Перейти к основному содержанию

Санаи 31 октябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии илмии« Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - шиносномаи миллат» баргузор гардид.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ Шерализода Н.Ш. оғоз намуд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки таҷлили 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии мо тоҷикон маҳсуб мешавад, барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ рӯйдоди тақдирсоз мебошад. Ин санади сарнавиштсозро мардуми шарифи Тоҷикистон бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ30 сол муқаддам қабулнамуданд. Ин пас аз ҳазорсолаҳо аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллӣ амалӣ гардида, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон таҳким ёфт.

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия дар асоси талаботи он фаъолият намуда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон иқдоми созандаро амалӣ менамояд.

Маҳз Конститутсия замина фароҳам овард, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ шиносанд, ташаббусҳои ҷаҳонии онро эътироф ва амалӣ намоянд. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи ҷаҳонии масъалаҳои обро пеш бурда, дар муносибатҳои байналмилалӣ раванди «дипломатияи об»-ро асос гузоштанд.

Сипас, бо намояндагӣ аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илми таърих Қурбонова Ш. ҳайти кормандони «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи милии илмҳои Тоҷикистон»-ро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбодӣ намуда, дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди афкори миллӣ» баромад намуданд. Ҳомидов А.Ш. номзади илмҳои географӣ-сарходими илмии Шуъбаи гидрометеорология дар мавзуъи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат» ва Расулзода Ҳ.Ҳ.-номазади илмҳои техникӣ- ходими калони илмии шуъбаи экспедитсионӣ ва таҳқиқоти саҳроӣ дар мавзуъи «Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар бунёди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, рушди қонунгузории миллӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла захираҳои об, пиряхҳо ва муҳити зист тавзеҳ доданд.

Дар интиҳои конфронс озмуни ҷумҳуриявии «Пиряхҳо – сарчашмаи оби тоза» дар бахшҳои «Беҳтарин мақолаи илмӣ», «Беҳтарин мақолаи илмӣ-оммавӣ», «Беҳтарин таблиғгари ҳифзи пиряхҳо» ва «Беҳтарин таҳқиқгари пиряхҳо» натиҷагирӣ гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.