Перейти к основному содержанию

Имрӯз (22.11.2024) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он кормандони институт ширкат варзиданд.

Миззи мудавварро директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м.Раҳимзода А.О. кушода, ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр намуданд, ки мо баъди соҳибистиқлолии кишвар, дар давраи ниҳоят ҳассос парчами давлатии худро интихоб ва қабул кардем, ки ин худ пеш аз ҳама ба иттиҳоду сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ даъват намудани мардуми шарифи Тоҷикистон буд.

Инчунин, ходими калони илмӣ н.и.ф.м. Фозилова Д.М. дар мавзӯи «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-таҷассумгари ҳувияти миллӣ» суханрнӣ намуда, зикр намуд, ки халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш зикр гардид, ки ҳамеша сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвари азизамон пояндаву ҷовидонӣ бошанд ва халқи тоҷик таҳти парафшонии Парчами миллӣ ва сарварии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон парафшонии Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона кору фаъолият намоянд.