Перейти к основному содержанию

312312423Ватан пурарзиштарин туҳфаи тақдири ҳар як миллат аст. Маҳз дар замони Истиқлолият пояҳои худшиносии миллат тақвият ёфта асоси давлатдорӣ эҳё мегардад. Истиқлолияти давлатӣ барои эҳёи дубораи худшиносии миллат ва таҳкиму тақвияти он дар зеҳн ва ҷаҳонбинии миллати куҳантамаддуни тоҷик нақши ҷовидона гузошт.

            Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносӣ ва дарки арзишҳои моддиву маънавӣ оғоз гардид. Истиқлолияти давлатӣ барои иваз гардидани шуури иҷтимоӣ ва маънавӣ такони бузурге гардид ва сокинони мамлакатро ба масири худогоҳӣ ва бедории фитриву маънавӣ, боло бурдани андешапазирӣ даъват намуд. Маҳз Истиқлолият барои иваз гардидани шуури маънавӣ такони азиме гашт ва барои вуруди фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ба арсаи мутаммадини ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Дар ин арса давлатдории тоҷикон аз назари миллӣ на танҳо рушду такомул мекунад, балки масъалаҳое ки ба тақдири миллат таъсир мерасонанд, онҳоро ҳамчун дастовардҳои умумиҷаҳонӣ дастраси умумиҷаҳонӣ месозад.

            Худшиносии миллӣ бевосита ба тафаккури миллӣ, ба сатҳи дониши миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва саноати миллӣ вобастагии зич дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ бо номи “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба ҳар яки мо суол медиҳанд: мо кӣ ҳастем, аз куҷо омадаем, аҷдодонамон киҳо буданд ва ғайра. Ин саволҳо маҳз ба он хотир оварда шудаанд, ки мо худро бишиносем, зеро худшиносӣ яке аз асоситарин омилҳост барои ташаккули ваҳдати миллӣ ва давлатдорӣ.

            Дар раванди ташаккулёбӣ ҳодисаҳои муайяне рух медиҳанд, ки барои пойдорӣ ва бақои давлатдории миллӣ мусоидат мекунанд. Яке аз чунин омилҳои тақдирсози миллӣ – ин расидан ба истиқлолияти асосӣ мебошад, ки баландтарин мақомро дар раванди давлатсозии миллӣ соҳиб мебошад. Истиқлолияти давлатӣ шуури миллиро тақвият дода шароити мусоидро  барои дарки ин мафҳуми пурмаъно ба вуҷуд меорад. Худогоҳӣ арзиши миллиро, эҳтиром ба арзишҳои инсониро дар зеҳн, замир, эҳсос, ҷаҳонбинӣ ва мафкураи мо ташаккул дод.  Ормони Истиқлол фарзандони миллатро ҳамвора ба ҳифз намудани ҳувияти миллӣ, тақвият додани оини давлатдорӣ, пойдории тамаддуни аҷдодӣ ва ниҳоятан ба  ҳифзи истиқлоли Ватан роҳнамоӣ намуда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо неру ва тавоноӣ бахшидааст.

            Истиқлолият ин заминаи асосии бедор намудани худшиносии миллат аст. Ҳоло замоне расидааст, ки дар шароити бархурди манфиатҳо, низоъҳои мазҳабӣ,  вазифаи ҳар як фард дар он аст, ки бояд бидонад танҳо миллате по дар ҷост агар тавонад барои наслҳои оянда заминаи дурусти ватаншиносиро мерос гузорад, насли ҷавонаш заминаи дурусти ватаншиносиро дарк кунад. Миллате ки руй ба илму дониш оварад, аз худписандиву таассуб худро раҳо намояд, мутмаинан  дар саҳифаи таърих ҷовидон хоҳад монд.

            Муҳимтарин василае ки ҷавонони тоҷикро метавонад муттаҳид созад, ин ормонҳои ҳазорсолаи истиқлолпазирии миллат аст. Истиқлолияте ки миллати тоҷик кунунан ба даст овардааст ин ганҷи бебаҳо, ормонҳои ҳазорҳосолаи миллат аст.

            Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафолати пешрафт, рамзи асолати ҳувият ва шарти пойдории давлат мебошад. Ғайр аз ин, Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалии миллат, кафолати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст. Бояд қайд кард, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ саҳифаи нави дурахшонро дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии миллати тоҷик боз намуда чароғи ҳидояту фурузону дурахшони фардои Тоҷикистон гардидааст.

            Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу шарафманди миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки худшиносоии миллӣ ҷавҳари аслии бақои давдатдории миллӣ буда ва дар ин росто ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёбӣ, баланд бардоштани нуфузи он лозим аст, ки тамоми имконот ва неруямонро истифода бикунем.

            Мо олимон ба ақида расидаем, ки дар ин росто истифода намудан аз усули таърихӣ-муқоисавӣ метавонад ҳақиқати воқеиро ба мо боз кунад. Барои дарки амиқи давлатдории кунунӣ, рушду нумои фарҳангу иқтисодиёти кишвар мо вазифадорем, ки саҳифаҳои таърихи 33 соли сипаришударо варақ занем ва бо садоқату инсоф онро қадрдонӣ намоем. Асосҳои илмӣ, ки муҳимтарин омилҳои пешрафти ҳаёти инсонро инъикос менамояд, исбот кардааст, ки барои ҳамаҷониба таҳқиқ намудани таърихи муосир мо эҳтиёҷ ба таҳлили амиқ ҳастем. Зеро танҳо ҷамъоварии далелҳо, бидуни таҳлили ҳамаҷонибаи онҳо, наметавонад асли воқеаро шарҳ диҳад.

            Имрӯз, пас аз гузашти солҳо, мо шоҳиди ҳақиқате ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ обрӯву нуфузи шоён дорад. Дастовардҳои миллати мо дар замони Истиқлолият дорои самтҳои арзишманди илмӣ-назариявӣ мебошад. Онҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаву амиқ ба даст омадаанд, пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин чунин иқдомот дар Паёмҳои эшон ба Парламенти кишвар ироа мегардад.

            Мо, кормандони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ фарорасии ҷашни 33 солагии Истиқлолиятро бо камоли фараҳмандӣ истиқбол намуда, бо ниҳояти саъй ва кӯшиш, ҷиҳати ҳамаҷониба ба суи камолот наздик шудани Тоҷикистони азизамон ҷидду ҷаҳд хоҳем намуд.

 

С.Мавлонӣ,

ходими пешбари илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои геология ва минералогия