Перейти к основному содержанию

Шаби ялдо ё шаби чилла аз куҳантарин ва муҳимтарин ҷашнҳои мо – тоҷикон ва ақвоми эронӣ буда, шаби 30-юмиозар охирин рӯзи тирамоҳ мусодиф ба 21-уми декабр, дар дарозтарин шаби сол ва 1-уми дай, аввалин рӯзи зимистон фаро мерасад. Ин шаб ба фалсафаи торикии аҳриманӣ ва рушании аҳуромаздоӣ низ гиреҳ хурдааст. Шаби ялдоро барои тақсимбандии рӯзҳои тобистонию зимистонӣ, барои кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил истифода мекарданд. Шаби ялдо бо рӯзгори кишоварзон ва офобу рушанӣ, гардиши офтобу замину табиат пайванд мехурад, зеро асоси зиндагии мардумон ба кишту кору замину обу ҳаво вобаста буд. Инчунин шаби ялдоро хур, хуррамрӯз низ гуянд. Тоҷикон ба ин шаб чилла мегӯянд, зеро он оғози чиллаи бузург аст, ки 40 рӯз давом мекунад ва бист руз баъд аз онро чиллаи хурдак мегӯянд.

Шаби ялдо аз ҷашнҳои бостонист, ки қидмати он ба 7000 сол пеш мерасад ва аз соли 502-и пеш аз милод дар замони салтанати Дориюши якум расман ҷашн гирифта мешудааст. Дар бораи маншаи милод ду назари мухталиф ҷой дорад: гурӯҳе онро барҷомонда аз милоди Масеҳ тавассути эрониён донистаанд, ки тибқи он дар қарни 4-и исавиён онро рӯзи таваллуди (25 декабр) Исо қарор додаанд; гуруҳе аз муҳаққиқон онро ба милоди Митро (Меҳр) ё Эзади Меҳр, ки дар аҳди бостон дар кеши меҳрпарастӣ роиҷ буд, рабт медиҳанд.

Донишмандони зиёде бар ин ақидаанд, ки мардуми ориёитабор дар аҳди бостон шаби охирини моҳи озару рӯзи аввали моҳи дайро ҳамчун зодрӯзи Меҳр (ё Митро) ҷашн мегирифтанд. Аз ҷумла, мутафаккири машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ ба мавҷуд будани ҷашне дар чунин айём ишора кардааст: «Даймоҳ ва онро «хурмоҳ» низ мегӯянд, нахустин рӯзи он Хуррамрӯз аст. Ва ин рӯзу ин моҳ ҳарду ба номи… Ҳурмузд.. номида шуда… Ва гоҳе ин рӯзро «Навадрӯз» мегӯянд ва онро ид мегиранд, зеро миёни он ва Наврӯз навад рӯзи пурра аст.» [Берунӣ 1990, с. 246]. Мусташриқи маъруфи даниягӣ А. Кристенсен “Рӯзи аввали моҳи дайро, ки дар ҳисоби солшумории атиқ ид буда, “Хуррамрӯз” мегуфтаанд. Дар Хуррамрӯз шоҳаншоҳ аз тахт ба зер меомад, либоси сафед мепӯшид ва дар чамане бар фаршҳои сафед менишасту бори омм медод. Ҳар касе метавонист ба ҳузури ӯ дарояд... Он гоҳ шоҳ дар он рӯз чунин мегуфт: Ман имрӯз чун яке аз шумо ҳастам... қавоми ҷаҳон ба ободист, ки дар дасти шумост ва қавоми ободӣ ба подшоҳ аст. Ҳеҷ як аз ин ду аз дигаре бениёз натавонад буд.” [Кристенсен 1393, с. 254]. И.Пурдовуд бо истинод ба китоби “Ойини Митро”-и Б. Кумонт чунин мешуморад, ки дар фарҳанги бостонии мо ду ҷашни Меҳргон (Меҳргони меҳ ва Меҳргони кеҳ) вуҷуд дошт. Меҳргони кеҳро дар Руми қадим рӯзи 25-уми моҳи декабр, ки ҳамчун рӯзи зуҳури хуршед тасаввур мешуд, ҷашн мегирифтанд ва онро рӯзи валодати хуршеди мағлубнашуданӣ (Sol Natals invicti) меномиданд. Ин ҷашн баъди нуфузи дини Исо дар Аврупо ба рӯзи таваллуди Масеҳ табдил меёбад [ниг. Яштҳо 1377, с. 399-400].

Пидром Ҷам бар ин андеша аст, ки дар даврони салтанати Хусрави I ва Хусрави II Сосонӣ дар оғози фасли сармо шаҳривармоҳ (23 август-22 сентябр) маросиме доштанд бо номи Озарҷашн, ки ҳамин шаби ялдост. Ба гуфтаи ӯ тафсири нодурусти тақвими Ҷалолӣ аз ҷониби донишмандони асрҳои миёна боиси сар задани хатову иштибоҳот дар тафсири ҷашну ойинҳои бостонӣ гаштааст. Ба андешаи Пидроми Ҷам “Ҷашни оғози зимистони эрониён на ба милоди ҳазрати Масеҳ иртиботе дошт ва на ба эзади Меҳр ё зоиши хуршед”. Посухи саҳеҳ дар бораи сарчашмаи пайдоиши шаби ялдоро эроншиноси маъруф Раҳом Аша додааст: “Вожаи ялдо аз оромӣ ояд барои зоиш. Ин (яъне шаби чилла) на бо дини масеҳӣ дар пайванд аст, на бо митроӣ. Аз гардиши тобистонӣ, ки ба моҳи июн афтад, хуршед абар дувоздаҳон (дувоздаҳ бурҷ) рӯй ба пойин ояд. Инро ба мироӣ монанд кардаанд, то он ки ба оғози зимистон ба поёнтарин поя афтад, ба нишони марг. Ба гардиши зимистонии хуршед оғозад ба боло шудан абар дувоздаҳон. Инро ба зиндагӣ монанд кардаанд ва он шабонарӯзро замони зоиш хондаанд. Румиён онро “natalis invicti” (милоди шикастнопазир) мехонанд”, ки ҳамон зоиши хур аст. Ба моҳрӯзи румӣ ва низ ба моҳрӯзи шоҳии порсӣ ин рӯз ба 25 декабр меафтад ва ин камубеш оғози меҳрмоҳи шоҳӣ буд. Аз он ҷой, ки тарсоён натавонистанд ин ҷашнро аз миён бардоранд, онро аз садаи панҷум зоиши Исо гирифтанд”. Ин ҷашнро Берунӣ Меҳрмоҳи куҳан (шоҳӣ) хондааст, ки ба оғози зимистон рост меояд, Румиён бо ошноӣ бо порсиён онро гирифтанд ва аз ҳамин рӯ invicti хонанд. Пояи ин ин ҷашн дар оғоз динӣ набуд, ахтарморона (ситорашиносона) буд. Ҳанӯз моҳрӯзҳои румӣ аз садаҳои дувум ва сеюм дар даст дорем, ки сарчашмаи хубе барои баррасиҳоанд”.

Фолклоршинос Р. Раҳмонӣ дар заминаи таҳлилу баррасии ақидаҳои муҳаққиқоне, монанди Ҷ. Фрэзер, А. Кристенсен ва А. Красноволска дар робита ба масъалаи шаби ялдо чунин менигорад, ки мардуми эронитабор шаби аввали зимистонро ҳамчун шаби зоиши хуршеду оғози сол бо бедорӣ ҷашн мегирифтанд ва чунин расму ойин дар байни қавмҳои дигари ориёӣ, аз ҷумла олмониҳо, низ маъмул будааст ва онҳо дар гузаштаи дур таваллуди хуршедро дар саршавии зимистон ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бостонӣ бо зуҳури масеҳият бо каме тағйири муҳтаво ба ҳастии худ идома медиҳад. Номбурда баъзе ҷузъиёти ин тағйиротро чунин тавзеҳ медиҳад: “Дар замонҳои қадим кашишҳои (диндорони) англис кӯшиш намуданд, ки солшумории худро (шаби таваллуди Исои Масеҳро ва ё «крисмас»-ро, ки 6-уми январ аст) ба шаби дарозтарин ба таваллуд хуршед (21-22 декабр) баранд. Вале ҳангоми ҳисоб чанд рӯз хато шуд. Дар натиҷа ҳисоби онҳо ба 25-уми декабр (4-уми даймоҳ) рост омад. Ҳамин кӯшиш буд, ки ҳоло соли милодии масеҳиён аз таърихи 25 декабр оғоз мешавад. Дар асл таърихнигорон шаби таваллуди Исои Масеҳро 6-уми январ медонанд, вале дар натиҷаи иштибоҳи руҳониён ҳангоми табдили солшумории ориёӣ ба солшумории масеҳӣ ба ҷои 22-уми декабр онро ба 25-уми декабр интиқол доданд. Ҳоло масеҳиёни дунё шаби 25-уми декбрро чун шаби мавлуди Исо ҷашн мегиранд, ки дар асл он ҳамон шаби ялдои мардуми ориёитабор аст” [ниг. Сайти Институт. Ялдо – шаби зоиши хуршед].

Мутобиқи боварҳои куҳан хуршеди навзод то чил рӯз дар он рӯзҳои сарду кӯтоҳ ва шабҳои торику дарози фасли сармо наметавонист дар муқобили неруҳои аҳриманӣ (торикӣ ва сардӣ) ба тавири мустақил муқовимат кунад. Бинобар ин, мувофиқи ин дидгоҳ мардум вазифадор буданд, ки тавассути амалан анҷом додани расму ойинҳо (монанди оташ афрӯхтан дар шаби торики ялдо ва то субҳ бедор будану дуохониву қиссагӯйӣ ва дигар машғулиятҳои шодибарангез) ба хуршеди навзод нерую тавон бахшанд. Мардум бо анҷоми чунин амалҳо то чилрӯзагӣ хуршеди навзодро муҳофизат мекарданд, зеро тамоми неруи ҳаёту манбаи зиндагии онҳо ба нуру гармии хуршед вобастагӣ дошт. Фолклоршинос Р. Раҳмонӣ муътақид аст, ки расму одатҳои чилланишине (чиллаи кӯдак, чиллагурезон, чиллашинӣ, чиллагӣ, чиллаи арӯс, чиллаи домод), ки то кунун дар зиндагии рӯзмарраи мардуми тоҷик эътибор доранд, ба ин бовари бостонӣ, яъне ба чил рӯзи муроқабату муҳофизати хуршеди навзод (ё Меҳри навзод) иртибот доранд. [ниг. Сайти Институт. Ялдо – шаби зоиши хуршед].

Масъалаи дигаре, ки дар робита ба ин ҷашн диққати донишмандонро ҷалб кардааст, ин мансубияти истилоҳи “ялдо” ба ин ҷашни бостонӣ ба шумор меравад. Дар луғатномаи А. Деҳхудо маънои луғавии калимаи «ялдо» ва моҳияти ҷашни марбут ба онро чунин тавзеҳ додааст: “Луғати суриёнӣ аст, ба маънии милоди арабӣ. Ва чун шаби ялдоро бо милоди Масеҳ татбиқ мекардаанд, аз ин рӯ, бад-ин ном номидаанд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҷашни милоди Масеҳ, ки дар 25-уми десомбар (декабр) тасбит шуда, тибқи таҳқиқи муҳаққиқон, дар асл, ҷашни зуҳури Митро(Меҳр) буда, ки масеҳиён дар қарни чаҳоруми милодӣ онро рӯзи таввалуди Исо қарор доданд.” [Деҳхудо 1380, с. 3220]. Аммо ба андешаи муҳаққиқ Пидром Ҷам ялдо иртиботе ба ин маросими куҳан надорад, “ва ин ном аз мутуни адабӣ ба забони рӯзмарраи мардуми оддӣ роҳ ёфтааст ва дар давраи исломӣ ба маросиме, ки аз даврони куҳан дар вақти инқилоби зимистонӣ баргузор мешавад ва ба номҳое ҳамчун озарҷашн, шаби чилла итлоқ шудааст”. Гап сари он аст, ки дар ёдгориҳои бостон ва тоисломӣ ҷашне бо номи ялдо вуҷуд надорад, инчунин ин вожа дар забону адаби арабӣ истифода намешавад, аз ин ҷо бармеояд, ки вожаи ялдо мустақиман аз забони оромӣ-сурёнӣ ба забони мо роҳ ёфтааст. Аввалин ёддошт аз ин ҷашнро дар “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ мебинем, ки он ҳам дар фасле аз аъмоли масеҳиён дар моҳҳои сурёнӣ ва милоди Масеҳ омадааст. Берунӣ онро “милоди акбар” гуфтааст, ки маънии таваллуди офтобро дорад.

Бояд гуфт, ки вожаи “ялдо” аз асри ХI то кунун дар осори адабии адибони зиёде истифода шудааст. Адибони классик вожаи ялдоро дар аксари маврид ҳамчун унсури тавсифӣ барои ифода кардани мафҳуми сиёҳӣ ва дарозии шаб, инчунин барои тавсифи муйи сиёҳу дарози дилбар ба кор бурдаанд ва “зоҳиран маънои луғавии вожа, яъне милод барои онҳо ношинохта буд” (П.Ҷам.). Тавре ки ишора шуд вожаи ялдоро дар ашъори шоирони зиёде, амсоли Унсурӣ, Қатрони Табрезӣ, Манучеҳрӣ, Боботоҳир, Масъуди Саъди Салмон, Саноӣ ва Анварӣ ва дигарон дидан мумкин аст, ки бештар корбурди адабӣ дорад. Танҳо шоироне, монанди Носири Хусрав, Саноии Ғазнавӣ, Хоқонии Ширвонӣ ва Амир Муизӣ ин вожаро ба маънии милод (яъне наздик ба маънои шабе, ки дар он як рӯйдоди муҳим, аз қабили зодрузи Меҳр ё милоди Масеҳ ва амсоли инҳо рух додааст) истифода кардаанд. Масалан дар абёти зери Носири Хусрав, Амир Муизӣ ва Ҳаким Саноӣ робитаи байни Масеҳ ва ялдо мушоҳида мешавад.

Носири Хусрав:

Ӯ бар душанбеву ту бар одина,

Ту лайли қадр дорию ӯ ялдо.

Саноӣ:

Ба соҳибдавлате пайванд, агар номе ҳамеҷӯӣ,

Ки аз як чокари Исо чунон маъруф шуд ялдо.

Муизӣ:

Эзади додор меҳру кин ту гӯӣ,

Аз шаби қадр офариду аз шаби ялдо.

З-он ки ба меҳрат бувад тақарруби муъмин,

З-он ки бо кинат бувад тафохури тарсо.

М. Кадканӣ дар шарҳи муфассали байти мавриди назар аз Ҳаким Саноӣ ба ин нукта ишора мекунад, ки дар баъзе фарҳангҳо (манзур “Бурҳони қотеъ”) ялдо иштибоҳан ба маънии чокар (хидматгор)-и Исо ба кор рафтааст. Ба ақидаи ӯ, вожаи “чокарӣ”, ки дар ин байт омадааст, ба ҷуз аз ифодаи маънои аслӣ (ғуломӣ, хизматгорӣ) мафҳуми мулозимат (ҳамроҳӣ, ҳамнишинӣ)-ро низ мерасонад: “Чокарӣ мулозимат аст, Саноӣ дар ин байт мегӯяд: Аз мулозимату ҳамроҳии номи Масеҳ бо ялдо ин ном маъруф шудааст... Ин ки баъзе аз фарҳангҳо ялдоро номи яке аз мулозимони Исо навиштаанд, бакуллӣ иштибоҳ аст ва маншаи он таъбири ғалат аз ҳамин байти Саноӣ аст (муроҷиа шавад ба “Бурҳони қотеъ” ва ёддошти аллома Қазвинӣ дар ҳошияи ҳамон китоб” [Кадканӣ 1372, с. 256].

Зоҳиран, аз мутолиаи ҷумлаи “Аз мулозимату ҳамроҳии номи Масеҳ бо ялдо ин ном маъруф шудааст” чунин маънӣ бармеояд, ки номи Масеҳ дар асари мулозимат бо ялдо (шаб, як падидаи табиӣ) дар ҷаҳон маъруфу машҳур шудааст. Маъмулан баёни чунин матлаб ризоятбахш ба назар намерасад, зеро падидаҳои табиӣ (рӯзу шабу моҳу сол) дар аслу зоти худ сифати хуб ё бадро надоранд ва танҳо рӯйдодҳои дурахшони иҷтимоӣ, ки дар таърихи миллатҳо нақши созанда доранд, монанди рӯзҳои ҷашни Истиқлолу Озодӣ ё зодрӯзи шахсиятҳои муътабар, метавонанд ба падидаҳои табиӣ муҳтаво ва моҳият бубахшанд. Аз ин рӯ, агар мазмуни мисраи Ҳаким Саноиро бо як забони сода баён кунем, чунин натиҷа ба даст меояд, ки ялдо (як шаби тираву сарди зимистонӣ) дар асари рост омадан бо зодрӯзи Исои Масеҳ (як падидаи муҳимми иҷтимоӣ) дар ҷаҳон машҳур гардид. Идомаи мантиқии баҳсро Амир Муизӣ дар байте аз қасидаи худ ҳакимона баён кардааст. Шоир ҷону шамъро бо ҷисму ҷаҳон ва гетиву шаби ялдо муқоиса карда, арзишмандии ҷону шамъро нишон медиҳад:

Ту ҷони латифию ҷаҳон ҷисми касиф аст,

Ту шамъи фурӯзонию гетӣ шаби ялдо.

