Javascript, Disable context menu on right click Перейти к основному содержанию

22 октябри соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Гурский Василий Леонидович доктори илмҳои иқтисодӣ, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Беларус мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва баргузории Форуми V олимони давлатҳои аъзои созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори андеша намуд.

Зикр шуд, ки мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар самти ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023-2024, ки дар ҷаласа Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қабул гашта буд, баргузории Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 октябри соли 2024 дар назар дошта шудааст.

Таъкид гардид, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамзамон баргузории ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ нақшбандӣ шудааст.

Дар идома ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ, омода намудани кадрҳои баландихтиосои илмӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD мувофиқа омаданд.

Қайд гардид, ки бо густариш ёфтани ҳамкориҳои илмӣ мо метавонем олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзи ва таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD ба донишгоҳу муассисаҳои илмию таҳқиқотии Ҷумҳурии Белорусия бештар ҷалб намоем.