Перейти к основному содержанию

01 октябри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинду Покистон чун воситаи инкишофи робитаҳои фарҳангӣ» баргузор гардид.

Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои инкишофи робитаҳои фарҳангӣ дар мисоли тарҷумаи асарҳои бадеии Ҳиндустону Тоҷикистон суханронӣ намуд. Рустам Ҳайдарзода қайд намуданд,ки"фаъолияти тарҷумонӣ,хусусан тарҷумаи осори илмӣ ва адабии кишварҳои Осие ва Аврупо дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ ва таҳкими дипломатияи фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард."

Сипас, сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, д.и.ф.,профессор Раҷабов Ҳабибулло дар мавзӯи «Тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинду Покистон чун воситаи инкишофи робитаҳои фарҳангӣ» суханронӣ намуданд.