Перейти к основному содержанию

Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи муосирдар Институти биологии Помирмавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси ш. Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ 12.10.24 дар Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбекови АМИТ гармхонаи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Масоҳати гармхона 630 м2 буда, бо манзумаи муосири гармкунӣ ва нигоҳдории ҳарорати доимӣ ҷиҳозонида шудааст. Бояд қайд кард, ки ин ягона гармхонаи муосири Институт мебошад, ки дар ояанда корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар якҷоягӣ бо истеҳсолот бароҳ монда мешавад.