Перейти к основному содержанию

Айни замон яке аз масъалаи ҳалталаб ва мубраме, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зуд обшавии пиряхҳо мебошад. Масъалаи вобаста ба ин мушкилот дар қатори дигар таҳдиду хатарҳо, ки ҷаҳони мутамаддинро фаро гирифтааст, муҳим арзёбӣ мегардад.

Мусаллам аст, ки масоили ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зудобшавии пиряхҳо аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст. Бояд зикр кард, ки масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари Пешвои муаззами миллатамон қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд, ки ин ташаббусҳо аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирии худро ёфтанд.

Пӯшида нест, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид солҳои охир ба масоили глобалии ҳифзи обу иқлим ва обшавии пиряхҳо дар саросари сайёра таваҷҷуҳи хоса доранд. Мусаллам аст, ки ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ҳалли мушкилоти экологӣ яке аз ташаббусҳои беназири Роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ва ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Лоиқи зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини вобаста ба ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 - ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 - ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро Соли байналмилалии “Ҳифзи пиряхҳо” эълон кард. Ҳамчунин тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил карда мешавад.

Эълон гардидани 21- уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” ва соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин таъсис додани Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, яке аз чор банди асосии қатънома ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сарфароз аз онем, ки дар як қатънома чор ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Татбиқи ин чорабиниҳо аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақоми ваколатдор марҳала ба марҳала амалӣ карда мешавад, ки боиси ифтихор аст.

Дар ҷумҳурӣ ҳифзи пиряхҳо дар доираи татбиқи Барномаи давлатии ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 амалӣ гардида, аз ҳисоби мутахассисони Агентии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон экспедитсияҳо ба ҳавзаи дарёҳо ва пиряхҳои гуногуни кишвар сафарбар карда мешаванд. Бо ин мақсад, ҳанӯз соли 2014 дар назди Агентии обу ҳавошиносӣ Маркази яхшиносӣ таъсис ёфта, мутахассисони марказ ба омӯзиши пиряхҳо, ченкунии қабати барф, инчунин, пешгӯйи офатҳои табиии тармафароӣ, сел ва мушоҳидаи кӯлҳои рахнашаванда, ки аз обшавии пиряхҳо хавфи калон доранд, машғуланд ва маълумоти заруриро ба вазорату идораҳо ва аҳолӣ сари вақт ва бетаъхир мерасонанд.

Ҳоло дар ҳавзаи дарёҳо пиряхҳои калидӣ ҳамчун пиряхҳои назоратӣ муайяншуда, боназардошти дар онҳо фаъолият кардани нуқтаҳои мушоҳидавӣ, аз ҷумла реперҳо, сатҳи об ва зиёду камшавии пиряхҳо мунтазам аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ санҷида мешаванд. Инчунин, аз тарафи Агентии обу ҳавошиносӣ ҳамасола ду маротиба, моҳҳои март-апрел ва май-июн дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва минтақаи Канаск мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида мешаванд.

Омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби мутахассисони Агентии номбурда дар баъзе минтақаҳо бо усули пиёда низ бештар сурат мегирад. Як омилро бояд ба инобат гирифт, ки дар кишварҳои дорои пиряхҳо ҳифзу нигоҳдорӣ мувофиқ ба мавқеи ҷойгиршавии пиряхҳо анҷом дода мешавад. Дар кишвари мо азбаски пиряхҳо дар баландии то 4-5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд, ҳифзу нигоҳдорӣ ба тариқи гузарондани омӯзиш ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ сурат мегиранд. Аз ҷониби дигар, бунёди неругоҳҳои хурду бузург ва дигар иншооти барқию обӣ то андозае ба ҳифзу нигоҳдории захираҳои об дар кишвар ҳамаҷиҳата мусоидат менамоянд.

Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон тибқи мушоҳидаҳои бисёрсола, обшудани пиряхҳо бештар ба мушоҳида мерасанд. Пиряхи Зарафшон дар масоҳати 38,7 километри мукааб ва дарозии 27,8 метри мураббаъ ҷойгир буда, ҳоло ба таназзулёбӣ дучор шудааст. Сарҳади забонаи пирях ба ҳисоби миёна 1700 метр қафо нишастааст ва масоҳати он баандозаи 1,3 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Тибқи мушоҳидаҳои пойгоҳи обу ҳавосанҷии Зарафшон, пиряхҳои водии Зарафшон боназардошти мавқеи ҷойгиршавиашон дар давраи ҳисоби миёнаи бисёрсола аз ҳама пиряхҳои осебпазиртарин дониста мешаванд ва обшавии онҳо босуръат ҷараён дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амал менамояд, ки дар он шаш самти афзалиятнок-энергетика, захираҳои об, нақлиёт, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист муайян шудаанд. Дар доираи татбиқи стратегия аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шарикони рушд барои ҷалби сармоя ба таври мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Фаъолияти Маркази татбиқи лоиҳаҳои дар назди Кумита буда, боназардошти дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳия кардани нақша ва инчунин боназардошти таҳияи Консепсияи лоиҳаҳо хеле пурсамар арзёбӣ мешавад. Бо ташаббуси Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор калонтарин фонди маблағгузорӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим - Фонди иқлими сабз таъсис дода шудааст, ки айни замон фаъолият менамояд. Феълан аз ҷониби Кумитаи номбурда, аллакай таҳияи барномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ омода гардида, татбиқи лоиҳаҳо соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳуриро фаро хоҳанд гирифт.

Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид барои бисёр масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои марбут ба масоили экологӣ ёрирасон хоҳад буд. Ба пиндори мо баргузории конфронсу семинарҳои илмию амалӣ дар сатҳҳои гуногун барои ҳалли масъалаҳои экологӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшад.

Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Чунончӣ, 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қатънома қабул намуд. Қабули қатъномаи мазкур дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштарак андешад.

Яке аз мушкилоти экологии замони муосир ин проблемаи обшавии пиряхҳо мебошад, чунки пиряхҳо манбаи асосии оби тозаи ошомиданӣ мебошанд. Об дар ҷомеаи инсонӣ аз сарвати нодиртарин ва дастрастарини табиӣ ба сарвати сиёсӣ табдил ёфта. Мураккабтарин мавзӯи матраҳшавандаи сатҳи олии сиёсӣ дар ҷаҳони муосир гардидааст.

Ҷиҳати пешгирии ин масъалаи экологӣ зарур аст, ки тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дастаҷамъона амал намоянд. Мусаллам аст, ки солҳои охир аз таъсири манфии гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида мегардад, ки ин метавонад оқибатҳои номатлуберо ба мисли тақсимоти нодурусти об дар обанборҳои сунъӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин ба миён орад. Тағйирёбии иқлим ба соҳаи таъмину истифодаи захираҳои оби тоза таъсири манфӣ расонида, хавфи обхезӣ ва селу ярчҳо, хушксолӣ ва фалокатҳои дигари табии вобаста ба обро бештар мегардонад.

Тағйирёбии иқлим масъалаи бе ин ҳам душвори камбуди оби тозаро дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра боз ҳам мураккабтар мегардонад. Дар кӯҳистони Тоҷикистон, ки қариб 60 дарсади захираҳои оби минтақа ташаккул меёбанд, дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пирях зиёда аз 1000 пирях нобуд шудааст. Ҷомеаи ҷаҳониро тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ нигарон кардааст. Аҳамияти пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии захираҳои об масъалаи бунёдӣ аст.

Тоҷикистон ба туфайли ибтикороти стратегӣ ва иқдомҳои худ дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рафъи оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, ки таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд, дар самти пешбурди барномаҳои глобалии вобаста ба об ва иқлим мавқеи пешсафиро соҳиб шудааст.

Тибқи мушоҳидаи олимону муҳаққиқони соҳаи пиряхшиносӣ имрӯзҳо пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна ва инчунин дигар манотиқи ҷаҳон хело ҳам кам шуда, ҳамзамон босуръат об мешаванд. Дар натиҷа нигарониҳо зиёд мешаванд, ки тағйирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва он ба экосистемаҳо, истеҳсоли ғизо ва саломатии инсон таъсири манфии худро расонад.

Аз таърихи Осиёи Марказӣ маълум аст, ки саҳлангорӣ нисбат ба истифодаи захираҳои табиӣ чӣ гуна оқибатҳои ногувор дошта метавонад. Хушкшавии воқеии баҳри Аралро таъкид намуда, мо набояд ба нобуд гардидани пиряхҳо, ки манбаи асосии ҳаёт дар Осиёи Марказӣ мебошанд, роҳ диҳем. Дар робита ба ин, ба назари мо зарурати таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад кӯшиши кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самти аз ҷиҳати стратегӣ муҳим муттаҳид намояд, ба миён омадааст.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаи обу экология, пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид баланд арзёбӣ намуда, ҳамаи чорабиниҳои дар самти обу иқлим то ин муддат баргузоршударо ҳамчун “Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об” ё “Раванди оби Душанбе” эътироф намудааст. Ин воқеан дастоварди дигари Тоқикистони сиҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, тағйирёбии глобалии иқлим имрӯзҳо ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфии худро мерасонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Бинобар ин дар ҳолати тағйирёбии иқлим - ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об яке аз масъалаҳои умдатарин ҷаҳони муосир маҳсуб меравад.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент,