Skip to main content

Бинобар даргузашти ходими намоёни давлатӣ ва сиёсӣ Низорамо Зарипова изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонам.

 

@RustamEmomali

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо ҷиҳати даргузашти доктори илмҳои филология, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Мардонӣ Тоҷиддин Нуриддин андуҳманд буда, ба хонадон ва наздикони устоди арҷманд сабру таҳаммул хоҳонем.

Устоди арҷманд Тоҷиддин Мардонӣ солиёни дарозест, ки ба кори фикрӣ иштиғол варзида, дар муҳит ва ҳавзаҳои фикрию мадании миллӣ ба сифати шахсияти матраҳи илмӣ соҳибэҳтиром буданд. Муҳимтар аз ҳама устод ҳамчун ховаршиноси номии миллию минтақавӣ дар муаррифии шоистаю боистаи равияи вежаи адабиёти дузабона муваффақият касб карда, миёни доираҳои илмию фаннии ватанию хориҷӣ мақом ва ҷойгоҳи муносиб дарёфанд. Аҳли илму адаби ватанӣ ва доираи васеи хонандагони дохилию хориҷӣ аз мазмуну муҳтавои мероси таҳқиқии эшон, минҷумла китобу рисола ва монографияҳои ихтисосии “Дузабонии арабию тоҷикӣ дар шеъри асрҳои 1Х-Х” (Душанбе: Маориф, 1993. -165 с.), “Носири Хусрав ва адабиёти арабзабон” (-Душанбе, 2005), “Шеъри Ибни Сино ба забони арабӣ” (Душанбе: Ирфон, 2006. -126 с.), “Равобити адабии халқҳои арабу тоҷик” (-Душанбе: Ирфон, 2006. -400 с.), “Саҳифаҳое аз равобити адабии Арабу Аҷам” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -233 с.), “Рӯдакӣ ва адабиёти араб” (-Душанбе: Ирфон, 2010. -128 с.), “Таъсири шеъри арабӣ ба эҷодиёти шоирони форсу тоҷики асрҳои Х1-Х11” (-Душанбе: “Дониш”, 2020. -380 с.), “Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов Х1-Х11 вв.” (-Душанбе: “Дониш”, 2020. -382 стр.) ва амсоли инҳо хуб огоҳанд. Аз ин ҷост, ки силсилапажӯҳишҳои илмию ихтисосии устод Мардонӣ Тоҷиддин дар омӯзишу таҳқиқи адабиёти дузабона ва равобити адабии арабу Аҷам барои доираи васеи хонандагону муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаи муътамади илмӣ ва таҳқиқӣ хидмат мекунанд. Махсусан, таҳқиқоти академии устод дар робита бо таъсири шеъри арабӣ ба ашъори шоирони маъруфи асрҳои ХI-ХII, ки ба забони русӣ таҳти унвони “Влияние арабской поэзии на творчество персидско-таджикских поэтов ХI-ХII вв.” (-Душанбе: “Дониш”, 2020) интишор гардидааст, дар байни ҷомеаи академию мадании миллӣ ҳамовозӣ пайдо кардааст.

Ба ин тартиб, устод дар баробари доштани вежагиҳои мунҳасир ба фарди ахлоқӣ, иҷтимоӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ ва адабӣ, аз махсусиёти ихтисосӣ – дар сатҳи илмӣ-академӣ донистани забонҳои арабӣ, русӣ ва тоҷикӣ бархурдор буданд. Воқеан, кам касонеро аз ҷумлаи ховаршиносони маъруфи ватанӣ метавон пайдо кард, ки забонҳои арабию русиро дар сатҳи академӣ дониста бошад. Ин аст, ки устод на танҳо дар ҳавзаҳои фикрию илмии тоҷик, балки дар муҳитҳои шарқшиносии минтақавӣ ва русӣ низ ба унвони шахсияти матраҳи илмӣ эътибору эҳтиром дорад.

Устод Тоҷиддин Мардонӣ дар баробари омӯзишу таҳқиқи бардавом, ҳамчунин солҳо вазифаи пурмасъули Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Узбекистонро низ бар дӯш гирифта, аз тариқи кору фаъолияти дипломатӣ дар таҳкими равобити ҳасанаи мутақобила ва тақвияти сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ин аст, ки ҳайати кормандони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хидматҳои бедареғи Шуморо дар самти ховаршиносии ватанӣ ва дипломатияи миллӣ қадр мекунанд ва аз ҳамкории судманду самаранокатон эҳтироман арзи сипос менамоянд.

Раёсати АМИТ ва мудирияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бори дигар ба наздикону пайвандони устоди марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Манзили охирататон обод бод устоди азиз.

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба устод Саломиён Муҳаммаддовуд, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нисбати фавти #ПАДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои вазнин ба аҳли наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.

Рӯҳи Падар шоду манзили охираташ обод бошад!

Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бинобар даргузашти президенти Академияи илмҳои Узбекистон Бехзод Содикович Юлдошев сахт андуҳгин буда, ба хешовандону пайвандон ва умуман ба олимону академикони кишвари ҳамсоя ҳамдардӣ баён менамояд.

Бехзод Содикович Юлдошев ҳамчун олими соҳаи физика буда, барои рушду пешрафти соҳаи илми кишвари худ хизматҳои бузург анҷом додааст. Боиси андуҳ аст, ки 28 августи соли 2024 президенти Академияи илмҳои Узбекистон Бехзод Содикович Юлдошев дар сини 79 солагӣ ҷаҳони фониро падруд гуфтанд

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Илҳом Авазов бинобар даргузашти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба аҳли оила ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Қодиров Ғиёсиддин соли 1941 дар ноҳияи Муъминободи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1959 ба шуъбаи шарқшиносии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1964 бо ихтисоси филолог-шарқшинос (филологияи форсӣ) тамом кардааст. Ӯ пас аз адои хидмати ҳарбӣ то охири соли 1966 устоди забони фор­сӣ дар мактаби рақами 14 - и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) буд.

Қодиров Ғиёсиддин соли 1969 ба сифати аспиранти Институти шарқшиносии АН ҶШС Тоҷикистон ба­рои идомаи таҳсил ва таҳияи рисолаи номзадӣ ба Ин­ститути шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шуравӣ (ш. Маскав) фиристода мешавад. Заҳмати пайваста даст дод, ки соли 1977 рисолаи номзадии худро дар маркази шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ дар мавзуи «Достонҳои таърихии муосири форсӣ» сарбаландона дифоъ намояду ба диёр баргардад. Вай пас аз хатми аспирантурасоли 1975 дар шуъбаи Эрон ва Афғонистони Институти мазкур фаъолияти илмии худро идома медиҳад. Солҳои тулонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (солҳои 1963-1964, 1967- 1969, 1980-1987) ва Эрон (солҳои 1971-1974) ба сифати тарҷумон кор кардааст.

Қодиров Ғиёсиддин соли 1980 муддате дар факултаи шарқшиносии ДДТ (ҳоло ДМТ) ва солҳои 1987-1988 дар Донишкадаи забони русӣ (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои ба номи С. Улуғзода) устоди забони форсӣ буд. Солҳои 1988-2004 котиби илмии Шурои табъунашр ва сипас котиби илмии Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ Тоҷикистонро бар душ дошт. Номбурда аз моҳи февра­ли соли 2005 то апрели соли 2006 иҷрокунандаи вазифаи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз апрели соли 2006 то соли 2020 дар Институти номбурда фаъолият кардааст. Аз Соли 2020 инҷониб дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вазифаи ходими пешбари илмӣ кору фаъолият мекард.

Қодиров Ғиёсиддин дар тули умри бобаракати худ тавонистааст асарҳои зиёдеро монанди «Пер­сидский исторический роман Зейн Аль-Абедина Моа- тамана» «Орлиное гнездо» (1977), «Современный пер­сидский исторический роман» (Душанбе: Дониш, 1982). «Театри Афғонисгон» (Душанбе: Дониш, 1988) таҳияи ашъори баргузидаи Шаҳриёр (Душанбе, 1982), таҳияи намунаи ҳикояҳои форсӣ бо номи «Ҳикояҳои ширин» (Душанбе: 2008) ва таҳияи намунаҳои шеъри муосири форсӣ зери унвони «Корвони гулҳо» ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмиро ба нашр расонидааст.

Дар бораи хоксорӣ ва самимияти беолоиши Ғиёсиддин Қодиров метавон саҳифаҳои зиёдеpo бахшид. Танҳо ҳаминро гуфтанием, ки муҳаббати ӯ ба одамон беандоза буд. Барои дастовардҳои илмӣ ва заҳмати пайваста дар ин ҷода бо ифтихорномаҳо ва соли 2024 ба гирифтани Ҷоизаи Академик Муҳаммад Осимӣ сазовор гаштааст.

Рӯҳатон шод ва маъвои охирататон обод бод Устоди гиромиқадр!

Тамоми мардуми Тоҷикистон аз марги фоҷеабори Сарвари Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон сахт андуҳгин шуданд. Воқеан дар замони роҳбарии ӯ муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон аз нав барқарор гардида, дӯстиву бародарии миллатҳои ҳамнажоду ҳамзабону ҳамдину ҳамфарҳангамон боз ҳам рушду равнақ ёфтанд. Дар робита ба ин изҳори тасалияти роҳбарият ва ҳайати олимону академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба хонаводаҳои шаҳидон ва ба тамоми мардуми ҳамнажоду ҳамзабонамон мерасонем!

Рӯҳи гузаштагон шоду ҷояшон ҷаннат бошад!

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Таваллуд - 08. 11.1951 дењаи Ќозхўри ноњияи Ромитани вилояти Бухоро. Падараш зодаи дењаи Кибили шањраки Норак буданд, соли 1961 хонаводаашон аз Бухоро ба Тољикистон кўч баст. Мактаби тањсилоти миёнаро дар Душанбе (мактаби раќами 15) хатм карда, соли 1969 ба факултаи филологияи русии Университети Давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленин (алъон Донишгоњи милии Тољикистон) дохил шудааст. Баъди хатми ин донишгоњ мувофиќи роњхати Донишгоњ ба Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон ба Шуъбаи фалсафа (алъон Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи академик А. Бањоваддинов) ба кор таъин шуд. Тули солњои 1975-1977 дар аспирантураи тањсили рўзонаи њамин муассисаи илмї дар риштаи “зебошиносї” тањсил карда, рисолаи номзадиашро навишта, барои дифоъ омода намуд. Рисолаи номзадиашро дар Шурои дифои Институти фалсафаи АИ ш. Москва дифоъ кард. (1982) Баъди дифои рисолаи номзадї боз ба муассисаи номбурда ба кор ќабул шуд. Аз соли 1983 то маи соли 1987 ба њайси котиби илмии Шуъбаи фалсафа кору фаъолият намуд. Июли соли 1987 бо сабаби аз тарафи коллективи киностудияи “Тољикфилм” ба вазифаи директори киностудия интихоб шуда, ба кор даъват шуд. Аз 1993 то 1999 дар вазифањои роњбари­кунан­да – муовини раиси Иттињодияи миллии эљодиву истењсолии кино ва видео “Тољиккино”, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Њукумати ЉТ таъин гардид. Аз соли 1985 то кунун узви Иттифоќи конфедератсияи синамога­рони Кишварњои соњибистиќлол ва Балтия буд. Аз соли 1999 то соли 2018 њаммуассиси Студияи филмсози “Киносервис” буд. Соли 2007 рисолаи докториашро дар мавзуи «Идеяњои фалсафию эстетикї дар зардуштия» дифоъ намуд. То вафоташ ба њайси Мудири шуъбаи фалсафаи фарњанги Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи ба номи академик А. Бањоваддинов АМИТ адои вазифа намуд. Аз соли 2007 то 2011 ба њайати Кумитаи Љоизањои давлатии ЉТ ба номи Абуабдулло Рўдакї дар соњаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Њукумати ЉТ даъват шуда буд. Аз соли 2004 то вафоташ арт-директори Синамобазми байналмилалии “Дидор” буд. Муаллифи филмномаи 7 филми мустанад буда, онњо дар студияњои гуногун – “Тољикфилм”, “Тољиктелефилм” ва “Киносервис” ба навор гирифта шудаанд. Миёни онњо чунин филмњо њастанд, ба мисли: “Димишќу бўи Ватан”, “Як замин”, “Душанбе, чї њол дорї?”, “Осимї”, “Умрро андешакорї пеша кард” (оид ба фаъолияти академик М. Диноршоев), “Паёмбари хирад” (оид ба дастовардњои илмии ибни Сино), “Мавлоно” (филми пурраметражаи мустанад бахшида ба Мавлоно Љалолиддини Балхї), “Сафар дар Ватан”. Пайваста дар матбуоти даврии Тољикистон, Руссия, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Ўзбекистон, Эрон, Фаронса, Британияи Кабир, Кореяи Љанубї, ИМА ва давлатњои дигар маќола чоп менамуд.

         Шумораи маќолањои илмї ва илмию оммавии ў зиёда аз 350 номгў мебошад. Дар форуму конфронсу семинарњои байналмилалї ва љашнворањои њунарї (бахусус синамої), ки дар кишварњои мухталиф, аз љумла Руссия, Ќазоќистон, Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Эрон, ИМА, Муѓулистон, Фаронса, Чехия, Афѓонистон, Сурия баргузор гардида буданд, иштирок карда, маърўзањо ироа кардааст. Аз соли 2013 узви ташкилоти байналмилалии мунаќќидон ва рўзноманигорони соњаи синамо ФИПРЕССИ буд. Фаъолияти илмиаш дар доираи фалсафаи фарњанг, зебоишиносї, киношиносї ва театр бештар ќарор гирифтааст. Бо љоизањои Созмони Милали Муттањид дар Тољикистон “Барои инъикоси ормонњои башардўстї ” (20 октябри соли 2014, http://khovar.tj/rus/culture/42954-kinofestival-didor-vremya-podvesti-itogi.html), “Аълочии кинематографияи Тољик”, нишони сари синагии 90-солагии кинои тољик, чандин ифтихорнома, сертификатњо аз тарафи муассисањои хориљиву ватанї гирифтааст.

Унвони китобњои чопкардааш:

  • Развитие таджикского киноискусства в свете решений XXVІ съезд КПСС. - Душанбе: Дониш, 1984. - 60с.
  • Нури парда. Луч экрана. Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии Тољикистон, 2004, - 281с. с. (Ба ду забон – тољикиву русї бо аксњои рангаву сиёњу сафед);
  • Из истории эстетических воззрений таджикского народа.- Душанбе: Ирфон, 2005.  –249  с. с иллюстрациями.
  • Театри мардумии тољик. Душанбе: Оптима, 2005. - 156с. – Дар њаммуаллифї бо Фирўза Турсунзода ва Билл Биман (ИМА). Ба забонњои тољикї, русї ва англисї бо аксњои ранга.
  • Три этапа из истории эстетических воззрений таджикского народа. – Душанбе: Главная научная редакция Таджикской Национальной Энциклопедии, 2006. - 247с. с цветными илл.
  • Эстетика зороастризма. – Душанбе: Дониш, 2006. - 406с. с иллюстрациями.
  • Аз кунљи танњої бо муњаббат. –Душанбе: Эр Граф, 2009. (Бо њаммуаллифон).
  • Документальное кино в фокусе. –Душанбе, 2011. – 186 с. (Бо њаммуаллифон). 
  • Энциклопедия кино Таджикистана. (Бо њаммуаллиф Элбаум Г.Б.) Душанбе: Эр-граф, 2012. – 396 с., ISBN 978-99947-919-4-1
  • Очерки теории и истории таджикского кино. – Душанбе, 2020. – 276 с. с иллюстрациями.
  • Актуальные проблемы таджикской культуры. – Душанбе: Дониш, 2020. – 388 с.
  • Хорошее кино – имидж государства. – Душанбе, 2 изд., дополненное. 2021. 307 с., с иллюстрациями.
  • Современное пространство таджикской культуры и искусства– Душанбе: Матбаа, 2023. 291с.

 

Рўњатон шод ва маъвои охирататон обод бод Устоди гиромиќадр!

Subscribe to Таъзия