Перейти к основному содержанию

Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ, барои ноил гардидан ба рушди устувор мушкилиҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тақвим мебахшад [1].

Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо масоили об дар рӯзномаҳои ҷаҳон рушд карда ва мақоми хосса пайдо намуд. Аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи нав, яъне соли 2000-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ аввалин шуда доир ба масоили истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обии сайёра эътибори ҷаҳониёнро ҷиҳати ҳаллу фасли фаврии он аз минбари Созмони Милали Муттаҳид - сохтори бонуфузи ҷаҳонӣ иброз ақида намуда буданд. Изҳор карданд, ки “Агар мо имрӯз муносибати худро ба захираҳои табиӣ, аз он ҷумла оби тоза дигаргун нанамоем, моро дар оянда фарзандонамон намебахшанд” [4].

Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳими ҷаҳонӣ сиёсати хориҷиро таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки айни замон дар амал татбиқ шуда истодааст. Барои тарҳрезӣ намудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим гузоштааст, ки ин талошҳо дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтӣ маҳсуб меёбанд [3].

Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад.

Ба ибораи дигар, об манбаи ҳаёт ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад.

Бо дарки баланди муҳиммият ва нақши асосии об ҳамчун манбаи ҳаёт Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми ду даҳсолаи охир ташаббусҳои хирадмандона, судмандона ва дурандешонаро дар соҳаи обу иқлим аз минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудаанд:

Ташаббуси I. Моҳи октябри соли 1999 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз дошта буданд, ки бояд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили оби тоза равона гардад ва соли 2003-юм соли байналмилалии “оби тоза” эълон карда шавад. Пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул кард.

Дар робита бо ин, аз 30 август то 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе форуми байналмиллалӣ доир ба «Соли байналхалқии оби тоза» доир гардид, ки дар кори он намояндагони 53 кишвар, 93 ташкилотҳои байналхалқӣ ва олимони маъруфи ҷаҳони иштирок доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми форум суханронӣ карда қайд намуданд, ки «Тоҷикистон-ин кишвари дорои кӯҳҳои сарбаланд, ҳазорҳо кӯлҳо, дарёҳои шӯх, шаршараҳо ва обанборҳо мебошад. Мо обро ҳамчун манбаи ҳаёт доди Худовандӣ муқаддас мешуморем ва барои насли оянда онро бояд нигоҳ дорем»

Ташаббуси II. Соли 2003 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилоти об дар шаҳри Киотои Ҷопон иштирок ва суханронӣ намуда, дар солҳои охир барои бақои инсоният аҳамияти ҷиддӣ пайдо кардани масъалаи сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обро махсус таъкид намуда, таклиф ба миён гузошт, ки солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва ин пешниҳод аз ҷониби 140 кишвари ҷаҳон пуштибонӣ ёфт. Дар робита бо ин, 30-31 майи соли 2005 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар гузаронида шуд, ки дар кори он намояндагони 50 кишвар ва 40 ташкилоти байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар доираи ин даҳсола чорабиниҳои гуногун вобаста ба об доир гардида аст.

Ташаббуси III. Соли 2013 дар доираи амалӣ намудани чорабиниҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили об «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намудани соли 2013 низ аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфт ва дар заминаи он аз 28 то 30 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи об баррасӣ гардиданд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, ки дар Корея гузашт, доир ба натиҷагирӣ аз даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» суханронӣ намуда қайд карданд, ки «Дар чаҳорчӯбаи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале таҳдидҳои глобалии муосир хушбинии моро ба оянда зиёдтар намекунанд. Тибқи арзёбиҳои муътамад, аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбудии об шиддати бештар пайдо хоҳад кард. Самти муҳимми фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад, ки дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи неруи барқ бояд мавқеи арзанда дошта бошад.

Ташаббуси IV. Бо дарназардошти ин, пешниҳод карда шуд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад. Ин пешниҳод 21 декабри соли 2016 тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси чоруми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушти устувор, солҳои 2018-2028” бо дастгирии зиёда аз 190 кишвар қабул гардид. Баъдан, 21 марти соли 2018 дар рӯзи байналмилалии об бо қатъномаи СММ даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушти устувор солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид.

