Перейти к основному содержанию

«Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад, балки он хатарӣ воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист».

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаҳони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои афзоиши он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм, анархизм ва дигар зуҳуроти падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.

Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ «терроризми исломӣ» таассуби динӣ мебошад. Ифротгароӣ, тундгароӣ, терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад. Сарчашмаи ғоявии пурқудрати ислом метавонад, ҳам созанда бошад ва ҳам сузанда. Таассуби динӣ ба дараҷае дар ниҳоду равони инсон реша медавонад, ки ҳаётро ба сифр баробар карда, маргталаб худро дар як лаҳза қурбони ҷаҳолат месозад.

Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гуруҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат кардаанд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст гардонанд.

Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод дода волидайну наздиконашонро дар миёни ҷомеа шармсор намудаанд.

Ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо ба тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин амали номатлуб бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад.

Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди бономуси миллат мебошад.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештари ҷавонон яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд.

Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи нодурусти сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.

Ҳар як сокини кишвар бахусус ҷавонон бояд дарк намоянд, ки маънои ҷиҳод ин саъю талош ва кӯшиш буда ҳар амали созандае, ки барои ояндаи суботи кишвар ва таъмини амният равона мегардад, инчунин хизмати содиқона кардан ба падару модари хеш беҳтарин ҷиҳод дар роҳи Худо мебошад.

Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:

· Сатҳи пасти маълумоти динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқ;

· Моддӣ;

· Идеологӣ;

· Хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;

· Пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;

· Ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;

· Коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;

· Дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;

· Фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо

Аминҷон Ҷураев-корманди Раёсати магистратура,аспирантура ва докторантураи PhD