Нимаи дуюми рӯзи 03 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Швартро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ Қурбонов Қобилҷон, директори Китобхонаи марказии ба номи Индира Гандӣ Суфизода Шодимуҳаммад, мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Шварт иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандии худро барои тавсеи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки мо омода ҳастем, ки ҳамкориҳои худро дар соҳаи илм густариш дода, умедворӣ аз он намуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар самти нав ва дар сатҳу сифати тоза густариш хоҳанд ёфт. Пешниҳод гардид, ки мо метавонем дар заминаи Институти эроншиносии Академияи илмҳои Австрия нимпайкараи яке аз олимон ва шуаррои тоҷикро дар мувофиқа бо академияҳои тарафайн гузорем.
Зимнан мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Шварт суханронӣ намуда, дар робита ба густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мо омода ҳастем дар оянда бо муассисаҳои илмии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар низоми сифатан нав ба роҳ монем.