“Дар баробари ин ҳама, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз чанд ҷиҳад фарқунанда буд. Дар Паём баробари дигар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тавваҷуҳ ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия зоҳир карда шуд. Ҳамин буд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна ба 7,7 фоиз расидааст. Дар ин замина ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид, яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар шароити нави рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, истифодаи самараноки инноватсия ва рақамикунонии иқтисодиёт моро зарур аст, пеш аз ҳама гузариш бо ин гунна иқтисодиётро дуруст ба роҳ монем, фарҳанги истифодаи технологияҳои рақамиро аз худ намоем, ҳамзамон ҷиҳати расидан ба рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи онҳо дар иқтисодиёти мамлакат, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, пардохтҳои андозӣ ва дигар намуди хизматрасониҳои электрониро дар фаъолияти иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ мондан ба манфияти кор мебошад. Айни замон дар қисмати зиёди давлатҳои пешрафта низоми дурусти истифодаи пардохтҳо ва хизматрасониҳои рақамӣ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз роҳҳои рушди он баланд бардоштании фарҳанги молиявии шаҳрвандон мебошад. Дар ин робита дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъала баррасӣ гардида, қайд шуд, ки “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Ҳамзамон қайд гардид, ки ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд”.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодии кишвар қадамҳои устувор гузошта, дар панҷсолаи минбаъда вазифаҳои зеррин: такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электрониро афзалият шуморида, барои татбиқи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода намуда истодааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки яке аз омилҳои рушд ва татбиқи ҳадафмандонаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ин таёр намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳа ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Хулоса Паёми соли 2024 пеш аз ҳама ҳадафҳои созандаю ояндабинонаи Пешвои миллатро дар худ инъикос намуда, ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» саноатикунонии мунтазами мамлакат, рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи техногияи рақамӣ ва инноватсия, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимтарини ҷомеаро пурра ва ҳамаҷониба пайгирӣ менамояд.
Асомуддини Рамазони Каримзода - cармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