Инчунин, байти зери Имомии Ҳиравӣ ба яке вижагиҳои муҳимми шаби ялдо, яъне маросими оташафрӯзӣ дар ин ҷашн ишора мекунад. Муҳаққиқон оташафрӯзиро яке аз нишонаҳои хосси шаби ялдо арзёбӣ кардаанд: “Маросими ялдо асми вижаи ориёиҳост... маросими махсуси пайравони ойини Меҳр аст, мубориз ва зидди торикӣ... Ба ҳамин муносибат дар шабҳо оташ меафрӯхтанд, то омилони Аҳриман бигрезанд. Оташ ҳамчун хуршед дар назди эрониёни бостон тақаддусе вижа дошт ва дар шаби ялдо ё шаби таваллуди хуршед оташ меафрӯхтанду хони вижае мегустурданду аз меваҳои фасл ва меваҳои хушк дар суфра мениҳоданд...” [Халилии Маҳалла 1394, с. 12]

Имомии Ҳиравӣ:

Туӣ, к-аз партави раъйат бибинад дидаи акмаҳ

Фурӯзон дар ниҳоди санг оташ дар шаби ялдо.

Шайх Аттори Нишопурӣ ва Хоқонии Шервонӣ дар абёти зер шаби якдоро ҳамчун “шаби обистан” тасвир кардаанд. Тасвири шаби обистан бунмояи маъноиест, ки зеҳни моро ба боварҳои куҳан, ки дар аҳди бостон дар расму ойинҳои мардуми ориёинажод ҷой доштанд, пайванд медиҳад. Дар китоби “Ойинҳои бостонӣ” шаби ялдо ҳамчун шаби обистану омодаи зоиши Меҳр – Митро арзёбӣ шудааст [ниг. Маҷидзода 1384 ,с. 125].

Аттор:

Ба иззати шаби қадру шаби ҳисоби барот,

Ба ҳурмати шаби обистану шаби ялдо.

Хоқонӣ:

Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,

Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби ялдо бинанд.

Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки ойини мазкур маншаъи тақвимӣ дорад ва он дарозтарин шаби сол ва оғози фасли зимистон мебошад, ки мардумони эронитабор ва мардуми Шарқ онро бо номҳои шаби Ялдо ва шаби Чилла ҷашн мегирифтанд ва масеҳиёни тамоми манотиқи олам низ ин рӯзро милоди Масеҳ дониста, онро бо номҳои “Christmas”, “Рождество” ҷашн мегиранд.

Одоб ва русуми шаби ялдо дар манотиқи гуногун аз ҳам фарқ мекунад. Дар Эрон дар шаби ялдо суфра бо анори дона шуда, ки меваи биҳиштӣ маҳсуб меёбад ва аз намоди баракату борварӣ ва ранги сурх паёми рӯзҳои равшан аст, боз мекунанд. Тарбуз рамзи меваи тобистонист, ки нурҳои хуршед, гармову баракатро то оғози зимистон ва хони ялдоӣ меорад. Меваҳои рангаш сурху норинҷӣ аз қабили себу хурмову мандарин инчунин кадуи бо асалу дорчин пухта ва таркибе аз чормағзу пиставу фундуқу бодом ва мева низ мегузоранд. Инчунин ба хони ялдоӣ китобҳои “Шоҳнома” ва ғазалиёти Ҳофизро мегузоранд, зеро бо мурури замон шоҳномахонӣ ва фоли Ҳофиз гирифтан ба русуми ин ҷашн табдил ёфтааст.

Дар Тоҷикистон барои шаби чилла шириниҳое ба шакли ҳайвонот мепазанад ва ба рӯи ҳавлии хонаҳояшон гандум мепошанд. Хонаводаҳо дар шаби чилла ва чиллаи бузург дар гирди сандалӣ нишаста ба нақли афсонаву ривоятҳо мепардохтанд.