Ташаббуси V. 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим пазируфта шуд. Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли созмони Хазинаи байналмилалии мақсаднок эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад [2].

Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудаааст ва ташаббусҳои пайваста ва беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи сайёра дастгирӣ меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир шаш ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология ва як пешниҳод оиди таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд. Мақсад аз ташаббус ва иқдомҳои Тоҷикистон наҷоти башарият ва сайёраи Замин аз фоҷиаи нестшавӣ аст. Ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар бақои сулҳу субот, амнияти ҷаҳонӣ ва пешгирии муноқишаву низоъҳои мусаллаҳона миёни давлатҳо нақши муҳим мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ягона роҳбаре мебошанд, ки пешниҳодҳояшон бемамоният мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад, зеро чунин таклифу пешниҳодҳо танҳо ҳадафҳои башардӯстона доранд. Қабул гаштани пешниҳодҳо дар СММ кори саҳл нест, зеро ҳамарӯза аз ҷониби сарони давлатҳо даҳҳо пешниҳодҳои гуногун ироа мешаванд, аммо на ҳамаи онҳо қобили қабуланд. Пешниҳодҳо бояд мушаххас буда, масъалаҳои глобалии ҷаҳониро ифода кунанд. Он ҳам баъд аз баррасӣ ва муҳокима дар сатҳи роҳбарияти СММ тасдиқ мешавад. Бинобар ин, бояд тасаввур кард, ки қабул гаштани танҳо як ташаббус чӣ қадар мушкил ва чӣ қадар аҳамияти бузург дорад. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯшишу ғайратро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти кишвар, балки проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сафарбар намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Таҳлили натиҷаҳои амалишавии ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон собит намуданд, ки оид ба ҳалли мушкилоти об барои ҳар чӣ дастаҷамъона сафарбар намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомоти дигаре зарур аст.

Ташаббуси VI. 24 сентябри соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) суханронӣ намуданд. Зимни баромади хеш, Пешвои миллат аз вазъи мураккабу пурҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид карда гузаштанд: “Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле ҳассосу мураккаб қарор дорад. Равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт”.

Вобаста ба ин, Пешвои муаззами миллат қайд карданд, ки таъмини сулҳи пойдору ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо пеш аз ҳама дар асоси созишу ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда фароҳам мегардад. Дар ин росто, Сарвари кишвар бо мақсади дастрасӣ ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна зарур шумориданд, ки давлатҳои ҷаҳон муттаҳид шаванд.
Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии СММ барои ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси СММ “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад [5].

Хулоса. Ҳамин тариқ, ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз таҳкими сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гашт ва шинохта шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар ҳақиқат мактаби Сарвари давлат дар тақвият ёфтани нақш ва симои мусбати кишвар дар ҷаҳон хело бузург аст. Имрӯз Тоҷикистон бо сайю кушишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шуда, кишвари мо дар асоси ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз лиҳоз, мо боварӣ дорем, ки ташаббуси навбатии Президенти мо “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” тавассути қатъномаи махсуси СММ аз тарафа ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва қабул карда мешавад ва сулҳу суботро дар ҷаҳон пойдор месозад.

Воҳидова Санавбарбону, мудири шӯъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор

Адабиёти истифодашуда:

1. Қурбоналӣ К. Об ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ба нафъи башарият/// Санаи дархост:07-04-2025

https://jumhuriyat.tj/3537-ob-va-tashabbusoi...

2. Маҳмадулло Ш. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об/// tz1ZUNuZkWjdTt597axUcyZ5kFRtUZmUKuG2 Санаи дархост: 07-04-2025

3. НАСРИДДИНЗОДА Э. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — заминаи меҳварӣ дар ҳалли масоили об/// Санаи дархост: 007-04-2025

https://www.imoge.tj/.../tashabbus-oi-bajnalmilalii...

4. Самиъзода Б.С. ва Комилов Д. Р. Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи захираҳои обии сайёра/// Санаи дархост: 07-04-2025

https://avkd.tj/.../2761-tashabbushoi-benaziri-peshvoi...

5. Ҳошимов Ф. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҳалли масоили амниятӣ// https://iet.tj/tj/tashabbus-oi-a-onii-peshvoi-millat-dar-alli-masoili-amniyat/ Санаи дархост: 06-04-2025