Перейти к основному содержанию

02 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷопон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ таҳқиқотӣ вохурӣ доир намуданд.

Бояд гуфт, ки барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS дар заминаи Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) фаъолият менамоянд. Барномаи SATREPS тадқиқоти муштараки байналмилалиро бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамчун як ҷанбаи «дипломатияи илм ва технология» пеш мебарад.

Зимни вохурӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудааст, ки мураккабии афзояндаи масъалаҳои глобалӣ ба монанди тағирёбии иқлим, мушкилоти ғизо, офатҳои табиӣ ва бемориҳои сироятиро нишон медиҳад. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба таъсири онҳо бештар осебпазиранд, дар вазъияти душвор қарор доранд.

Албатта барои ҳалли ин масъалаҳо навовариҳои илмию технологӣ, ба кор бурдани натиҷаҳои таҳқиқот дар ҷомеа, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ дар сарҳади миллӣ зарур аст.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи стипендияи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) ба дастгирии рушди захираҳои инсонӣ дар кишварҳои гирандаи кӯмаки грантии Ҷопон нигаронида шудааст.

Ҳамчунин Лоиҳаи JDS курсҳои магистрӣ ва докториро дар донишгоҳҳои Ҷопон ба забони англисӣ пешниҳод мекунад. Инчунин ба воситаи лоиҳаи JDS имкони махсус доранд, ки донишҳои пешрафтаро дар муҳити технологӣ мустақиман омӯзанд ва ҳамзамон шабакаҳои васеи инсониро бунёд кунанд.

Дар идомаи мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва намояндагони барномаи SATREPS ба мувофиқа омаданд, ки дар оянда ҳамкориҳои худро дар самтҳои тадқиқоти захираҳои об ва тағирёбии иқлим, омӯзиши таъсири обшавии пиряхҳо ба захираҳои об, тадқиқоти муштараки олимони ҷопонӣ ва тоҷик барои ҳифзи системаҳои оби минтақа, бехатарӣ ва инфрасохтори сейсмикӣ, кор карда баромадани технологияи сохтмони биноҳои ба зилзила тобовар, мониторинги фаъолияти тектоникӣ дар кӯҳҳои Помир, дастгирии техникӣ дар соҳаи энергетика ва инчунин тадқиқот оид ба баланд бардоштани самаранокии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия тақвият бахшанд.