Дар Афғонистон низ хони пурғизо ва анвои мева ороста, анорҳоро дар сабад мечинанд, ки ба қавле намоде аз чархаи зиндагиянд. Сипас, дар ин шаби тулонӣ то дами субҳ бо меҳмонҳо ба шунидани достонҳои асотирӣ ва қиссаҳои аз даврони куҳан ба ёдгор монда гӯш медиҳанд. Ҳадя додан ба арусу домод аз суннатҳои қадимии ялдои ин сарзамин аст.

Дар Покистон дар ин шаби тӯлонӣ мардум ба дуо ва ниёиш мепардозанд ва ҳаммом кардан ва оташ афрӯхтану шодиву рақсидан аз суннатҳои ҷашни ин маросим аст.

Ҷашни инқилоби зимистонӣ дар Шарқи Осиё, монанди кишварҳои Чин, Ветнам, Корея, Ҷопон бо фестивалҳои хосе ба ин муносибат баргузор мешаванд. Инчунин Ялдо дар манотиқи мухталифи олам аз ҷумла Амрикои ҷанубӣ, Африқо тибқи маросимҳои сокинони ин манотиқ баргузор мешавад.

Шаби чилла ва ҷашни он аз суннатҳои қадимии мардуми мост. Мусаллам аст, ки тамаддуну фарҳангҳои бузург ва ғанӣ, ки дар муддати хеле тӯлонии таърихӣ ташаккулу такомул ёфтаанд, ҳангоми бархурди тамаддунҳо аз худ муқовимат ва муқобилату устувории матину ҳайратангез нишон додаанд, ҳатто тарафи муқобилу зӯровар аз ин фарҳанг ғанӣ чизҳои арзишмандеро пазируфтааст. Аз ҷумла Наврӯзу шаби Чилла, ки аз умқи таърих то ба имрӯз омада, бино бар устувориву матонати мардуми мо он аз байн нарафт ва ҳатто боиси он шуд, ки ақвоми дигар онро бипазиранд, аммо дар пӯшиши нав. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир бархурдҳои фарҳангӣ шакли зӯровару хушунатомез касб кардаанд. Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа доимо аз пос доштани фарҳангу расму ойину суннатҳои гузашта таъкид мекунанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолу озодии сиёсиву фарҳангии кишварамон ва ибтикороти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.

Пешниҳод дорем, ки рӯзи 21 декабр– рӯзи оғози фасли зимистону чиллаи бузург ва шаби тӯлонитарини солро, ки ҷанбаи фарҳангиву илмиву таърихӣ дорад, дар радифи ҷашнҳои миллии аҷдодӣ Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада бо номи Шаби чилла (Ялдо) поси хотири фарҳангу суннатҳои қадимӣ дар тақвими Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта ва ҷашн гирифта шавад.

Шарифзода Фарангис - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Бухориев Олим – ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абубдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Адабиёт:

Берунӣ. Осор-ул-боқия.-Душанбе: Ирфон, 1990. – 432 с.

Кристенсен, А. Эрон дар замони Сосониён / А. Кристенсен / Тарҷумаи Р. Ёсамӣ. – Теҳрон: Шобак, 1393 ҳ. – 888 с.

Яштҳо. Иборат аз 2 ҷилд. Ҷ. 1. / Шарҳу тавзеҳоти И. Пуридовуд. – Теҳрон: Асотир, 1377. – 744 с.

Маҷидзода М. Оинҳои бостонӣ / М. Маҷидзода. – Сорӣ: Пажуҳишгоҳи фарҳангӣ.-1384. – 192 с.

Кадканӣ, М. Тозиёнаҳои сулук / М. Кадканӣ. – Теҳрон: Огоҳ, 1372 – 544 с.

Деҳхудо, А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Иборат аз 2. Ҷилд. Ҷ.1. / А. Деҳхудо. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1380. – 1609 с.

Халилии Маҳалла М. ва ҳамкорон. Ҷашнҳои устураии Эрон намоди фарҳанг ва тамддуни қавми ориёӣ / М. Халилии Маҳалла ва ҳамкорон // Ҳамоиши байналмилалии ҷусторҳои адабӣ, забон ва иртибототи фарҳангӣ.– Теҳрон, 1394, давраи баргузории 1. – С. 1-17.

Ҷам П.- Ялдо//Пажӯҳишҳои эроншиносӣ.-Теҳрон, 1397.