Перейти к основному содержанию
23424234Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ дар асоси арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ қадим ва забони миллӣ ворид гардида, худро ба ҳайси халқи соҳибихтиёр эълон намуда, инсон ва ҳуқуқу озодии ӯро муқаддас эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дод.

Истиқлолияти давлатӣ тағйиротҳои куллиро дар ҳаёти фарҳангӣ-маънавии давлат ва ҷамъият, хусусан рушди забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ асос гузошт. Забон дар ҳама давру замон, ҳамчун воситаи шинохти инсоният, инкишофи тамаддун ва ибрози афкору муоширату муносибати байни одамон, тамоми ташкилоту муассисаҳо, мақомот ҳамчун восита ва омили муҳимму асосии расидан ба истиқлолият, пешравии ҷамъият, ташаккули миллат хизмат менамояд.

Забони давлатӣ чун парчам, суруди миллӣ ва нишони давлатӣ яке аз рамзҳои муқаддаси миллати тоҷик буда, ҳастии онро таҷассум мекунад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ қайд карданд: “Забони миллӣ ва ҳамзамон ташакули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад”.

Забони миллӣ яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ ва нишонаи ҳастии миллат заминаҳои ҳуқуқии ба худ хосро дорост. Зеро, танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба забони давлатӣ ва ҳифзи он аз ҷониби давлат кафолати рушди устувори он ба ҳисоб меравад.

Заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи инкишофи забони миллӣ, ҳанӯз аз солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ эътибор дода шуд. 22 июли соли 1989, № 150 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забон”, ки аз 37 модда иборат буд, қабул шуда, қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикӣ ва истифодаи онро ба сифати забони давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, ҳамчунин кафолати ҳуқуқии амали озоди забони русиро, чун забони муоширати байни халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, ва забонҳои миллии дигар халқҳоеро, ки дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги доранд, таъмин менамуд. Ин қонун бештар аз 20 сол муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи забони давлатӣ танзим намуд. Қонуни мазкур пеш аз қабули Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, ва ба талаботи давлатдории ҳозира пурра ҷавобгӯ набуд.

Бинобар сабаби ба амал омадани тағйиротҳои куллӣ дар ҳаётии ҷамъиятии халқи тоҷик ва ба даст овардани истиқлолияти миллию давлатӣ, гузаштан ба сохти иқтисодии бозоргонӣ, ба кулли тағйир ёфтани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ, маданӣ-маишӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар зарурияти қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба миён омад. Ин буд, ки 5 октябри соли соли 2009, № 553 қонуни нав қабул гардид. Қонуни мазкур бо риояи меъёрҳои мавҷудаи Конститутсияи кишвар вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Бо мақсади иҷрои босамари қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи забони давлатӣ, аз ҷониби давлат инчунин механизмҳои давлатии амалисозии он ҷорӣ карда шуд. Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забон” ва таъмини шароити мусоид барои тавсияи забони давлатӣ ва забонҳои миллӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи забонҳо ва истилоҳот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи татбиқи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Шуруъ аз соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 604 дар заминаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми идоракунии давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил медиҳад, балки ба ин ин низом дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие дохил мешаванд, ки тартиби таъмини иҷро, татбиқи он дар ҳаёт, механизмҳои амалишавии онро мустаҳкам мекунанд, дохил карда мумкин аст.

Яке аз гурӯҳҳои калони санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки заминаи ҳуқуқии рушди забони давлатиро ташкил медиҳад, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ баромад мекунанд. Дар тули 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки қоидаи имлои забони тоҷикиро ба танзим медаровард. Инҳо, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, № 355 “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони ҳозираи тоҷик”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 “Дар бораи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июни соли 2021, № 268 “Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷкӣ” мебошад.

Нақши муҳимро дар рушди забони давлатӣ Барномаҳои давлатӣ вобасти ба рушди забони давлатӣ мебозанд. Яке аз онҳо, Барнома доир ба тавсиа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997, № 459, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, қи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 335 тасдиқ шудааст, баромад мекунад. Барномаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) баён гардидаанд, таҳия шуда буд. Барномаи амалкунанда ин Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, № 647 тасдиқ гардидааст, баромад мекунад. Барномаи мазкур забони давлатиро барои солҳои 2020-2030 ҳадаф, вазифа, самтҳои асосӣ, усулҳои татбиқ ва натиҷаҳои ниҳоии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд. Барнома муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро татбиқ намуда, ба ташаккули забони илм, рушди истилоҳоти тахассусӣ, таҳияи дастурҳо, эҳёи номҳои миллӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ мусоидат менамояд. Он ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба забон равона шуда, барои рушду густариш ва баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ нақши муҳим дошта, бобати инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.

Дар замони муосир дар радифи эълон нмаудани 20 соли омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ, табиӣ ва техникӣ забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба забони илму техника табдил ёбад. Дар ин самт аллакай заминаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби давлат гузошта шуда, марҳила ба марҳила дар ҳаёт татбиқ карда шуда истодааст. Масъалан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, № 330 Стандартҳои рақамгузорӣ ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерии стандартии UNICODE барои истифодабарии компютерӣ қабул гардида, истифодаи он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад. Дар ин самт, Барномаи истифода ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005, № 188 тасдиқ шудааст, низ баромад мекунад. Саҳми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳия ва ҳамоҳангсозии татбиқи барномаҳои номбурда хеле калон мебошад.

Ҳамин тариқ, заминаҳои ҳуқуқии рушди забони давлатӣ дар замони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иборат буда, на танҳо вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, инчунин масъалаҳои амалисозӣ, татбиқи меъёрҳо механизмҳои амалишавӣ, самтҳо рушди забони давлатӣ ва истифода онро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму техника дарбар мегирад.

Нематов А.Р. – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини саркотиби АМИТ