Истиқлолият неъмати бебаҳо ва дастоварди муҳимми ҳар як халқу миллат ба шумор рафта, ба даст овардани он хушбахтии бузург аст. 9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик ба ин неъмати бебаҳо соҳиб гашта, ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон ворид гардид. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият давлату ҳукумати мамлакатро зарур омад, то баҳри таъмин намудани шароити арзанда кӯшишҳои зиёд намоянд.
Аммо дар ин давраи таърихӣ душманони миллат аз сатҳи ҷаҳонбинии пасти бархе аз нафарон истифода бурда, хостанд халқи тоҷикро ба вартаи нобудӣ расонанд. Вале маҳз сарвари оқилу дурандеш – Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо мусолиҳа байни мардум сулҳу субот ва оромиро талқин сохта, нақшаҳои душманони миллатро барбод диҳад.
Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳонӣ шарик буда, якчанд иқдомоти сарвари давлат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат аз ҷониби созмонҳои бонуфуз пазируфта шуда, баҳри ҳалли масъалаҳои умумиинсонӣ кӯмак мерасонад. Дар ин миён метавон мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли онҳоро номбар намуд.
Махсусан, як қатор ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон Тоҷикистонро арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор муаррифӣ намуд.
Имрӯз мо бо хушнудӣ гуфта метавонем, ки халқи тоҷик сарварии Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дурандешонаи пешгирифтаи ӯ тавонист дар давоми 33 соли истиқлолият ба пешрафту тараққиёти зиёд ноил гардад. Акнун фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик миёни оламиён маъруф асту давлатҳои зиёде ин миллату давлатро эътироф намудаанд. Дар давраи истиқлолият шумораи сайёҳон ба ҷумҳурии зебоманзари мо афзуд, ки ин баҳри баланд бардоштани буҷаи давлат ва ба ин васила боло бурдани сатҳи зиндагии шаҳрвандони мамлакат ёрии амалии худро мерасонад.
Бояд қайд намуд, ки дар тӯли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб бо тамоми давлатҳои дунё робитаву ҳамкорӣ дорад. Ҳоло дар аксарияти донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон донишҷӯёну мутахассисони тоҷик таҳсил ва кору фаъолият намуда, таъриху тамаддуни оламшумули тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.
Ибрагимова Рухшона - лаборанти калони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш