Перейти к основному содержанию
Ба истиқболи 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мардуми кишварамон нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳбубияти бепоён доранд. Ин гуна муносибати самимона пеш аз ҳама натиҷаи хизматҳои наҷиби анҷомдодаи Сарвари давлат дар ростои истиқрори сулҳу ваҳдат, таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ободӣ ва беҳбуди зиндагии мардум кишвар мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне (моҳи ноябри соли 1992) раҳбарии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтанд, ки дар кишвар сохти конститутсионӣ комилан фалаҷ шуда буд ва ҷанги дохилӣ бо шиддат ҷараён дошт, ҳазорон нафар кушта ва гуреза шуда буданд, иқтисоду саноат нобуд гардида, сохтор ва дастгоҳи давлатӣ пурра аз байн бурда шуда буд. Дар хазинаи давлат, яъне дар собиқ сандуқи Бонки давлатӣ ҳамагӣ як доллари амрикоӣ маҳфуз буду халос Тоҷикистон ҳамчун давлат дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт ва дар ҷомеа нобоварию ихтилоф ҷойи ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро гирифта буд.

Ҳамин тавр, вазифаи Раҳбари ҷавони нав интихобшуда дар охири соли 1992 нигоҳ доштани Тоҷикистон аз нобудшавӣ ва муҳимтар аз ҳама гирифтани пеши роҳи хунрезӣ буд. Дар давоми солҳои 1990 то 1992 мардуми кишвар аллакай Эмомалӣ Раҳмонро, ки вакили Парлумонӣ буданд, ҳамчун сиёсатмадори дилсӯз, шуҷоъ ва дорои афкори созанда шинохта буданд. Аз ин рӯ, мардум бо чашми умед ба ӯ менигарист ва интизор дошт, ки ин фарзанди далери миллат Ватанро аз бадбахтиҳо наҷот хоҳад дод. Албатта Сарвари давлат ин умеду орзуи мардумро амалӣ карданд ва Тоҷикистон аз гирдоби бало наҷот ёфт.

Дар яке аз аввалин суханрониҳои худ Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, гуфта буданд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва таъкид карда буданд, ки барои ба Ватан баргардондани тамоми ҳамватанони гуреза ва дар ғарибӣ қарор дошта кӯшиш мекунанд. Сарвари давлат ба ваъдаи худ ҷавонмардона вафо карданд, яъне сулҳ оварданд ва он тоҷикистониҳоеро, ки ба сифати муҳоҷирони иҷборӣ дар кишварҳои хориҷӣ, хусусан дар Афғонистон қарор доштанд, ба Ватан баргардонданд. Дар соли ниҳоят душвори 1993-юм бо вуҷуди мавҷудияти монеаҳои зиёд пеши роҳи хунрезиҳо гирифта шуд, Раҳбари кишвар тавонистанд, ки муҳоҷирони иҷбориро баргардонда, амният ва зиндагии осудаи онҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон, сохти конститутсионӣ, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо барқарор гардид, артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои зарурии давлатдорӣ ташкил дода шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар Созмони Миллали Муттаҳид, муаррифӣ карданд ва кишварамон ба сифати давлати мустақил мавқеи арзандаи худро дар арсаи байналхалқӣ ишғол намуд. Аммо пеш аз ҳама зеҳни Сарвари давлатро он замон иҷрои вазифаҳои муҳимтарин: таъмини ваҳдату амнияти мардум, фароҳам овардани оромиши иҷтимоӣ, ҳалли масоили иқтисодӣ ва суботи сиёсӣ банд карда буд. Албатта дар натиҷаи кушишу ғайрат ва шуҷоати нотакрори Сарвари давлат ин вазифаҳои аввалиндараҷа ба иҷро расиданд. Ҳамин буд, ки дар соли 1994 мардуми кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ҳамзамон, Конститутсияи давлати навбунёди мо қабул гардид. Ба сифати Президенти кишвар интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1994, ин интихоби роҳи тараққии демократӣ, дунявӣ, озодию ободӣ ва сулҳу созандагӣ буд. Раъйи мардум ва интихоби мазкур бо гузаштани солҳо дурустии худро нишон дод. Фазои озодию мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдию дунявият ва тараққиписандӣ дар кишварамон устувор гардид ва ин роҳи муваффақ то имрӯз Тоҷикистонро ҳамсафар аст.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар як муддати кутоҳи таърихӣ афкори сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳанги мардум дар Тоҷикистон тағйир ёфт ва ин фазои ба вуҷуд омада имкон дод, ки решаҳои ҷангу низоъҳои дохилӣ барканда шаванд ва фазои муътадили корию созандагӣ дар пойтахт ва манотиқи дигари кишвар ҳукмфармо гардад. Муҳимтар аз ҳама дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои ҷонфидоёнаи Сарвари давлат ва азму иродаи қавии мардуми кишвар ҷанги дохилӣ, ки дар натиҷаи он бештар аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон ҳалок шуда буданд, хотима дода шуд. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромию ваҳдати миллӣ ҳукмфармо гардид.

