар корҳои генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Инчунин тухмакҳои генеративии картошка ҳамчун яке аз усулҳои солим гардонидани тухмии картошка аз ҳар гуна касалиҳо истифода мегардад.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмии инноватсионии биотехнологӣ дар Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании Институт дар шароити in vitro тухмии беш аз 100 навъҳои картошка аз касалиҳои вирусӣ, занбурӯғӣ ва бактериявӣ солим гардонида шуданд. Дар натиҷа ҳар сол ҳазорҳо дона лӯндаҳои модарии тухмиҳои ба даст овардашуда барои ба даст овардани тухмиҳои солими суперэлита ва элита истифода мегарданд. Инчунин бори аввал бо истифодаи усули биотехнологии зиёд намудани қаламчаҳои растании картошка дар шароити in vivo барои тезонидани корҳои селексионӣ ва тухмипарварии картошка истифода бурда шудааст.

Навъҳои серҳосили картошкаи дар натиҷаи истифодабарии усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир ба даст оварда шудаи картошкаи маҳсули селексияи олимони Институт айни ҳол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои истеҳсолии мамлакат дар майдони беш аз 3000 га кишт карда мешаванд. Ин навъҳои картошка инчунин бо хусусиятҳои биохимиявии таркибии лӯндаҳояшон нисбат ба дигар навъҳои картошка фарқ доранд. Масалан, картошкаи навъи Тоҷикистон дар таркиби лӯндаҳояш бештар аз 3-5% оҳани фаъол (Fe2O3) дошта, барои пешгирӣ намудани касалии камхунӣ (анемия) кумак мерасонад. Картошкаи навъи Рашт бошад, дар таркиби лӯндаҳояш ба миқдори 3-6% йод (J20) дорад, ки дар гирифтор нагаштани одамон ба касалии ҷоғар (зоб) мусоидат менамояд.

Олимони Институт нақшаи корӣ ва омӯзиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосирро дар соҳаи картошкапарварӣ пешниҳод намуданд, ки он дар корҳои генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби кормандон системаи нави тухмипарварии картошка коркард ва пешниҳод карда шудааст, ки дар тақвият бахшидани ҷараёни тухмипарварии солими картошка кумаки калон мерасонад.

Наимов Алишер Сафаралиевич - ходими калони илмии Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Аз касе пӯшида нест, ки дар олами Шарқ имрӯз илм, хусусан, илмҳои табиию риёзӣ мақоми пешини худро аз даст дода, аз рушд бозмондаанд. Чунин вазъ имрӯз ба Тоҷикистон низ бе таъсир буда наметавонад. Маҳз ба ҳамин нукта ишора карда, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд». Ва хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳои нек ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас бо иқдоми Пешвои муаззами миллат солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар замони муосир дар кишварҳои Шарқ дар баробари паст рафтани сатҳи омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, инчунин ба мафкураи мардум хурофот роҳ меёбад, ки дар ҷумҳурии мо оқибати нохуше барои арзишҳои миллӣ дорад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷомеаи имрӯза, махсусан аҳли илму зиё аз он иборат аст, ки пеши роҳи ин падидаи номатлубро бигиранд ва барои тарғибу ташвиқи илму техника дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд. Яке аз воситаҳои муҳимтарин дар ин самт омӯзиши таърихи ниёгон ва бедор сохтани ҷавонон барои идомаи анъанаҳои неки онҳо дар соҳаи илм аст.

Мутаассифона, чунонки ховаршиноси англис Бернард Люис (1916-2018) қайд мекунад, тамаддуни Шарқ - «тамаддуне, ки муқтадир буд, ба таназзул рафт», вале эҳёи он дар дасти худи ворисони ин мероси бузург аст. Маҳз ба хотири эҳёи анъанаҳои ниёгон дар соҳаи илм мардуми моро зарур аст, ки дар самти рушди илму техника саҳми бештаре дошта бошанд.

Чунонки маълум аст, дар рушди илми асримиёнагии Шарқ хизмати донишмандону мутафаккирони тоҷик хеле бузург аст. Ин саҳми онҳоро ба эътибор гирифта, аз ҷумла дар назди бинои ЮНЕСКО ҳайкали чор нафар донишмандони бузург– Ибни Сино (980-1037), Абурайҳони Берунӣ (973-1048), Закариёи Розӣ (865-925) ва Умари Хайёмро (1048-1131) гузоштаанд. Шумораи ин олимони бузурги тоҷик хеле зиёд аст, вале дар поён саҳми якчанд нафар аз зумраи онҳоро бо такя ба манбаъҳои асримиёнагӣ ва маълумоти муҳаққиқони муосир тафсир намудаем.

Қабл аз нишон додани комёбиҳои донишмандони асримиёнагии тоҷик дар рушди илмҳои табиию риёзӣ, махсусан дар асрҳои IX-XI, мехостем таъкид намоем, ки дар ин даврон замина ва омилҳои мусоид барои рушди илму фарҳанг ба вуҷуд омаданд, ки сабабгори асосии он зуҳури давлати Сомониён буд. Ин сулолаи ҳокимиятдорони тоҷик дар қаламрави худ озодии фикру андешаро таъмин сохта ба ҳайси вазирон ва амирони минтақаҳо шахсони донишмандаро таъйин менамуданд. Онҳо олимону донишманданро дар маркази давлат ҷамъ оварда, барои машғулӣ ба илму адаб ва тарҷумаи осори илмӣ оид ба фалсафаву тиб ва навъҳои дигари ҳикмат аз забонҳои дигар шароити мусоидро фароҳам сохтанд. Ҳамаи ин ва омилҳои дигар рушди илмро дар асрҳои миёна таъмин намуданд.

Аз ҷумлаи донишмандони бузурги тоҷику форс, қабл аз ҳама, Абумусо Ҷобир ибн Ҳайёнро (721-815) таъкид кардан зарур аст, ки яке аз асосгузорони химия ҳисобида мешавад. Ӯ аз зумраи мутафаккиронест, ки алхимияро ба химия табдил доданд. Таҷрибаҳои амалии Ибн Ҳайён аз амалиёти кимиёвии пешгузаштагон бо ҷанбаҳои илмияшон тафовути зиёд доштанд.

Ӯ тарозуеро ихтироъ кард, ки бо дақиқии 1/6 грамм маводро бармекашид. Ибн Ҳайён асбоби нави кимиёвӣ, аз ҷумла ретортҳоро фикр карда баровард. Олим реаксияҳои химиявии редуксияро, ки барои гирифтани электрон мусоидат мекунанд, калсинатсия ва роҳи осонтарини тақтирро истифода мекард.

Ибни Ҳайён даҳ аср муқаддамтар аз физик ва химики англис Ҷон Далтон (1766-1844), ки назарияи атом ва молекуларо коркард кардааст, дар бораи ҳиссачаҳои хурд, ки барои робитаи унсурҳои кимиёвӣ заруранд, сухан гуфтааст. Ӯ нахустин маротиба дар химия кислотаҳои сулфур (серная), хлор (соляная) ва азотиро маълум сохтааст.

Ақидаҳои Ибн Ҳайён дар бораи таснифи унсурҳои кимиёвӣ ба фулуз, ғайрифулуз ва маводи бухоршаванда як замина барои кашфи системаи даврии элементҳо гардид.

Мутафаккири дигар - Муҳаммад ал-Хоразмӣ (783-850) аз зумраи донишмандони ориёитабори Осиёи Миёна буда, ҳамчун олими арабизабон дар кишварҳои арабӣ ҳам хеле машҳур аст. Ӯ дар рушди ҷуғрофия, астрономия, математика ва илмҳои дигар саҳм гузоштааст.

Машҳуртарин асарҳои ал-Хоразмӣ «Китоб дар бораи ҳисоби ҳиндӣ» ва «Китоби мухтасар дар ал-ҷабр ва ал-муқобала» (яъне, дар бораи барқарорсозӣ ва муқобилгузорӣ) буда, ба лотинӣ тарҷума шуда буданд ва ҳамчун китоб барои таълими математика дар Ғарб истифода мегардиданд.

Тавассути осори ал-Хоразмӣ ғарбиён бо ҳисоби даҳрақамӣ (0-9) шинос гардида, аз ҳисобҳои ҳарфӣ ва рақамҳои душвори римӣ озод шуданд. Ӯ дараҷаҳои ададҳо – даҳиҳо, садиҳо, ҳазориҳо ва ғайраро ба математика ворид сохта, барои ифодаи дараҷаи холӣ рақами сифрро (0) пешниҳод сохт.

Ал-Хоразмӣ инчунин таснифи баробариҳои дараҷаи 1 ва 2-ро ба математика ворид сохта, шаш намуди онҳоро муайян намуд. Маълумсозии тартиби зарби бисёраъзогиҳо низ аз хизматҳои ин донишманд аст.

