Перейти к основному содержанию
Мусаллам аст, ки кишварҳое ки ба баҳр роҳ надоранд, бо душвориҳои марбут ба савдо, дастрасии нақлиётӣ ва рушд рӯ ба рӯ мешаванд. Сабаби асосии рух додани чунин ҳолат дар набудани дастрасии мустақим ба баҳр арзёбӣ мешавад. Азбаски ин кишварҳо бандарҳои баҳрӣ надоранд, онҳо вобастаи кишварҳои транзитӣ мебошанд, ки ин боиси афзоиши хароҷоти савдо ва тӯлонӣ шудани роҳ мегарданд.

Дар Конференсияи якум, ки 28–29 августи соли 2003 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардида, масъалаи рушди нақлиёти транзитӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққии бе дастрасӣ ба баҳр баррасӣ шуд. Натиҷаи он “Нақшаи амалии Алмаато” номгузорӣ карда шуд, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

-кам кардани расмиёти гумрукӣ ва пардохтҳои изофӣ;

-беҳтар кардани инфрасохтори нақлиётӣ;

-рушди имкониятҳои тиҷоратии кишварҳои бе дастрасӣ ба баҳр;

-ҳамоҳангсозии кӯмакҳои байналмилалӣ барои инфрасохтор.

Инчунин 3–5 ноябри соли 2014 дар шаҳри Венаи Австрия Конференсияи дуюм баргузор гардид. Дар Конференсияи мазкур иҷрои “Нақшаи амалии Алмаато” баррасӣ шуд. Дар натиҷа “Нақшаи амалии Вена” барои солҳои 2014–2024 қабул карда шуд, ки 6 самти афзалиятнок муайян шуданд:

1. Сиёсати транзит ва нақлиёт;

2. Рушди инфрасохтор;

3. Осон кардани савдои байналмилалӣ;

4. Ҳамгироии минтақавӣ;

5. Табдили сохтории иқтисодӣ;

6. механизмҳои иҷро.

26 сентябри 2024 дар шаҳри Габорони Ботсвана бошад, дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳо натиҷаҳои “Нақшаи Вена” муҳокима гардиданд ва омодагӣ ба конференсияи сеюми СММ баррасӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2023 дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба иқлим (COP-28) суханронӣ намуда, ба зарурати таҳияи барномаи нави амал барои конференсияи сеюми СММ ва омодагӣ ба он ишора карданд.

Дар моҳи сентябри соли 2024, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи солонаи гурӯҳи конференсияи сеюми СММ дар ҳошияи Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи Умумии СММ дар Ню-Йорк иштирок намуд ва ба масъалаҳои дастрасӣ ба роҳҳои нақлиётӣ, шарикии минтақавӣ ва истифодаи устувори захираҳои об таъкид гардид.

5 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (ба баҳр баромад надоранд) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид баҳри дар сатҳи баланд баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалӣ изҳори сипос намуданд. Таъкид гардид, ки аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ аҳамияти хоса дорад. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятноки сафарбар намудани саъю талошҳои минбаъда муайян карда шаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба зарурати роҳандозии василаҳои муассири таъмини рушди устувор, рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохторӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар зерсохторҳои иҷтимоӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ, ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ боиси ба мушкилот рӯ ба рӯ гардидани онҳо шудааст. Ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ омилҳои осебпазир шудани кишварҳо дониста шуд. Тоҷикистон, бо назардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад. Ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишу талошҳои дигари Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳо номида шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, бо назардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад. Дар ин робита Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда пурра ба тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад. Ба масъалаҳои таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҳамин тариқ, роҳбари давлати таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад. Зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо, таъкид карда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли равон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ”, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард. Аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ баҳри афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ карда шуд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки ҷонибҳо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд ва чунин корҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ баҳри рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.

Имрӯз Тоҷикистон ба рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ ва содда кардани расмиёти гумрукӣ аҳамияти хос медиҳад. Энергетикаи сабз 98% нерӯи барқи кишвар аз манбаъҳои обӣ таъмин мешавад. Тоҷикистон талош дорад, ки иқтисоди сабзро рушд диҳад ва иқдомҳои марбут ба он, аз ҷумла Стратегияи иқтисоди сабз барои солҳои 2023–2027-ро татбиқ намояд. Аз ҷумла Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро барои ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи обҳо роҳандозӣ мешавад. Тоҷикистон муҳтавои Конфренсияи мазкурро як платформаи муҳими стратегии ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти кишварҳои бебаҳр медонад, ки он барои беҳтар кардани дастрасӣ ба бозорҳо; ҷалби сармоягузории байналмилалӣ барои лоиҳаҳои зерсохторӣ; гузариш ба энергияи сабз ва афзоиши иқтидори барқароршаванда; ҳамкории минтақавӣ ва устувории иқлим мусоидат мекунад.

Хулоса, Конференсияи сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба рушде, ки ба баҳр роҳ надоранд, барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилот ва барқарор кардани шарикӣ ва бо мақсади кӯмак ба ин кишварҳо дар бартарафсозии душвориҳо ва татбиқи пурраи потенсиали худ ба хотири ояндаи одилона ва шукуфо имконият фароҳам меорад.

Соҳиби Баҳруло - ходими хурди илмии шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