Ҷуръат, ҷасорат, масъулият, донишу хирад ва инсондӯстии Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ӯ мардумро дар атрофи сиёсати созандаи худ муттаҳид созад ва дар муқобили душманону бадхоҳон манфиатҳои миллии давлати ҷавони Тоҷикистонро ҳифз намояд. Саъю талошҳои фаровони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он замони ҳассос натиҷа оварданд ва Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду пешрафт расид. Бояд таъкид кард, ки марҳилаи барқарории сулҳ ва созиши миллӣ дар таърихи муосир ҳодисаи фаромушнашаванда маҳсуб меёбад. Дар ин марҳила нақши Сарвари давлат бузургу нотакрор аст. Маҳз кушишҳои ҳамешагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва матонату ватандӯстии ӯ буд, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидем ва Тоҷикистон аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфт.

Бешубҳа, мактаби сулҳпарвару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодиру нотакрор буда, шоистаи омӯзиш ва истифодаи ҷаҳониён мебошад. Дар ҷаҳони муосир ҷангу низоъҳои зиёде мавҷуданд, ки мутаассифона ҳал карданашон муяссар намегардад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои минтақа ва ҷаҳон дар ҳалли муноқишоту низоъҳо дар ҳар шакле омӯзанда аст. Танҳо як иқдоми ҳадафмандона ва пайгиронаи Сарвари давлат, ки тамомияти арзӣ ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавассути сулҳу ваҳдат таъмин намудаанд, басанда аст, то номашон дар таърих бо ҳарфҳои заррин абадан сабт гардад.

Имрӯз хеле осону роҳат дар бораи раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва мушкилоти ба он марбут ҳарф мезанем, аммо набояд аз хотир фаромуш кард, ки ибтидои солҳои навадуми садаи бистум вазъи номусоиди амниятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ мардуми кишвар ва ҷомеаи тоҷиконро ба гирдоби ноумедию дилсардӣ гирифтор карда буд. Ин аст, ки ҳар кас дар он вазъи харобу валангор масъулият ва рисолати раҳбариро бар уҳда намегирифт.

Ба дараҷаи Пешвои миллӣ сабзидану расидан донишу хирад, маҳорат, таҷриба ва ҷуръату масъулияти фавқулоддаро тақозо менамояд. Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми душманон, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ки дар ҳоли варшикастагӣ ва нобудӣ қарор дошт, сохтани давлати миллӣ ва соири иқдомоте, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули раҳбарӣ анҷом додааст, мақоми арзандаи Пешвои миллатро ба ӯ ато фармудааст.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти раҳбарии Пешвои миллат ҷараён дорад, муваффақ ва созанда буда, пеш аз ҳама ба беҳбудии зиндагии мардум ва ҳифзи манофеи миллӣ равона гардидааст. Бунёди НБО Роғун ва дигар иншооти энергетикию саноатӣ, роҳҳою нақбҳои сатҳи байналмилалӣ аз дастовардҳои ин сиёсат мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша бо мардум будан, аз инсонияту шарофат ҳарф задан, аз илтифоту самимият дар ҳар замоне кор гирифтан, ба дилу дидаи мардум наздик будан, ба ятимону дармондагон дасти кумак дароз кардан, аз аҳволи бепарасторон бархӯрдор будан, авлавияти сиёсати давлатиро ба самти маориф ва фарҳанг додан, амният ва манофеи миллиро саргаҳи кори давлатӣ донистан дар байни аҳолӣ соҳибмақом ва пурэҳтиром гардонидааст. Сарвари давлат новобаста аз масруфиятҳо ҳамеша бо мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон мулоқот мекунанд, аз ҷараёни зиндагии аҳолӣ бархурдор мегарданд, бо халқ қарину ҳамнафас ҳастанд. Зеро аз миёни мардум баромадаанд ва рисолати худро қабл аз ҳама хидмат ба мардум ва амнияту осоиштагии ҷомеа меҳисобанд.

Аз ҳама муҳимтар, оромиш, субот ва амнияте, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, далели дурустию хирадмандона будани сиёсати Пешвои миллат мебошад. Маҳз ба шарофати ин сиёсат мо фазои орому зиндагии обод дорем ва кишварамон дар ҳоли рушд кардан мебошад. Маъмулан, ҳар замон, ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун таҳдид мекунанд, шахсияти варзидае рўйи кор меояд, ки миёни омма аз маҳбубияти вижа бархурдор буда, бо донишу хирад, маҳорату таҷрибаи сиёсӣ ҷомеаро дунболи худ бурда, кишварро ба роҳи сулҳу тарақиёт раҳнамои менамояд.

Муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон айнан чунин шахсият ҳастанд ва ҳамчун Пешвои миллӣ мардумро дар атрофи худ муттаҳид сохта, дар масири ҳифзу тараққии кишвар муваффақ гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, дар марҳилаи кунунии созандагии кишвар мардуми Тоҷикистон ба шахсияти Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад, то таҳти раҳбарии ӯ фазои сулҳу амният, ваҳдату ягонагии миллӣ ҳифз гардида, рушду пешрафти Ватанамон таъмин гардад.

Хулоса, бунёдкориву хирадмандии Сарвари давлат дили мо, ҷавононро дар самти ватандўстиву меҳанпарастӣ рӯҳу тавони тозае бахшид. Ҳар як ҷавон бояд ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии худро дар назди Миллат, Ватан ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ободиву осоиштагии кишвари азизамон бо кору пайкори созанда собит намояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда кули ҳамватаноро ба муносибати рӯзи Президенти кишвар табрик мегуям.

Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон