Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалиро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони расмии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.