Skip to main content
123123

 

Дар нимсолаи аввали соли 2026, бо қарори Маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 9 нафар олимону донишмандон ва шахсиятҳои барҷастаи муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Бо дарназардошти саҳми арзанда дар рушди илм, таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ, густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштараки илмӣ, Юан Даохун — Раиси Шӯрои директорон ва Директори генералии гурӯҳи ширкатҳои Nongfupuzi Development Group Co., Ltd., соҳибкор, олим ва коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ, Халилов Элчин Нусрат оғлу — Президенти Академияи илмҳои Осиё, профессор ва доктори илмҳои геология ва минералогия, Дин Ючжоу — директори Маркази тадқиқотии бемориҳои узвҳои ҳозимаи Коллеҷи Ҷичитаи Донишгоҳи технологии Шимоли Чин, табиб ва муҳаққиқи соҳаи бемориҳои меъдаву рӯда, Шавкат Абдуллаевич Аюпов — Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сергей Василевич Харитончик — ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва дигар олимону мутахассисони варзидаи хориҷӣ ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Интихоби узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бозгӯи эътирофи сатҳи баланди дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти пурсамари ин шахсиятҳо буда, ҳамзамон аз афзоиши нуфуз ва мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.