Перейти к основному содержанию

09 октябри соли равон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо директори генералии Институти Синзяни технология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Юанмин баргузор гардид.

Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар робита ба рушди дурнамои ҳамкорҳои илмӣ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои Хитой изҳори назар намуд.

Таъкид гардид, ки обшавии босуръати пиряхҳо раванди нигаронкунанда буда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати ҳифзи онҳо чораҳои муассир андешанд ва ба таври муштарак талош намоянд. Дар робита ба муҳиммияти ин масъала бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77- уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид. Тибқи ин Қатънома 21 март Фонди байналмилалии эътимод дар Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ шудааст.

Гуфта шуд, ки бо назардошти муҳиммияти омӯзиши пиряхҳо, соли 2017 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шуд. Ҳамзамон худи ҳамин сол дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой Маркази - илмӣ таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Ин ду муассиса дар ҳамкории муштарак бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ оид ба омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон таҳқиқоти фарогир анҷом медиҳанд. Ин таҳқиқотҳо ба омӯзиши динамика пиряхҳо, ҳаҷми онҳо, ҳаракати пиряхҳо, мониторинги кӯлҳои пиряхӣ ва арзёбии хатари онҳо равона гардидаанд.

Дар идомаи мулоқот директори генералии Институти Синзяни технология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чжан Юанмин барои дар сатҳи хуб қарор гирифтани ҳамкориҳои илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки воқеан ҳам масъалаи обшавии пиряхҳо имрӯз яке аз мушкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар робита ба ин мо ҳамеша барои густариш додани ҳамкориҳои илмӣ ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо омода ҳастем, то дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.