Перейти к основному содержанию

Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки муассиси озмуни мазкур Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар баргузории озмун масъулин бевосита саҳми бориз доранд.

Имрӯз (16.09.2024) даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рафти баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", ки дар Муассисаи давлатии гимназия - парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид назорат намуданд.