Ал-Хоразмӣ экспедитсияҳои илмӣ ба Рум ё Византия, Хазар (баҳри Каспий) ва Афғонистон ташкил карда, тӯли даври Заминро ба миқдори 40680 км муайян намуд, ки аз нишондиҳандаҳои муосир ҳамагӣ 200 километр фарқ дорад.

Бояд таъкид дошт, ки аз насаби ин математик – ал-Хоразмӣ мафҳуми «алгоритм» - тартиби иҷрои амалиёт пайдо шудааст. Аз мафҳуми «ал-ҷабр», ки дар номи китоби ӯ омадааст, истилоҳи «алгебра» ба вуҷуд омад. Ба ибораи дигар, агар ал-Хоразмиро асосгузори илми алгебра ҳисоб кунем ҳам, иштибоҳ нахоҳад набуд, зеро ӯ баробариҳои ростхатӣ ва квадратиро бо тарзи дигар ҳал намудааст: агар юнониён муодилаҳои мазкурро бо роҳи геометрӣ ҳал менамуданд, пас ин донишманд роҳи алгебравии ҳалли чунин муодилаҳоро пайдо намуд.

Як хидмати дигари ал-Хоразмӣ ин коркарди мафҳуми синус аст. Ин маъниро донишманд бо калимаи арабии «ҷайб» (яъне, киса) ифода кардааст. Тарҷумони китоби ӯ ин калимаро бо тарзи дигар хонда, онро ба лотинӣ «бухта» (халиҷ) – «синус» тарҷума кардааст, ки то ҳол ҳам дар математика дар шакли «Sin» машҳур аст.

Абулаббос Аҳмад ибн Муҳаммад ал-Фарғонӣ (798-861) низ аз донишмандони тоҷик буда, бо номи ал-Фрагунус дар Ғарб шӯҳрат дорад. Ӯ дар астрономия, математика ва география нақши босазое гузоштааст. Ал-Фарғонӣ асаре бо номи «Ҷамъи илмҳо оид ба ситораҳо» дорад, ки дар он оид ба 7 минтақаи иқлимӣ сухан меравад ва он ба тамоми забонҳои ғарбӣ тарҷума шудааст. Дар давоми 700 сол ин ва асарҳои дигари таълифкардаи олим ба ҳайси қомуснома ва китоби дарсӣ дар Шарқу Ғарб истифода мегардиданд.

Аз хизматҳои ал-Фарғонӣ дар илм ин аст, ки куррашакл будани Заминро исбот намуд. Бо истифода аз усулҳои математикӣ собит намудааст, ки рӯзи кутоҳтарин (23 декабр) ва рӯзи дарозтарин (22 июн) вуҷуд дорад. Ин донишманд ҳамчунин муқаррар намудааст, ки дар рӯи Офтоб доғҳо мавҷуданд. Ӯ ба таври дақиқ гирифтани Офтобро дар соли 832 исбот намуда буд.

Олими ориёинажод Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865-925) дар тамоми ақоси Шарқу Ғарб машҳур буда, дар рушди фалсафа, тиб, астрономия, физика, химия ва илмҳои дигар хидматҳои сазоворе намудааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 184 таълифоти илмӣ тааллуқ дорад, ки муҳимтаринашон «Ал-ҳовӣ» ва «Китоби тиббии Мансур» мебошанд. Ба шаҳодати академик М. Диноршоев Розӣ, «пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои тиб ва фалсафа дода, ба химия ва илмҳои дигари табиатшиносӣ низ машғул мегардид».

Абубакри Розӣ аз ҷавонӣ ба омӯзиши маъданҳо, махсусан фулузот оғоз карда буд. Ӯ фулузро иборат аз симоб, сулфур (сера) ва намакҳо медонист. Барои маърифати табиати маъданҳо ин олим се унсур – хосияти мавод, олот ва амалиётро муҳим медонист.

Бори аввал дар таърихи химия ӯ маводро ба минералҳо, растаниҳо ва ҳайвонот тақсим намуд. Минералҳоро бошад, Абубакри Розӣ аз шаш навъ иборат медонист: «руҳ» (спирт, маводи бухоршаванда); ҷисмҳо ё фулузот; сангҳо; сулфати мисс - купорос (хока); бӯрак (бӯр, сода ва ғ.); намакҳо.

Дар таълифоти Абубакри Розӣ таҷҳизоте чун колба, истакон, гармкунакҳо ва ғайра зикр шуданд. Ӯ амалиёти химиявиро, аз қабили обшавии ҷисмҳо, софкунӣ, тақтир, сахтшавӣ, булӯршавӣ ва ғайра тавсиф намудааст.

Бори аввал дар таърихи инсоният Абубакри Розӣ дар Бағдод шифохона ё госпитал бо маънии комили он таъсис дод, ки бо забони тоҷикӣ – «бемористон» номида мешуд. Дар ин бемористонҳо дафтарчаи бемор бурда шуда, дар онҳо шӯъбаҳои занона ва мардона дар алоҳидагӣ фаъолият мекарданд. Дар ин муассисаҳо ҳам муолиҷа мекарданд ва ҳам мутахассисонро таълим медоданд.

Абубакри Розӣ барои пешгирии нағзак эмкуниро ба кор мебурд. Ӯ бори аввал таҷҳизотро барои гирифтани ҷисмҳои бегона аз гулӯ ва истифодаи маводи махсусро барои дӯхтани ҷарроҳӣ пешниҳод намуд. Олим ба интихоби мавзеъ барои сохтмони бемористонҳо тавсияҳо дода, зарурати махсусгардонии ихтисоси табибонро таъкид доштааст, зеро, ба қавли ӯ, як табиб наметавонад ҳамаи бемориҳоро табобат кунад. Ӯ ёрии қаблии тиббӣ ба ниёзмандонро амри хеле муҳим шумурдааст.

Олими дигаре, ки дар рушди илмҳои табию риёзӣ саҳми бузург гузоштааст, Абу Ҷаъфар Муҳаммад ибн ал-Ҳасан ал-Ҳозин ал-Хуросонӣ (с.в. 971) буда, дар кишварҳои Ғарбӣ ҳамчун физики навовар эътироф гардидааст. Асари таълифнамудаи ӯ «Тавозуни хирад» яке аз китобҳои маҷмуӣ оид ба фанҳои табиию риёзӣ буда, қисмати он, ки ба гидростатика бахшида шудааст, ба забони англисӣ тарҷума шудааст.

Бо сабаби гузаронидани таҷрибаҳои зиёди физикӣ ал-Ҳозинро муосиронаш навовар дар физика ва механика ва «бозингар» меҳисобиданд. Асарҳои таълифкардаи ӯ ба ташкили зиҷҳо, омӯзиши кура, ҳамворӣ, масофа ва ҳаҷм, инчунин масъалаи имтидод бахшида шудаанд. Ин олим қонунҳои обшавиро кашф карда, методҳои муайянсозии онро барои ҷисмҳои сахт ва моеъ муайян сохт. Ал-Ҳозин тарозуи махсусеро ихтироъ намуд, ки барои чен кардани вазни моддаҳо дар ҳаво ва об истифода мегардид. Ӯ аз нахустин олимоне мебошад, ки ҳарорати ҳаво ва фишори онро андоза намудаанд.

Абул Вафо Муҳаммад ибн Муҳаммад ал-Бузҷонӣ (940-998) низ аз олимони тоҷику форс буда, дар Ғарб ҳамчун нобиғае шумурда мешавад, ки кишварҳои ғарбиро маърифатнок намудааст. Ӯ дар соҳаҳои математика ва астрономия хидматҳои бузурги илмиро ба анҷом расонидааст.

Ал-Бузҷонӣ ба китоби Птоломей (100-160) - «Ал-маҷест» тафсирҳо навишта, донишҳои замонаашро оид ба астрономия ҷамъоварӣ намуд. Омӯзиши пурраи динамикаи ҳаракати Моҳ аз хизматҳои шоистаи ӯст. Ҳамаи ин ҳисобу китоби мутафаккир оид ба назарияи ҳаракати Моҳ ба илми Ғарб гузаштанд.

Ал-Бузҷонӣ функсияҳои тригонометрии тангенс ва котангенсро ба илм ворид сохта, ҷадвалҳои онҳоро тартиб дод, инчунин бо дурустии дақиқ синуси як дараҷаро муайян сохт. Ӯ формулаи синуси ҷамъи ду кунҷро ба геометрия ворид намуда, дар баробари ал-Хуҷандӣ (940-1000) ва Ибн Ироқ (960-1036) теоремаи синусҳоро барои секунҷаҳои куррашакл исбот намуд.

Асарҳои таълифнамудаи Ал-Бузҷонӣ оид ба арифметика ва геометрия ба забонҳои аврупоӣ тарҷума шуда, ҳамчун китоби дарсӣ мавриди истифодаи васеъ қарор доштанд.

