Перейти к основному содержанию

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони гиромӣ!

Ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию таҳқиқотиро таманно менамоям.

Воқеан ҳам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Имрӯз ифтихор дорем, ки бо ҷилваву қади афрохтаи худ, Парчами миллии мо яке аз баландтарин парчамҳо дар ҷаҳон мебошад, ки дар пойтахти кишварамон – Душанбеи нозанин партавафшон аст. Бо мавҷҳои ин парчами ваҳдатсоз халқи тоҷик баъд аз ҳазор сол бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат давлати худро барпо намуд. Тоҷик бо ин Парчам бо ифтихору сари баланд, аз ҳастии худ, аз нангу номуси баланди худ ва аз муттаҳидиву қудрати худ ба ҷаҳониён мужда мерасонад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурсамари илмию таҳқиқотиро таманно дорам.

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак!