Skip to main content

Имрӯз, 5 июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) таҳти роҳбарии хонум Стейскал Сандра Мари баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои илмӣ ва техникиро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омӯзиш ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи об ва пиряхҳо мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар бахши истифодаи технологияҳои ҳастаӣ барои ҳалли мушкилоти муҳити зист, идоракунии захираҳои обӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим муҳокима гардиданд.

Дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи муҷаҳҳазгардонии марказҳои саратоншиносии ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат равона шуда, ҷонибҳо имкониятҳои ҷалби дастгирии техникии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ)- ро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои таҳкими иқтидори илмӣ-таҳқиқотии кишвар ва ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии Тоҷикистон, аз ҷумла Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ таъкид намуда, аз дастовардҳои олимони тоҷик дар самти омӯзиши захираҳои обӣ ва пиряхҳо баланд арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак изҳор карданд.