Тавре огоҳӣ дорем чанд ҳафтаи охир дар тамоми шаҳру вилоят ва навоҳии ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" давом ёфт. Дар озмуни мазкур хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз номинатсияҳои гуногун малака ва маҳорати хешро нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" бо мақсади дар амал татбиқ намудани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф" таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар сатҳи баланд ва бо шаффофият ҷамъбаст гардид.
Имрӯз (28.09.2024) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври (шаҳрӣ)- и озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифт” баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври шаҳрӣ муайян шуда, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо диплом ва мукофотпулиҳо қадршиносӣ гардиданд. Ва барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдонашон барои иштирок дар озмун кӯшиш ба харҷ додаанд, бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадршиносӣ гардиданд. Инчунин як зумра аз мутасаддиёне, ки дар рафти баргузории озмун саҳми хешро гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.