Перейти к основному содержанию

Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Эмомалӣ Раҳмон

123123Ҳар як ҷомеаи иҷтимоӣ барои ба иҷро расонидани вазифаҳои муайян ва расидан ба натиҷаҳои муайян ба ягонагии иҷтимоӣ ва баробарии иҷтимоӣ такя менамояд. Аз ин рӯ, ин шакли ягонагӣ маҳз дар асоси муносибатҳои байни аъзоёни он ба вуҷуд меояд. Ҳамасола рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил таҷлил мегардад ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон яке аз саннаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.

Воқеан, ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, ки зарари зиёди ҷонию моддӣ ба бор овард, барои имрӯзу ояндаи миллат бояд дарси ибрат бошад. Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳастии миллати тоҷик зери хавфу хатари зиёд қарор гирифта буд. Дар ҷомеа се гурӯҳи ба ҳам зид ташаккул ёфт. Якум – онҳое, ки Ҳукуматро ба даст доштанду аз боиси ноуҳдабароии онҳо тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд. Дуюм – онҳое, ки бо сарпарастии молиявии қудратҳои хориҷӣ ва хоҷагонашон мехостанд тавассути ҷанг ва зӯран ба Ҳукумат соҳиб шаванд. Сеюм – онҳое, ки аз ҳаммиллатони фурсатталабамон дар хориҷи кишвар интизори ғалабаи қувваҳои мухолифин буданд ва ба мухолифин дасти ёрӣ дароз мекарданд.

27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷикҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст. Ин рӯз, ки барои халқу миллати мо азизу муқаддас гаштааст, ба осонӣ даст надодааст.

Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат қариб, ки ба ояндаи нек боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад ва дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини мо ҳамин хел ҳам шуд.

Дар натиҷаи ин ҷанги таҳмилӣ садҳо модари тоҷик фавтиду садҳо фарзандони наврас ятим монданд. Оилаҳои зиёд хароб шуданду ба нестӣ рафтанд. Дар ҳақиқатан, роҳи расидан ба Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ шояд дар тасаввуротҳо осон намояд, вале ҳаёт худ нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ аз сокинони кишвар мубориза, ҷаҳду талошҳои зиёд, маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсии волоро талаб менамуд ва карда истодааст. Табиист, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби ҳаёт пешрафти ҷомеа инсонӣ аз шаҳрвандонамон ғановати бузурги маънавӣ, ахлоқӣ ва зеҳниро тақозо менамояд. Зеро Истиқлолият ба чунин шахсият дар ҳамаи давраҳо зарурат дошт ва имрӯз ҳам дорад, мо низ ин нуқтаро набояд ягон лаҳза фаромӯш кунем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои фарзона ва дилсӯзу ғамхори миллатанд, ки бо камолоти маънавӣ ва нури фазлу дониш роҳи моро дар вазъияти басо мураккабу мудҳиш, рӯзҳои ноумедиву тираву тор равшан сохтанд ва бо ҷоннисориву азхудгузаштанҳо оташи ҷанги таҳмилиро хомӯш карданд, миллатро муттаҳид ва сулҳро дар сарзамини тоҷикон таҳким бахшиданд.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, рушди илму фарҳанг, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо аз мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон доираҳои илмӣ ва фарҳангии кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ таҷриба омӯхта, ба он ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ баҳои баланд медиҳанд.

Аз ин рӯ, арзиши олие, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурӯҳу ниҳодҳо ва неруҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир, махсусан он кишварҳое, ки ба моҷароҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардидаанд, имрӯз бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ба бозии қудратҳои мушаххаси хориҷӣ дода нашавем ва баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ муттаҳид бошем. Вазъи кишварҳои Шарқи Наздик собит менамоянд, ки набудани ваҳдати миллӣ боиси дар ҳоли хатар мондани пояҳои истиқлоли давлатӣ ва зиндагии мардум мегардад.

Таҳкими сулҳу ваҳдатро, ки асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад ҳамчун рисолати инсонӣ ва шаҳрвандии худ шинохта, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва муҳаббати фарзандонаи худ ба Ватану миллат аз сари сидқу садоқат содиқ бошем.

Пас хурду бузурги миллат муваззафанд, ки ваҳдати миллӣ, амнияту суботи кишвар ва тамоми дастовардҳои замони Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм ҳимоя намуда, баҳри гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз талошҳои пайваста намоянд.

Дар охир тамоми ҳамватанони азизро бо фарорасии иди муқаддаси миллат 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфта, хоҳони онам, ки сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ дар сарзамини мо ҷовидон бошад!

Муовини директор оид ба таълим ва илми Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, д.и.ф.-м., Каримов О.Х.

Ходими пешбари илмии шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.-м., Раҳмонов Б.А.