Перейти к основному содержанию

Аз 18 ноябр то 28 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии Бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарии Шурои ҳамоҳангсозии КИТ тибқи ҷадвали корӣ ба нақша гирифта шудааст.

27 – 28 ноябри соли 2024 ҳисоботи лоиҳаҳои илмию таҳқиқотии МД “Маркази миллии патенту иттилоот” ва МД “Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Муассисаи давлатии агентии миллии Созмони байналмиллалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш. Кӯлоб, Донишкадаи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда шуданд.