Перейти к основному содержанию
Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз исноният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст.

Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!». Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки нуксанҷона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.

Тибқи маълумоти луғатномаҳои сарчашмавӣ вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат ёфтааст: «меҳр»- муҳаббат,самимият, дӯстиро ифода мекунад ва «гон» – асос бар нисбат, яъне ба чизе марбут будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи солшумории хуршедӣ (шамсӣ) меояд. Ба ин маъно, ки мардуми эронитабор агар ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯзи солшумориашон (хуршедӣ, Шамсӣ) мувофиқ ояд, он рӯзро пасванди «гон» гузошта, онро ҷашн мегирифтанд. Барои мисол, метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доштанд, ки мардум онҳоро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд: обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, тиргон, меҳргон ва ғайра, ки мардум эътимод бар онҳо доштанд. А. Берунӣ низ зикр кардааст, ки «…ҳар моҳе он рӯз, ки ҳамномаш бошад, ӯро ҷашн доранд». Дар иртибот ба вожаи меҳргон, бояд таъкид намуд, ки ниёгони мо моҳро аз сӣ рӯз иборат дониста, ба ҳар кадом рӯзи моҳ номе гузошта буданд, ки ин номҳои эзад ва фариштагон буданд. Аз ин лиҳоз, сарчашмаҳо вожаи меҳрро номи яке аз эзидон низ мегӯянд, ки он ёрирасон ва меҳрубон бар одамон будааст. «Меҳр», ки шакли аввалаи он «Митра» номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва чаҳорсад сол пеш аз мелод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст. Вожаи «Меҳр» дар китоби муқаддаси Авасто зикр шудааст ва дар ситоишаш низ суруде омадааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авасто омадааст, Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар замони бисёрэзидии оини зардуштӣ Меҳр мақому мартабаи баландро доро будааст ва мардум, махсус деҳқонон ва кишварзон ба ӯ муҳаббату меҳри беандоза доштаанд ва эҳтимол дар натиҷаи эътимод ва баргузидагии эзади Меҳр аз ҷониби мардум ҷашни Меҳргон офарида шуда бошад.

Аксарияти мо ин ҷашни инсону табиатро аз хотир бурдаем, вале имрӯзҳо мавзуи асосии ҳарфамон аз бемеҳрии ҳамдигар ва нигаронӣ бар табиат аст. Вале бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро дар мақоми Наврӯз ва дигар ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ҷойгузин карданд ва ҳам дар тамоми манотиқи кишвар чандсолаҳо аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ин иқдомест, ки боз барои шинохти устураву таърихи гузаштаву осору ганҷинаҳои ниёгон ва ниҳоят шинохти миллӣ қадамест бузургу устувор.

Меҳргон чи гуна ҷашн аст?

Бояд тазаккур дод, ки Ҷашни Меҳргон ба гунаи Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва бостонии мардумони эронтарбор маҳсуб меёбад ва байни ин ду ҷашни бузург пайванди ногусастание вуҷуд дорад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои зиёд омадааст. Аллома ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и хеш дар хусуси ҷашни Меҳргон овардааст, ки: Меҳрмоҳ, рӯзи авали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад. Аз ин маълумоти додаи Берунӣ метавон бетардид гуфт, ки дар воқеъ Меҳргон ҷашни сирф мардумӣ аст, чун чанд нуктаи Берунӣ воқеан қабили таваҷҷуҳ аст, ки мегӯяд, «ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мурдум аст», «ва тафсири он дӯстии ҷон аст», «ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Ҳамин се ҷумла худ бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати дар гузашта доштаи Меҳргонро бозгӯ мекунанд.

Абурайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи Пешдодиён Фаридун нисбат медиҳад ва тазаккур медиҳад, ки: Мегӯянд, сабаб ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хуруҷ намуда буду ӯро мағлуб ва нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ӯ некӣ меҷустанд, (бар илова, пас аз шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ салтанат аз дасти ин дудмони муборак рафта буд ва дунё дар зери тасарруфи Заҳҳоки бедодгар ва хунхор гардида, мардум аз зулму бедодии шоҳи золим ба дод омада буданд. Коваи шуҷоъ, ки ҳабдаҳ писарашро аз даст дода буд, барои интиқом мардуми бахтбаргаштаро гирди худ ҷамъ овард ва бар зидди Заҳҳок шӯриш кард ва дар он айём аз дудмони Пешдодиён Фаридун низ бархост ва ҳамдаст бо Кова тахту салтанати Заҳҳокро сарнагун сохтанд. Ва пайдоши «Диравши ковиён» низ дар ҳамон замон аст, ки Кова худ оҳангаре буд ва пӯсти пешбанди хешро ба нуки асое баста, мардумро зери он диравш ҷамъоварда буд.)

Дар Шоҳномаи безаволи хеш А. Фирдавсӣ низ оғози ҷашни Меҳргонро дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун нисбат медиҳад. Чунончи, Фирдавсӣ мефармояд:

Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!

