Перейти к основному содержанию

Ҷилваи парчами мо Истиқлол,

Фараҳи ҳар дами мо истиқлол.

Мақсаду матлаби мо Истиқлол,

Беҳтарин мактаби мо Истиқлол.

Дар интиҳои асри ХХ, миллати куҳанбунёди мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ гардид. Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосса зикр намудаанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.

Ифтихормандона бояд гуфт, ки 33 соли соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун 33 зинаи камолоти миллату давлат дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллии мо нақши бузург дорад. Дар зарфи 33 соли соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро интихоб ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи худро бунёд намоем. Боиси шукргузории мост, ки кишвари мо дар давоми 33 соли сипаригашта пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯи марҳалаи тозаи инкишофи хеш бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки таҳти сарварию роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо то имрӯз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем.

Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад. Хушбахтона давлати соҳибистиқлоли мо ҳоло ба сӯи марҳалаи тозаи инкишофи хеш, таҳкиму тақвияти рукнҳои давлатдории мустақили худ ва торафт беҳтар намудани зиндагии сокинони мамлакат бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолии давлат, дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим кишвар, соҳаи маориф ва илми низ ба таври назаррас тараққӣ кардааст. Тавре муҳтарам Пешвои миллат зимни суханрониҳои хеш қайд карданд: ”Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале беҳтарин ва қиматтарин ганҷинаи он фарзандони бонангу номусаш мебошанд, ки Ватани худро чун модар дӯст медоранд ва тамоми имконияту нерӯи худро барои ободии он равона мекунанд”. Боварии комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номуси диёр бо шукрона аз сулҳу субот ба неъмати бебаҳои тақдир, яъне истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузорад ва барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла барои ободиву осудагии ҳар як гӯшаи зебои Ватани аҷдодиамон, саҳми ватандӯстонаи худро дареғ намедорад.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Мову шумо, дӯстони азиз, одамони хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем, номаи тақдири худро бо дасти худамон менависем ва халқи эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ эҷод ва бунёд мекунад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, ки 33 соли соҳибистиқлолӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси диёр оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба нумӯъ оварад.

Ҳама пирӯзии мо Истиқлол,

Рӯзи мо, рӯзии мо Истиқлол.

Бод зебо Ватани номии мо,

Рамзи хушрӯзии мо Истиқлол!

Рахмонов Рахмон Охонович - д.и.х., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти химияи ба номи И.И. Никитини АМИТ