Фарзанди фарзонаи тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ (940-1000) ихтироъкор, мунаҷҷим ва риёзидон буда, дар сохтани устурлоб ва дигар асбобҳои нуҷумшиносӣ саҳм доштааст. Ин донишманд тавассути асбобҳои сохтаи худ нахустин маротиба бузургии майли мадори Офтобро баробар ба 23°32’21" муайян кардааст, ки ин бузургӣ, ба қавли олимони муосир, аз бузургии муайяннамудаи ситорашиноси амрикоӣ Саймон Нюком - 23°34’13" хеле кам фарқ мекунад.

Абумаҳмуди_Хуҷандӣдар илмҳои риёзӣ ва ҳандаса низ саҳми зиёд дошта, ба теоремаи машҳури математикӣ, ки бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ин математики фаронсавӣ, яъне Пйер Ферма (1601-1665) ибтидо гузошта буд. Ҳамчунин, ин донишманди тоҷик дар илми тригонометрия теоремаи синусиро барои секунҷаи куравӣ исбот кардааст.

Ба қавли муаррихони тарҷумаи ҳолаш Абумаҳмуди Хуҷандӣ устоди ду олими бузурги тоҷик – Абурайҳони Берунӣ ва Абуалӣ ибни_Сино будааст.

Хизматҳои бузурги Ибни Сино (980-1037) - донишманди маълуму маъруфи тоҷик дар рушди илмҳои табию риёзӣ ба ҳамагон равшананд. Ӯ ҳамчун файласуф ва табиб дар байни мардуми арабу Ғарб низ маҳбубияти зиёде дорад. Хизматҳои ӯ, махсусан, дар рушди тиб хеле бузург буда, то кунун ҳам барои мардуми олам аҳамияти худро гум накардаанд. Китоби машҳури ӯ «Ал-қонун фит-тиб» то асри XVIII китоби рӯимизии тамоми табибони Ғарб будааст.

Ибни Сино бори аввал аҳаммияти нишонаҳо (симптомҳо)-и бемориҳоро дар ташхиси онҳо муайян сохт. Ӯ рагҳои хунгузарониро ба набзӣ (артерия) ва ором (вена) тақсим намудааст. Ибни Сино нишонаҳо ва тартиби муолиҷаи саратон, махав, баромадани мушаку устухонҳо, ҷароҳатҳои сӯхта ва ғайраро муайян сохт. Табиби ҳозиқ бори аввал фарқияти вабо ва тоун (холера ва чума)-ро нишон дод.

Ибни Сино пешгирии касалиҳоро тавассути риояи гигиенаи шахсӣ, тарбияи варзишии бадан ва риояи реҷаи хӯроку хоб муайян кардааст.

Кашфи бактерия, вирус, симоби сурх ба Ибни Сино нисбат дорад. Ӯ 700 ва зиёда аз он маводи табобатиро тавсиф дода, дар тибби муосир то ҳол ҳам зиёда аз 80 дору тибқи дастурҳои ӯ истеҳсол мешаванд. Зиёда аз 150 растании шифобахш, ки Ибни Сино тавсиф намудааст, имрӯз ҳам аз ҷониби табибон барои муолиҷаи беморон истифода мегарданд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, шодравон академик М. Диноршоев қайд кардаанд: «Ибни Сино таъсири пурсамаре ба рушди фарҳанги маънавии Аврупои Ғарбӣ тавассути осори худ гузоштааст, зеро онҳо бо ин осор хеле барвақт ошно гардида буданд. Аллакай дар асри XII китоби машҳури ӯ «Алқонун фит-тиб» ва фаслҳои алоҳидаи китоби энскилопедии ӯ «Шифо» ба лотинӣ тарҷума шуда буданд… Таъсири афкори Ибни Сино хеле бараъло дар осори Роҷер Бэкон, Алберти Бузург, Фомаи Аквинӣ, Дунс Скот, Уилям Оверенский мушоҳида мегардад».

Шоиру файласуфи машҳури тоҷику форс Умари Хайём (1048–1131) на танҳо дар адабиёту фалсафа, балки дар соҳаи астрономия ва математика низ олими шинохта мебошад. Ӯ тақвим ё зиҷи Маликшоҳиро тартиб дод, ки аз тақвими юлианӣ ва баъдтар григориании масеҳӣ ҳафт сония дақиқтар буд.

Дар соҳаи математика бошад, Умари Хайём бо кашфи таснифи муодилаҳои кубӣонҳоро бо роҳи бурришҳои конусӣҳаллу фасл намуд. Ин исботи теоремаҳои геометрӣ қабл аз геометрияи Н.Н. Лобачевский (1792-1856) ва Б. Риман(1826-1866) буд. Мутафаккир ба алгебра формулаи биномро ворид сохт, ки баъдтар бо номи биноми Нютон машҳур гардид. Ҳамзамон, Хайём пешгӯӣкарда буд, ки муодилаҳои кубӣ се решаи мусбат доранд, ки бо формулаи Ҷ. Кардано (1510-1576) баъдтар исбот гардид. Ин мутафаккир таносубҳои Евклидро (325-265 то мелод) бо назарияи ададӣиваз намуд. Ӯ инчунин бори аввал дар илм тавсеаи мафҳуми ададро то адади аслии мусбат асоснок намудааст.

Маълумоти дар боло зикршуда ба хубӣ собит месозад, ки мардуми тоҷик на танҳо дар асрҳои миёна ба илм, хусусан илмҳои табиию риёзӣ, ҳандаса, тиб ва соҳаҳои дигар таваҷҷуҳи хосса доштанд, балки дар замони муосир ҳам метавонанд дар саффи пеши донишмандону муҳандисони олам қарор дошта бошанд. Барои ин бояд ба омӯзиши фанҳои фавқуззикр дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла, дар таҳсилоти иловагӣ таваҷҷуҳи бештар равона шуда, рушди тафаккури ақлонию мантиқӣ, техникӣ ва табиию риёзии наврасону ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ва худи онҳо, аз ҷумла тавассути омӯзиши осори ниёгон оид ба илмҳои табиию риёзӣ қарор гирад.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

«Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад»

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардида, дар назди халқу миллати тоҷик иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Бо зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиклол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар охири асри 20-ум ба даст омадааст. Ин неъмати бузургро баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.

Истиқлолият рамзи сохибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷахонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра хамсадо месозад.

Кишвари азизи мо Тоҷикистон макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёру қаҳрамонон аз қабили Тусунзодаву Айнӣ, Рудакиву Сино, Сомониву Темурмалик, Бобоҷон Ғафурову Эмомалӣ Раҳмон ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд, мебошад. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдустон аст. Он сарзаминест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои нодирро гирди худ ҷамъ намудааст. Боиси таъкиду зикр аст, қаҳрамон ва шахсияти барҷастаи тоҷик Темурмалик, ки ба муқобили муғулҳо мубориза мубурд ва ин як порча замини тоҷиконро ҳифз мекард, баъди маргаш аз ҷуздони ӯ хате бо як каф хок ёфтанд, ки дар он навишта шуда буд: “Он касе, ки ин хатро мехонад, агар шахси комил ва ватандӯст бошӣ маро бо ҳамин як каф хоки Ватанам ба хок супор”.

Садриддини Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Мақсум, Мирзо Турсунзода ва дигар шахсиятҳое буданд, ки хизматҳои арзанда карданд барои шуҳратёру шуҳратманд шудани Тоҷикистони азизамон ҳатто ҷони пурарзиши худро дареғ надоштанд.

Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт. Ба он миллат сару коре надорад, Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст. Солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оред, солҳои 1992 мардуми тоҷик рузҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, душманони халқ Тоҷикистонро ба ду қисм ҷудо карда буданд. Саркардагони ин кору амалро ҳеҷ вақт миллати тоҷик намебахшад.

Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд.

Ин сарзамини куҳанбунёдро сиёсатмадори тавоно ва хирадманд Пешвои воқеии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Маҳз бо заҳматҳо ва талоши ин марди хирад мо соҳибистиқлолии худро ҳифз кардем, миллат ва давлатро аз парокандагӣ наҷот додем ва сулҳи деринтизорро ба даст овардем.

Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози асри XXI масъалаи обро дар сатҳи байналмиллалӣ, ба миён гузошт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд. Яъне, соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015, “соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013” ва даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 шоҳиди ин гуфтаҳо мебошанд. Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бо иттифоқи оро қабул кард. Қатъномаи мазкур аз Қатномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Имрӯз ҳар яки мо чун як фарди Тоҷикистони бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуда, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эьтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як нажоданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои пешқадам ва пешрафта табдил ёфта истодааст, дорои потенсиали бузурги тавлиди нерӯи барқ, заводҳои муқтадир, иншоотҳои баланд ва зебо, мардумони поку адолатпешаву босиришт, меҳмондӯсту меҳмоннавоз, аз ҷиҳати иқтисоди пешрафта, дорои сангҳо ва сарчашмаҳои бойу ғанӣ, ҷойгузин ва тамошоҷойи миллионҳо нафар хориҷиён аз шарқу ғарб ва аз шимолу ҷануб мебошад.