Оиди таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва дигар сулолаҳои баъдӣ дар бархе сарчашмаҳову тасвирҳо ва гуфторҳое ҷолиб зикр гардидааст. Фолклоршинос Дилшод Раҳимов дар асари худ «Фолклори тоҷик» аз сарчашмаҳои таърихӣ ёдовар шуда меоварад, ки муаррихи юнонӣ- Ктезиус овардааст, ки «подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд…» Аз рӯи мадракҳои таърихӣ ҷашни Меҳргон ва ойини меҳрпаррастиро ҳахоманишиён дар рӯи ҷаҳон паҳн гардонидаанд ва аз файзу баракат ва инсонпарастиву табиатдӯстдории ин ҷашн аксари ҷаҳониён баҳравар гардидаанд. Донишманди белгиягӣ Франс Валери Мари Кюмон(1868-1947) дар китоби «Ойини Митра» таҷлили соли нави масеҳиро марбут ба ҳамин ҷашни Меҳргони аҷдодони мо медонад: «Бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Руми қадим рӯзи зуҳури Хуршед тасаввур мешавад ва онро sol natalis invietil (яъне, рӯзи вилодати Хуршеди номағлуб) мегуфтаанд, ба 25 декабр кашида шуда ва баъд бо сабаби нуфузи дини Исо дар Аврупо рӯзи вилодати Масеҳ қарор додаанд». Дар аҳди Сосониён низ ин ҷашн бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид ва ҳатто бо номи ин ҷашн, чи тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд навоҳои « Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург» ва ғайра аз тарафи навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд, ёд мекунанд. Низомии Ганҷавӣ дар ин хусус ишора карда мегӯяд:

Чу нав кардӣ Навои меҳргонӣ,

Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.

Аз қавли Салмони Форс Берунӣ овардааст, ки: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».

Тибқи маълумоти Берунӣ рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргонро ба рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр (баробар ба 7-8 октябр) рост меояд ва бисту якуми моҳи меҳр «Меҳргони бузург» ё «Ромрӯз» мегуфтанд. Аҷдодони мо байни Наврӯз ва Меҳргон тафовут намегузоштанд ва ҳар дуро дар мақом гузошта, бо шукуҳи хос таҷлил менамуданд. Чи тавре ки мо худ мушоҳида мекунем, ҳардуи ин ҷашн аз рӯи рукнҳо ва оину хусусиятҳо ба ҳамдигар сахт алоқамандии зич доранд. Чунончи, дар ҷашни Наврӯз наврӯзи омма ва наврӯси хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам меҳргони омма ва меҳргони хоса таҷлил карда мешавад. Расму ойинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ду ҷашн гувоҳи он аст, ки ҳарду дар як сарчашмаи фарҳангӣ, ки бе шак дар партави хираду дониши гузаштагони мо марбут ҳаст, тавлид ёфтаву инкишоф ёфтаанд.

Донишвари номдори тоҷик марҳум Саъдулло Раҳимов бар ин андеша буданд, ки ҷашнҳои сегона- Наврӯз, Меҳргон ва Сада мисли санҷирае ҳастанд, ки ба ҳам васл гардидаанд ва бидуни ҳамдигар буда наметавонанд. Аммо, дар маҷмӯъ, мардуми ориёитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекарданд ва ҷашн мегирифтанд. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Парастиши инсон, фаъолияти созандагии вай, ниёз ба осоиштагии зиндагӣ, ваҳдату ҳамзистӣ ва рӯҳияи одаму одамият аз ҳадафҳои калидии ин ҷашҳо буд ва чунин то кунун монда аст. Ҳамин арзишҳои калидиро аҳли башар дар вуҷудаш мепарварид.

Зеро ҷашнҳои номбурда моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд.

Дигар ин ки адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш ба ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагӣ ва фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.

Новобаста аз он, ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфташуда дастовардҳои илмӣ зиёданд, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора аз марҳилаи таърихи навин шурӯъ шуда, нигоҳи тоза мехоҳад. Зеро ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.

Тоҷикистони азиз кӯшиш сохтани модели олии кишвари индустриаливу аграрӣ ва бо ҳамин хусусият майлу ниёз ба чунин ҷашнҳо дорад.

Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шаванд. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намоем. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.

Аҷдодони мо дар гузашта ин идҳоро бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн мегирифтанд. Дар ҷаҳони муосир мо бояд ин ҷашнҳоро дар ҳамин равия тақвият диҳем.

Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон) -ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар яке аз ин ҷашнҳо дар худ рамз ва ҳадафҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин бо кадом як марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатӣ вобаста мебошанд. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар он доранд, ки Сада – тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд ба соли нави меҳнатӣ омодагӣ гирифт. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварзӣ аст. Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегоник мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин кор ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.

Зоҳири САЙФУЛЛО, ходими хурди илмии ИФҲС– и ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