Перейти к основному содержанию

27 ноябри соли 2024 дар шаҳри Вена ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти робарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар Конфронси сатҳи вазирони Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) оид ба масъалаҳои илми ҳаставӣ, фанновариҳо ва барномаи ҳамкориҳои фаннӣ иштирок кард.

Дар ҳошияи Конфронси мазкур мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мудири кулли АБНА Рафаеэл Гросси баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва АБНА, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки феълӣ ва ҳамчунин тарҳҳои миллии нав дар самтҳои гуногун дар доираи Барномаи ҳамкориҳои фаннии АБНА барои солҳои 2026-2027-ро баррасӣ карданд.