Тоҷикистон дорои фарҳанги бойу ғанӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик дар қадимулайём ба кандакорӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, расомӣ, сиказанӣ ва кулолгарӣ машғул буданд. Пешвои миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021-ро солҳои “Рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд, ки ин ҳам чун эҳтиром ба фарҳанги мардумӣ ва ҳифзи ҳунарҳои бостонии аҷдодон мебошад. Тоҷикистони азиз имрӯз 33 –юмин солгарди Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад.

33- соли муззаффариятҳо, кашфиётҳои қуллаҳои баланд, комёбиҳои дастрас ва имконпазир.

33- соли ободониву кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расидан ба некбахтиву озодиву Сулҳу Ваҳдат.

33- соли хандаҳои кӯдакон, хурсандӣ ва шодиву нишоти пиру барно.

33- соли дастовардҳои назаррас дар соҳаи илму маориф.

33 – соли пурбарор дар самти сиёсати муваффақ.

33 - соли комгор дар таъмир ва аз навсозии роҳҳои кишвар.

33 – соли муваффақиятҳо ва комёбиҳо дар сиёсати хориҷии кишвар.

Боиси зикр аст, ки дар ин даврони истиқлолият зану мард ва пиру барно дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолияти хеш камари ҳиммат бастанд. Дастовардҳои бузурги кишвар дар даврони истиқлолият ба мардум қуввату нерӯ ва тавонои бахшида, онҳоро ба комёбиҳо ва дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат ва чаманистони дунёи орзуст.

Сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоки гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор мекунам. Насли поки оли Сомонаму меҳру муҳаббат покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.

Самараи неки истиклол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон — манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори хар як точик ва тоҷикистонист. Мо бояд барои рушду такомули ин миллати баруманд аз дилу ҷон талош варзем.

Ҳабибҷон Мирзоев – ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих

212121222Аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини баробҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки аввалин маротиба дар таърихи давлатдориамон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, муқаррар намуд, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз ҷинс ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (банди 1 маддаи 17). Бар замми ин дар банди дуюми моддаи мазкур муқаррар намуд, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Ин маънои онро дорад, ки мамлакатамон ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияву барномаи давлатӣ қабул гардидаанд, ки мақсадашон фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои занону духтарон мебошанд. Муҳимтаринашон инҳоянд:

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;

– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);

– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;

– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);

– Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;

– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5 ва ғ.

Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб нисфи аҳолиро занону духтарон ташкил медиҳанд, аз ин рӯ агар нисфи аҳолии мамлакат имконияти маҳдуди амалӣ гардидани ҳуқуқҳояшонро дошта бошанд, ба ҳадафҳои рушди устувор расидан имконнопазир аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз қабули санадҳои ҳуқуқию сиёсӣ дар бахши ҳуқуқи занон аз сабаби ҷой доштани қолабҳои гендерӣ дар ҷомеа мушкилиҳо дар таъмини имкониятҳои амалигардонии ҳуқуқҳои занону духтарон ҷой доранд. Масалан, шумораи занон дар идоракунии давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, бахшҳои хусусӣ, идоракунии комплекси агросаноатӣ ва ғ. нисбат ба мардон каманд. Чунин тамоюл дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ҷой дорад. Яке аз сабабҳои асосии чунин мушкилон норасоии кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занону духтарон мебошад. Барои он ки ин мушкилот бартараф карда шавад, зарур аст, ки занону духтарон таҳсилро идома диҳанд.

Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои «насли дуюм»-и инсон (ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ) ба ҳисоб меравад. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ чаҳор хусусияти асосии ҳуқуқ ба таҳсилро муайян мекунад: мавҷуд будан, дастрас будан (бидуни табъиз, дастрасии ҷисмонӣ ва иқтисодӣ), қобили қабул будан ва мутобиқшавӣ ба таҳсил. Моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ ба таҳсилро бо шароити якхела ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон пешбинӣ намудааст.

Маълум аст, ки пас аз хатми таҳсилоти асосӣ дар фарқият аз писарон шумораи зиёди духтарон таҳсилро давом намедиҳанд ва дар оянда аз имконияти гирифтани маълумоти олӣ маҳрум мегарданд. Аз шумораи духтароне, ки синфи 9-ро ба итмом мерасонанд, қисми камашон ба коллеҷу техникумҳо дохил шуда, дорои маълумоти миёнаи махсус мегарданд. Бинобар ин, зарурияти андешидани тадбирҳои муассири ҷалби духтарон ба таҳсилоти миёна ва олӣ ба миён омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бахшида ба муносибати Рӯзи дониш санаи 1 сентябри соли 2024 ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд намуданд, ки хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад.

Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки дар соли 2023 аз шумораи хатмкардагони синфи 9 қариб 26%-и онҳо таҳсилотро давом надодаанд. Аз ин рӯ, сардори давлат қайд намуданд, ки аллакай дастур дода шудааст, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, масъалаи идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Акнун дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, уҳдадоранд, ки таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ идома дода, соҳибкасб шаванд.

Ин иқдоми Пешвои миллат баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои пешгирифтаи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Баҳри дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат Э. Раҳмон дар бахши зиёд кардани кадрҳои баландихтисосу роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 қабул гардидааст. Ҳадафи асосии барномаи мазкур то 25% расонидани шумораи занони роҳбарикунанда ва то 30% расонидани шумораи занон-хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Ҳоло сохторҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ созмонҳои байналмилалӣ ба зиёд кардани шумораи занони роҳбар ҳавасманданд. Ҳизбҳои сиёсии мамлакатамон дар Стратегияи гендерии худ назди худ вазифа гузоштаанд, ки шумораи номзадҳоро ба вакилии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ то 30-40% зиёд кунанд. Ба таҳсил фаро гирифтани шумораи зиёди духтарон эҳтимолияти пайдо кардани духтарони босавод ва кордонно зиёд мегардонад.

Дар 7 соли охир фоизнокии фарогирии духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ аз шумораи умумии духтарон зиёд шуда бошад ҳам, кор дар ин самт беҳбудӣ мехоҳад.

Дар ин баромадашон сарвари давлат чунин таъкид намуданд: “Мо бояд хуб дарк намоем, ки фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд. Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Дигар ин ки мову шумо дар ин дунё абадӣ нестем”. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Пешвои миллат ба ҷавонон эътимоди комил доранд ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонамонро аз онҳо умед доранд, аз ин хотир аз падару модари ҳар як фарзанд даъват ба амал меоранд, ки ба таҳсилоти фарзандонашон монеа эҷод накунанд, дар таълиму тарбияи онҳо масъул бошанд.

Моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011 падару модарро уҳдадор мекунад, ки ба таҳсили фарзанд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд, ӯро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълим шароити муносиб муҳайё намоянд, донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд.

Барои вайрон намудани ин муқаррароти қонун ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст. Аз ҷумла, қисми 1 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: “Барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, - ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.

Қонуни ҷиноятӣ нисбати иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин уҳдадорӣ ба зиммааш қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби омӯзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар ин кирдор бо муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ алоқаманд бошад, - бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад”.

Аз ин рӯ, падару модарон ва намояндагони қонунии кӯдак дар таътиму тарбияи ӯ масъулияти баланд доранд ва ҳуқуқ надоранд, ки бо рафтори бераҳмона садди роҳи таҳсилоти миёнаи онҳо гарданд.

Пешвои миллат дар баромадашон бахшида ба Рӯзи дониш аз падару модар ва намояндагони қонунии фарзанд даъват ба амал оварданд, ки ба фарзандон, пеш аз ҳама, ба духтарон илму дониш ва касбу ҳунар омӯзонида шавад, то онҳо дар зиндагии ояндаи худ – дар замонаи пешрафти илм, техникаву технологияҳои муосир ва асри зеҳни сунъӣ азият накашанд ва бори дӯши падару модар нашаванд. Ибоз гардид, ки ҳангоми сафарҳои корӣ ва боздид аз корхонаҳои дӯзандагӣ Пешвои муаззами миллат мушоҳида кардаанд, ки аксари коргарон занони миёнсолу калонсол мебошанд. Вақте пурсидаанд, ки барои чӣ дар вақташ нахондаанд, ки соҳиби илму дониш шаванд, бонувон дар ҷавоб иброз доштаанд, ки дар вақташ шароиту имконият надоштанд.

Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри илмомӯзии занону духтарон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.

Бо иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат аз соли 1997 то инҷониб квотаи президентӣ амал менамояд, ки аз он духтарон аз деҳоти дурдасти мамлакат истифода бурда, дорои маълумоти олӣ мегарданд ва дар ноҳияҳои худ ба вазифаҳои роҳбарикунанда, корҳои давлатию хусусӣ аз рӯи ихтисоси худ ҷалб карда мешаванд. Ҳоло тахминан 13000 нафар духтарон аз ин имконияти муносиб истифода бурда, соҳибкасб гардидаанд ва дар рушду нумӯи кишварамон саҳми муносиб гузошта истодаанд. Ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки квотаи президентӣ ба духтарони деҳоти дурдаст аз рӯйи ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, махсусан дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, саноат, энергетика, бонкдорӣ ва алоқа ҷудо карда шавад, зеро дар даҳсолаи охир дар тамоми минтақаҳои мамлакат сохтмони бинову иншоотҳои хурду бузург бо суръат ҷараён дорад, саноатикунонии кишвар ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ҳадафҳои стратегии кишварамон мебошанд, ҳаёти мардум бо низоми бонкию соҳаи алоқа вобастагии зиёд пайдо кардааст ва қонеъ намудани эҳтиёҷоти онҳо хело зарурат дорад. Занон низ ба монанди мардон дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ буда, аз уҳдаи иҷрои корҳои масълиятнок ва душвор мебароянд. Ҷорӣ намудани баъзе маҳдудиятҳо ҷиҳати истифодаи меҳнати занон дар корҳои вазнину зеризаминӣ танҳо мақсадаш ҳифзи модарӣ ва солимии насли оянда мебошад.

Маълум аст, ки ҳар як ноҳия дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, эҳтиёҷотҳои гуногун ба мутахассисон дорад, аз ин рӯ дар Барнома мақсад гузошта шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор таҳқиқот ҷиҳати муайян намудани талаботи минтақа ба ин ё он ихтисос гузаронида шавад.

Мо итминони комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, масъулияти қонунии худро дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҷо меоранд ва уҳдадорӣ ҷиҳати идома додани таҳсилоти миёнаи духтарон ба зиёд гардидани шумораи бонувони соҳибмаълумоту соҳибкасб оварда мерасонад. Бо ин роҳ ба мақсадҳои рушди устувор расидан ва амалӣ гардидани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд расидан мумкин аст.

Ҷабборов Ф.Н. – ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.

321Таърих гувоӽ аст, ки забонӽое, ки аз саҳнаи сиёсат дур мешаванд, қудрату тавонро аз даст дода, бемору заифу нотавон мегарданд ва оқибат муқовимату истодагариро дар баробари фишору тазйики забонҳои ҳоким аз даст дода, рӯ ба нестӣ меоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Забон дар паҳно ва сояи давлат қувват ва неру мегирад ва давлат аст, ки барои рушду нумуи забон муҳити мусоиди зисту амал фароҳам меорад. Дар ӽама давру замонӽо миёни забону хат, давлат ва ӽувияти миллӣ пайванди мустақил вуҷуд доштааст.

Ҳар гоӽе ки ин пайванд мустаӽкам ва неруманд гардидааст, забон марӽилаи рушду такомулро дар паноӽи давлати муқтадир паймудааст ва ӽувияти миллӣ низ дар беӽтарин ваҷӽ ба зуӽур омадааст. Ва, баръакс, суст шудан ва ё аз байн рафтани пайванди мазкур боиси заъфу нотавонӣ ва ҳатто маҳву фанои забон ва ҳувияти миллӣ гардидааст»

Дороии асосии ӽар як қавму миллат забони ӯст. Ин аст, ки забонро рукни муӽимми давлатдорӣ ном мебаранд. Забон омили муҳими ташаккули миллат, баёнгари сарнавишт, мояи ифтихору сарфарозии соӽибзабонон мебошад. Таърихи ӽар халқу миллат дар забони ӯ таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, тамоми миллату халқиятӽо ба забон эӽтироми шоиста доранд. Забон дар ӽаёти инсон нақши бисёр муӽим дошта, барои рушди маънавиёти ӯ хизмат менамояд.

Имрӯз дар бораи забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он фикрҳои гуногун пайдо шудаанд ва аз тарафи баъзеҳо фарзияҳо ва тахминҳои бебунёд ва ғайриилмӣ пешниҳод мегардад. Барои ҳамин пажуҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихи этникӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи этноними "тоҷик" барои устуворсозии босанад ва бодалели мавҷудияти миллати тоҷик дар вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик аҳаммияти ҳалкунанда касб мекунад. Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллӣ бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Бархе ақида доранд, ки гӯё забони тоҷикӣ асос ва заминаи илмӣ ва таърихӣ надорад ва он гӯё барои тақсимбандии забони ягонаи форсӣ ба таври сунъӣ номгузорӣ шудааст. Ин ақида бештар дар байни фарҳангиён ривоҷ дорад ва онҳо гӯё тарафдори ягонагии забони мо бо гунаҳои дигари он дар Афғонистону Эрон мебошанд. Агар баъзеҳо забони тоҷикии моро бештар дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд намоянд, дигарҳо ба ягонагӣ ва ваҳдати форсизабонон ва тоҷикзабонони дунё зарба мезананд. Дар байни мардуми мо ва халқҳои Эрону Афғонистон мухолифат меандозанд. Ҳол он ки барои ҳар як равшанфикри каму беш аз таърихи забони мо бохабар маълум аст, ки агар қабилаҳову халқҳои сомиву аврупоӣ бо фарҳангу тамаддуни мо ба воситаи форсиёну форсизабонон ошно шуда забони моро «форсӣ» номида бошанд, халқҳои туркзабону мардуми Чину Ҳиндустон ба воситаи мардуми тоҷик бо фарҳанги мо-ориёиҳо ошно шуда забони моро«тоҷикӣ» хондаанд.

Аз таърихи ниёгони мо чандин намунаҳо овардан мумкин аст, ки аҷнабиён давлатҳои бузурги Ҳахоманишиёнро Модҳо (дар истилоҳи юнониён Медейҳо) ва Сосониёнро Портҳо номидаанд, зеро онҳо идомаи мустақими давлатҳои Мод нисбат ба Ҳахоманишиён ва Порт нисбат ба Сосониён буданд, забони паҳлавӣ дар давраҳои баъдӣ ҳам забони паҳлавии ашконӣ (портӣ) ва ҳам забони форсии миёна (порсӣ)- фаро мегирифт. Аз тарафи дигар ба номи забони ориёӣ ифода шудани забонҳои авестоӣ (аз номи китоби “Авасто”), форсии бостон (идомаи забони авестоӣ дар аҳди “Ҳахоманишиён”) ва бохтарии миёна (аз номи кишвари Бохтар дар аҳди Кушониён) ё тахориву балхӣ намунаи як пояи умумӣ доштани забони имрӯзаи мову шумо, яъне тоҷикиву форсиву дарӣ мебошад.

Албатта, оид ба номи забони мо асару мақолаҳои зиёде аз тарафи донишмандони ватаниву хориҷӣ навишта шуда, фикру назарҳои гуногун баён гардидаанд. Бо изҳори сипос ба ҳамаи ин донишмандон мо ақидаи се нафар бузургони илму адаб ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсиву иҷтимоиро, ки як андоза назари расмиву давлатии даврро инъикос мекунанд, ба таври мухтасар меорем. Нахуст назари устод Айниро оид ба номи забони мо меорем. Устод Айнӣ дар баробари таҳия ва эҷоди асарҳои адабӣ ва таърихӣ дар бораи забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳои он, масъалаҳои имло, сабк ва услуби забонии адибону нависандагон, фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносӣ як силсила мақолаҳову асарҳо офаридааст. Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин бахш ҳам ӯ ба ҳайси яке аз поягузорони илми забоншиносӣ дар асарҳои худ барои асолат ва покизагии забон, сода ва оммафаҳм намудани забони адабӣ, дастраси оммаи васеъ кардани захираҳои луғавии забон хеле заҳмат кашидааст.

Ӯ дар мақолаи «Маънии калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷои корфармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима», ки нусхаи аслии он гум шуда он аз рӯи тарҷумаи Н. Н. Ершов баъдан ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, вожаи "тоҷик"-ро муфассал шарҳ додааст. Он аз панҷ фасли кутоҳ иборат буда, фасли аввали он «Шаклҳои калимаи «тоҷик» номгузорӣ шудааст. Дар он шаклҳои талаффузи калимаи «тоҷик», тоҷак, тозик, тозак, тожик оварда шуда, ба қавли устод «Аз таълифоти муаллифони тоҷик-форс маълум мешавад, ки шакли асосӣ, аввалин ва аслии ин калима «тоҷик» бо мадди зерин аст»… Шаклҳои дигари он «бо кайфи «котибон» ё «барои дар вазн ғунҷондан бо хоҳиши шоирон» пайдо шудааст. Дар масъалаи бадалшавии овози «ҷ» ба «з» ӯ ақида дорад, ки он зери таъсири талаффузи туркӣ(тоторҳо «Тоҷиев»-ро «Тозиев» мегуянд) пайдо шудааст. Шакли «тожик» аз «тозик» гирифта шудааст ва бештар он дар луғатҳо дида мешавад.

Дар фаслҳои ду ва се «Луғатҳои Шарқ дар бораи калимаи «тоҷик» ва шаклҳои дигари он», «Ба чӣ маъно ва дар кадом мавқеъҳо кор фармуда шудани калимаи «тоҷик» ва шаклҳои дигари вай дар таълифоти тоҷикӣ-форсӣ» устод Айнӣ аз фарҳангҳои мухталиф намуна оварда, онҳоро шарҳу эзоҳ медиҳад. Ӯ асосан ба шарҳҳои ду фарҳанг – «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддини Мустафоободӣ (1827 – соли таълиф) ва «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммад Ҳусейн (Бурҳон ибни Халифи Табрези) (1652-соли таълиф) такя намуда бо далелҳои муътамад хулосаи онҳоро рад мекунад ва тафсири онҳоро беасос «аз мантиқ хеле дур» ва «пойдарҳавои ночаспон» мешуморад. Ӯ менависад: «Тоҷик»-ро бе ҳеҷ шоҳид ва ҳуҷҷат «авлоди араб» гуфтан ё «аксари онҳо савдогар» гуфта ва «гоҳо мурод аз тоҷик савдогар бошад» гуфтан тамоман «варсоқихонӣ» ва суханҳои ҳавоякианд!...

Ӯ дар охирин банди хулосаи худ дар ин мақола чунин мефармояд:

“Он халқҳои Осиёи Миёна ва Хуросон, ки инҳоро баъд аз исломият «тоҷик» ва забонашонро «форсӣ» ё ин ки «тоҷикӣ» номидаанд, киҳо буданд?

Инҳо ҳамон халқҳои Осиёи Миёна ва Хуросон буданд, ки чандин аср пеш аз исломият дар сарзаминҳо ба тариқи муқимӣ – дар шаҳрҳо ва деҳаҳо ба хонаву ҷой зиндагонӣ карда, ба зироат ва касбҳои дастӣ умргузаронӣ мекарданд – инҳо ҳамон суғдиён буданд, ки дар шаҳрҳои марказии Мовароуннаҳр, дар канорҳо, водиҳо ва кӯҳҳои Зарафшон ва Бохтариёну Тахориён буданд, ки бо марказияти Балхи қадим дар Хуросон ва Чағониён буданд, ки бо марказияти Тирмиз ва Ҳисори шодмони имрӯза дар канорҳои рости дарёи Омӯя зиндагонӣ мекарданд."

Ба хулосаҳои мухтасари устод С.Айнӣ фақат ҳамин нуктаро илова мекунем, ки аз намунаҳои овардашуда маълум мегардад, ки аз асри ХII (асари дастнависи Ҳоҷиабдухолиқ Ғиждувонӣ) то соли таълифи «Равзат-ус-сафо»-и Носирӣ (1858) вожаи тоҷик ба маънои қавм, халқ барои тамоми мардуми эронитабори форсизабон истифода мешудааст.

Академик Б.Ғафуров таъкид мекунад, ки аллакай дар асрҳои 7-8 забони форсии дарӣ дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна, аз ҷумла ҷануби Тоҷикистон мавқеъ ва мақоми устувор доштааст ва сипас аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва мадании Хуросони шимолӣ ба тамоми Мовароуннаҳр интишор ёфта, ба тадриҷ ҷои забонҳои шарқи эронии Осиёи Миёна-суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт.

Осор ва фаъолияти илмиву фарҳангии Бобоҷон Ғафуров асосан ба тарғиб ва ба таври илмӣ асоснок кардани гузаштаи таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик нигаронида шуда буд, ки пойдевори ин мубориза асари безаволи устод Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мебошад. Махсусан, масъалаҳои пайдоиши ном ва ватани забони мо дар ин асари беҳамто аз тарафи устод Бобоҷон Ғафуров ба назарияҳои илми забоншиносӣ оид ба пайдоиш ва инкишофи забонҳои эронӣ такя намуда, тамоми ҷанбаҳо ва паҳлуҳои гуногуни этногенези тоҷиконро аз оғози пайдоиши қабоили эронӣ, минтақаҳои сукунати онҳо дар давраҳои гуногуни таърихӣ, ёдгориҳои таърихиву забонӣ ва хосатан истифодаи калимаҳо ва истилоҳҳо ба назар гирифта ақида ва андешаҳои мутлақи худро баён накарда домани баҳсу андешаро боз нигоҳ медорад. Дар бораи масъалаҳои илмии таҳқиқи таърихи такомул ва ташаккули забони тоҷикӣ ӯ бо такя ба фарзияву тахмин ва андешаҳои Маликушшуаро Баҳор, А. Мирзоев, Е.Э. Бертелс, В.А. Лившитс, Ж. Лазар ва дигарон чунин мегӯяд: "Бисёр масъалаҳои муҳими ташаккул ва такомули забони тоҷикӣ ҳанӯз мавриди тадқиқи амиқи забоншиносон нашудааст: масалан, ҳоло ҳам масъалаи замон ва макони ташаккули ин забон баҳснок мебошад."

Ва сипас дар бораи минтақаҳои инкишоф ва паҳншавии забони тоҷикӣ ақидаҳои махсуси забоншиносони даврро оварда дар зимн фикру андешаҳои худро баён менамояд. Махсусан, андешаҳои ӯ дар бораи паҳншавии забони тоҷикӣ ба минтақаҳои Ҷануби Тоҷикистон ва Ҷануби Узбекистон хеле ҷолибанд: Ӯ дар ин бора чунин менависад:

«Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбиэронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форсӣ аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла, унсурҳои забони портиро ҳазм менамояд ва билохир, дар ин забон аломату хусусиятҳои бисёр, лаҳҷаҳои бисёр, лаҳҷаҳои ғарбиэронӣ бо ҳам омезиш меёбанд».

Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: «Забон муӽимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ӽозира ва маҷмуи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад ва яке аз арзишмандтарин сарчашмаҳои мероси гузаштагон барои наслҳои оянда арзёбӣ мегардад. Тавассути забон одамон бо ҳамдигар муошират карда, аз ҳоли ҳамдигар хабардор мешаванд ва таассуроташонро баён месозанд. Ҳангоми гуфтугӯ ва баёни фикр асолати забон боз ҳам равшантар зоҳир гардида, рукни тавонманд ва сарнавиштсоз будани он ошкор мешавад» Забон падидаи фарӽангие мебошад, ки одамонро ба ӽам муттаӽид менамояд, ба воситаи он ӽар як инсон шахсияту ӽувияти хешро мешиносад, ҷаӽонбиниашро бою ғанӣ мегардонад. Дар забон анъана, расму оин ва дигар суннатҳои ин ё он халқ ифода меёбад. Тавассути забон инсон арзишҳои маънавии халқи худро ҳифз намуда, ба онҳо арҷ мегузорад. Забон ганҷинаи нодиру бебаҳо ва оинаи ҳаднамои ҳар қавму миллат аст.

Имрӯз омӯзиши забон ҳамчун як роҳи пурмаҳсули тафсири фарҳанги инсон мушоҳида мегардад. Ҳар як халқу миллат дорои забони табиии худ мебошад. Дар ҳар як забон таъриху фарҳанг ва маданияту хусусиятҳои хоси ин ё он халқ таҷассум ёфтааст, ки барои забоншиносии маърифатӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти калон дорад. Забон бо пайдо шудани ҷомеаи инсонӣ дар шакли муошират (гуфтор) ба вуҷуд омадааст. Аз ин сабаб, як гурӯӽ муӽаққиқон ба он назаранд, ки ӽангоми таӽқиқи консепти «забон» пеш аз ӽама бояд ба фолклор (эҷодиёти даӽонакии халқ» рӯ овард, чунки ибтидои бунёди забон маҳз дар фолклор таҷассум ёфтааст.

Агар ба забон муносибати ғамхорона аз ҷониби соҳибзабонон зоҳир нагардад, барои рушду инкишофи он саъйу талош карда нашавад, баробари рушду инкишофи илму техника ва технологияи навин гом наниҳад, забон низ ба бечорагӣ нотавонӣ гирифтор шуда, аз байн меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худашонро вобаста ба рушду ташаккули забон чунин баён намудаанд: «Масъалаи ташаккули забони илм ва истилоҳот имрӯз дар ҷомеаи мо беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад, зеро дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва сели хурӯшони ҳаводиси рӯзгори пурошӯби мо танҳо забони тавонманд ва ҷавобгӯйи ниёзҳои илм ва фановарии муосир бо имконот ва собиқаю салиқаи худ метавонад дар баробари ин раванду ҳаводис устувору побарҷо монад. Баръакс, забоне, ки ҳамқадами замон нест ва соҳибону алоқамандони ин забон барои рушду густариши он дар заминаҳои мухталифи илму фан аз худ кору пайкори ҷиддии мондагор нишон намедиҳанд, маҳкум ба нобудист ва ногузир аз байн хоҳад рафт».

