Перейти к основному содержанию

01 октябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба 60-солагии таъсисёбии Институти физиология ва биофизикаи растанӣ, (ҳозира Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Точикистон ва 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конфронс зиёда аз 100 нафар мутахассисони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон: Институти биологии Помир ба номи В. Х.Юсуфбеков, Маркази инноватсионии биологияи тиб, Маркази илмии Хатлон дар Кӯлоб, инчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара, инчунин дар кори конференсия олимони Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат доштанд.

Ба кори конфронс ноиби президенти АМИТ — раиси шуъбаи фанҳои биологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода А.Қ., ҳусни оғоз бахшида, идомаи суханро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.

Дар баромади муқадимавии хеш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги илмӣ ноил гардида истодааст. Дар ин замина Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмии ҷумҳурӣ, ки пешбарандаи сиёсати илмии кишвар мебошад дар пешрафти соҳаҳои афзалиятноки кишвар саҳми босазоеро касб мекунад.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи биологияи кишвар рушди беандоза намуда истодааст. Маҳз олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин самт корҳои муҳимро ба сомон расонида, барои рушди соҳаи биологияи кишвар талош хоҳан кард.

Умуман, дар конфронси мазкур қайд гардид, ки ҳамаи маърӯзаҳои илмии пешниҳодшуда ба самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 2020 № 303 тасдиқ шудааст, мувофиқат мекунанд. Муҳокимаи онҳо, бешубҳа, ба инкишофи минбаъдаи илми биология ва ҷорй намудани амалияи дастовардҳо ёрӣ мерасонад.

Дар идома олимони соҳаи биологияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар маърузаҳои хеш доир ба таърихи таъсисёбии институти мазкур ва рушди дурнамои соҳаи биологияи кишвар сухан ронданд.