Забон бо ҷамъият ва бо соӽибони худ алоқаи зич дорад, зеро маӽз ба туфайли ҷамъият забон вуҷуд дорад. Ҷамъияту забон дар як вақт ба вуҷуд омада, яке аз омилӽои асосии пайдоишу рушди инсон маӽсуб меёбанд. Ба пайдо шудани равияи нави забоншиносии маърифатӣ ва фарӽангӣ диққати муӽаққиқон ба омӯзишу таӽқиқи забон ва инсон бештар гардид. Ин ҳама шарҳи он аст, ки забон калиди низоми андешаи инсон ба табиати равонии ӯ буда, барои тавсиф намудани миллат хизмат мерасонад. Маӽз дар забон, пеш аз ҳама тариқи матбуот, нодиртарин ва пурқиматтарин офаридаҳои нобиғаҳо - олимон, шоирону нависандагон, хуллас фарзандони оқилу донои халқу миллатҳои гуногун таҷассум меёбад. Аз рӯи захираи вожагон ва истилоҳҳои забон метавон дар бораи пешрафту шукуфоӣ ва ё камбудиву норасоиҳои ин ё он соҳа маълумот пайдо намуд.

Забон ҳама ҳастии маънавию рӯҳии инсонро дар худ маҳфуз медорад ва ҳастии бузурги инсон ба рӯйи аҳли олам, ба пешвози рӯйдоду воқеаҳои дирӯзу имрӯзи он дарҳои манзили худро кушода, ҳамаи онро дар бар мегирад. Барои рушди ҳам забон ва ҳам инсон заминаҳои мусоиду мувофиқи иқтисодиву иҷтимоӣ зарур мебошанд. М. Шакурӣ (Шукуров) гуфтааст: «Забон таҷассуми фикр аст, ҳама ҳастии маънавию рӯҳии инсонро ифода карда, оламҳои маънавии рӯҳро ба ҳам мепайвандад ва оламҳои наве эҷод мекунад, зеро зотан эҷодгар буда, натанҳо неруи эҷодкории инсонро афзоишу такомул медиҳад, балки ӯро тамоман дигар мекунад, фаҳми ӯро ташаккул ва ё ба куллӣ тағйир дода, одаму олами дигаре месозад. Асоси эҷодгарии забон ва моҳияти эҷодкории инсон сахт ҳамбастаи якдигаранд, аз якдигар оғоз меёбанд. Лекин, агар инсон дар ӽақиқат эҷодгар бошад, забон ӽам эҷодкору халлоқ хоӽад буд, вагарна набояд аз забон халлоқият чашм дошт. Қувваи беканори маъниофаринӣ, маънавиятпарварӣ ва инсонсозии забон ба қувваи фикру рӯӽи худи инсон вобаста аст, ба он воқеияти иҷтимоӣ вобастагӣ дорад, ки барои зиндагии инсон, барои қувватафзоӣ ва парвози фикри ӯ замина тайёр мекунад. Агар шароити иҷтимоӣ мавҷуд набошад ва инсон моӽияти эҷодгарии худро зоӽир карда натавонад, аз шукуфти табъи эҷодкории забон ҷои умед намемонад.

Тавре ки зикр намудем, забон ӽам мисли одамон дар тӯли таърих давраӽои гуногунро аз сар гузаронида, рушду нуму мекунад ва ӽамеша дар сатӽи андешаву тафаккур ва ҷаӽонбинии соӽибонаш қарор дорад. Рушди забон ба рушди миллат вобастагӣ дорад. Миллат ӽар қадар муқтадиру тавонманд гардад, забон ӽам бо ӽамон дараҷа муқтадиру тавонманд хоӽад шуд. Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон қайд намудаанд: “Агар ба таърихи забонӽои ҷаӽон аз ибтидои пайдоиш то имрӯз нигарем, мебинем, ки забони ӽар миллат дар ӽамаи давраӽои таърих дар сатӽи тараққиёти тафаккуру андешаи соӽибони он қарор дошта, дараҷаи пешрафти моддиву маънавии онро инъикос мекунад. Бо ибораи дигар миллат ӽар қадар пешрафта ва созандатар бошад, забони он ӽам ба ӽамон андоза тавоно ва зояндаву поянда аст. Азбаски диалектикаи тараққиёту инкишофи ҷомеа бар пояи навҷӯйиву навоварӣ устувор аст, бинобар ин бозёфтӽо ва дастовардӽои нави моддиву маънавии халқӽои нисбатан пешрафта дер ё зуд дар байни миллатӽои дигар, пеш аз ӽама ӽамсоягон, ё ба сурати “сулӽомез” ва ё аз тариқи нуфузи сиёсиву иқтисодӣ паӽн мегардад. Дар натиҷа забони ин миллатӽо низ марзӽои сиёсиву ҷуғрофиро шикаста, кишварӽо ва гоӽӽо сарзаминӽоро “тасхир” мекунанд ва бо истилоӽи имрӯза забони байналмилалӣ мешавад”.

Рахмонов Раҳмон Охонович - д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Сентябрь 10, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ, ки барои ба даст овардани он Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми weҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам овард, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.

Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои мамлакату миллати тамаддунофари мо ва мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав ба даст овардани соҳибистиқлолӣ моро ба ин неъмати бузургтарини давлатдорӣ расонид, зеро «решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд».

Мо дар 33 соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин, ҳифз, таҳким ва равшан сохтани дурнамои Истиқлолияти давлатӣ аз фишангу воситаҳо ва механизмҳои гуногуни аз ҷиҳати илмӣ асоснок истифода намудем. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз нигоҳи мо, маҳз дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, баъди ба ҳайси Сарвари давлат — Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин воситаю механизмҳо ба таври мушаххас муайян карда шуда, раванди воқеии таъмини соҳибихтиёрию истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шуруъ гардид. Каме дертар масъулияти бузурги таърихиро бар дӯш гирифта, Сарвари давлат дар муроҷиатнома ба халқи ҷумҳурӣ аз 12 декабри соли 1992 барномаи хеле мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ берун овардани Тоҷикистон ва таъмини истиқлолияти давлатиро пешниҳод намуданд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик ба ҳайси санади сарнавиштсоз хизмат намуд. Минбаъд низ тамоми саъю кӯшишҳои Пешвои миллат ва фаъолияти сиёсиашон чун Сарвари давлат танҳо ба таъмини соҳибистиқлолии Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои муаззами мо барҳақ таъкид доштаанд, ки «имрӯз бо сари баланд метавонем бигӯем, ки тамоми корҳоро танҳо ба хотири таҳким ва устувор намудани пояҳои Истиқлолияти давлатиамон анҷом додем».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуд. Ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург ва зану мард онро ҷашн мегиранд. Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони ҷумҳурӣ новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки дар илми муосир, дар даврони ҷаҳонишавӣ мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби як зумра муҳаққиқон ҳамчун падидаҳои нисбӣ арзёбӣ шуда, онҳо мавҷудияти истиқлолияти давлатҳоро дар шакли комил имконнопазир медонанд.

Аммо ҳақ бар ҷониби онҳое аст, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро на танҳо ҳамчун мафҳум, балки ҳамчун ҳолати давлатдорӣ барои муддатҳои тӯлонӣ баҳри кулли инсоният амри зарурӣ медонанд ва иброз мекунанд, ки онҳо барои миллиардҳо одамони муқаррариву аксари сиёсатмадорон дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ҳамчун ахтари роҳнамо садсолаҳои дигар низ хизмат менамоянд.

Аз ин рӯ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатиро ҳамчун арзишҳои абадии башарият ва ҳадафи волотарин барои давлатҳои муосири миллӣ, хусусан барои Тоҷикистони азиз арзёбӣ намуда, таманнои онро мекунем, ки ҷумҳурии мо ҷовидона озоду обод, мустақилу соҳибихтиёр бошад ва сокинони он ҳамеша хушбахту саодатманд монда, барои хизмат ба чунин Ватани беназир ҳар лаҳзаву ҳар соат камари ҳиммат баста бошанд.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҷилваи парчами мо Истиқлол,

Фараҳи ҳар дами мо истиқлол.

Мақсаду матлаби мо Истиқлол,

Беҳтарин мактаби мо Истиқлол.

Дар интиҳои асри ХХ, миллати куҳанбунёди мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ гардид. Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосса зикр намудаанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.

Ифтихормандона бояд гуфт, ки 33 соли соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун 33 зинаи камолоти миллату давлат дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллии мо нақши бузург дорад. Дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро интихоб ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи худро бунёд намоем. Боиси шукргузории мост, ки кишвари мо дар давоми 33 соли сипаригашта пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯи марҳалаи тозаи инкишофи хеш бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки таҳти сарварию роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо то имрӯз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем.

Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад. Хушбахтона давлати соҳибистиқлоли мо ҳоло ба сӯи марҳалаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти рукнҳои давлатдории мустақили худ ва торафт беҳтар намудани зиндагии сокинони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлат, дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим кишвар, соҳаи маориф ва илми низ ба таври назаррас тараққӣ кардааст. Тавре муҳтарам Пешвои миллат зимни суханрониҳои хеш қайд карданд: ”Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қиматтарин ганҷинаи он фарзандони бонангу номусаш мебошанд, ки Ватани худро чун модар дӯст медоранд ва тамоми имконияту нерӯи худро барои ободии он равона мекунанд”. Боварии комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номуси диёр бо шукрона аз сулҳу субот ба неъмати бебаҳои тақдир, яъне истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузорад ва барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла барои ободиву осудагии ҳар як гӯшаи зебои Ватани аҷдодиамон, саҳми ватандӯстонаи худро дареғ намедорад.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Мову шумо, дӯстони азиз, одамони хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, номаи тақдири худро бо дасти худамон менависем ва халқи эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ эҷод ва бунёд мекунад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, ки 33 соли соҳибистиқлолӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси диёр оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад.

Ҳама пирӯзии мо Истиқлол,

Рӯзи мо, рӯзии мо Истиқлол.

Бод зебо Ватани номии мо,

Рамзи хушрӯзии мо Истиқлол!

Рахмонов Рахмон Охонович - д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти химияи ба номи И.И. Никитини АМИТ

«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣпайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Эмомалӣ Раҳмон

Мусаллам аст, ки дар дарозои таърихи башар ҳар якмиллат санаҳои бузурги таърихиро дорад. Барои миллати тоҷик, чунин санаи бузург– 9 сентябри соли 1991 мебошад, яъне рӯзи ҷашни Истиқлоли давлатӣ. Ҷашни Истиқлол пеш аз ҳама, бо шодию сурур ва бо шукӯҳу тантана қайд карда мешавад. Ин ид, барои мо, тоҷикон рӯзест, ки ормони ҳазорсоларо фаро гирифта, бозгӯи таърихи пурғановат ва ниёгони бузургамон аст.

Чун, дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардонд. Чунин ҳолатҳои вазнин аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр тақозо кард, ки барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик саҳмгузор бошад. Дар ин замина, маҳз хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат буд, ки Истиқлол дар давлат ба вуҷуд омад.

Боиси қайд аст, ки яке аз бузургтарин сармояи давлат ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо шарофати Истиқлол, як қатор иқдоми созанда рӯи кор омаданд, ки яке аз ин падидаҳо қабули Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҳз бо дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро айни замон 192 давлати ҷаҳон эътироф менамояд. Бояд тазаккур дод, ки бо қабул намудани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчну давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шудаст. Бахусус, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Ин аст, ки имрӯзҳо моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф менамоянд.

Ба таври хулоса, метавон зикр намуд, ки саҳми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идоракунии давлат нақши марказӣ дорад ва пас аз ба даст овардани истиқлолият ба рушди кишвар таъсири назаррас гузоштааст. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони муосир буда дар таърихи тоҷикон абадӣ хоҳад монд.

Дар робита ба ин, маҳз бо роҳбарии ӯ, вазъи кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ муътадил шуда ба рушди иқтисодӣ ва нигоҳ доштани ҳувияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат намуд. Ногуфта намонад, ки саҳми Пешвои миллат аст, ки мо имрӯзҳо дар давлати орому осуда кору фаъолият намуда, ҳаёти бо сулҳу субботро ба сар мебарем, чун Истиқлол ин худ як неъмати бебаҳост.

Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Юсуфӣ Ф.- ходими хурди илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик буда, нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони давлатдории муосир шароити мусоид заминагузорӣ карда, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард.

Истиқлоли давлатӣ рамзи пирӯзиву хушбахтӣ, дастоварди пурарзиш ва таҳкурсии боэътимоди пешрафи кишвар аст, ки ба таъмини некуаҳволии мардум ва рушди бомаром мусоид намуд. Баъди сипарӣ гардидани чанд марҳилаҳои таърихӣ, бори дигар миллати соҳибтамаддуни тоҷик имконияти эҳёи давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.

Тоҷикистон аз мамлакати рӯ ба рушд ба давлати тараққиёфта табдил ёфт, ки ин бурди бузург ва муваффақияти хеле назаррас аст. Дар он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Маҳз Сарвари давлат миллатро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаро ба ҳам оварданд ва арзишҳои фарҳангиву миллии моро ҳифз намуданд. Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони Амрико гуфт: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшумор ҳастанд».

Бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳамешагии худ қарор дода, баҳри рушду инкишофи кишвар бештар талош намоем.

Маҳз самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуда, миёни амнтарин кишварҳои олам қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ҷиҳати ҳифзу ҳимояи меҳан, ободиву созандагӣ ва иттиҳоди умумӣ чунин ибрози ақида намудаанд: «Мардуми қавиирода ва бонангу номуси Тоҷикистони маҳбубамонро даъват менамоям, ки Ватани азизи худро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст доред, шукронаи ин обу хоки муқаддасро ба ҷо оваред, барои ҳимояи он аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир омода бошед ва ба хотири ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед».

Дар ҳақиқат, миллати тоҷик метавонад дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ ба тамоми орзуҳои неки худ бирасад ва як олами пур аз саодат бисозад, ки назираш дар ҷаҳон набошад.

Шаҳлохон Муродалӣ,- ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин ва волотарин дастоварди давлату миллати кишвари озодагон аст. Ин рӯйдоди таърихӣдаҳаи аввали сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст. Ва 9-уми сентябри ҳамон сол рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле возеҳ ва равшан баён кардаанд, ки “ Истиқлолият - ин номуси шарафу номуси ватандорӣ аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва соҳибдавлатию соҳибватанӣ аст”.

Дар шароити имрӯзамафҳуми истиқлолият ин муайян намудани умумияти этникӣ-генеологӣ, соҳибфарҳангӣ, давлатдории бевоситаи миллӣ ва вобаста набудан ба қувваҳои хориҷиро таҷассум менамояд.

Мафҳуми истиқлолият вожаи арабии (الاستقلالية) – дорои амри хеш, худмухторият, озод будан дар коре, муқобили вобастагӣ омадааст дар энсиклопедияи милли тоҷик.

Соҳибихтиёрии сиёсиву давлатӣ дар фаъолияти дохилию берунӣ бе дахолати давлатҳои дигар; вазъи миллат, кишвар ва давлат, сокинон ва шаҳрвандон, ё баъзе аз тартибҳои он барои амалигардонидани худидоракунӣ дар тамоми ҳудуди марзу буми он мебошад.

Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми августи соли 1990 дар иҷлосияи 2-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-ум қабул шуда аст. Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон аз муқаддима ва 19 модда иборат аст. Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон ба таври сиёсӣ ҳуқуқи соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эълон намуд. Эъломияи мазкур интишор намуд, ки дар марзи Тоҷикистон амали конститутсияи Тоҷикистон ва қонунҳои он муқаррар карда мешавад, муайян гардид, ки эъломияи мазкур асоси таҳкими конститутсияи Тоҷикистон гардид.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо мушкилоти зиёде дучор гардида бошад ҳам, аммо бори нахуст дар таърихи давлатдории миллати тоҷик дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва бузургтарин дастоварди тоҷикон дар даврони Истиқлолият, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Инчунин яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Зеро дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ тавонист сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро амалӣ намояд. Аз ин лиҳоз, давлатсозии давлати миллӣ дар таърихи муосири Тоҷикистон ҳамчун падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад.

Яке аз муваффаққиятҳоидигари даврони истиқлоли давлатӣ, истиқлолияти дигари самтҳои муҳими зиндагӣ мебошад, ки онро дар истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дар сатҳи баланд идома дорад. Иловатан, саноатикунонии бомароми кишвар ҷараёндошта ба содироти маҳсулоти ватанӣ аз корхонаҳои ҷумҳурӣ ба соири кишварҳои ҷаҳон содирот рӯ ба афзоиш аст.

Чи тавре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад. Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд”.

Дар таърихи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми дастовардҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, ки дар таърихи мардуми Тоҷикистон ҷовидона сабт хоҳанд шуд. Инчунин таҷрибаи рушди мустақили кишвар садоқати роҳи интихобкардаи Пешвои миллат ва сиёсати бунёди нави давлатро низ собит сохт. Имрӯз кишвари азизи ҷавонамон 33-солагии худро дар замоне ҷашн мегирад, ки солҳои истиқлолӣ натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла рушди соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, сатҳи баланди зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст оварда шуданд.

Хулоса аҳамияти барҷастаи ин эъломияи таърихӣ дар масири давлатсозӣ ва миллатсозии кишварамон ниҳоят бузург аст.

Бояд ҳамагон ин дастоварди таърихи муосири ватани маҳбубамонТоҷикистони азизро бо эҳтироми тамом қадрдониӣ намоемва дар атрофи роҳбари кишвар барои ояндаи давлату миллат сарҷамъона қадамҳоисобит гузорем.

Қурбонов Ҳокимҷон - ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

Subscribe to Мақолаҳо