Дар қиёс бо низоми давлатдории Ҳукумати Шӯравӣ замони Истиқлол барои миллати тоҷик нигоҳи нав, тафаккури нави созанда ва рисолати ояндабинона доштанро нисбат ба дарки моҳияти худ, ташаккули андешаи миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ, назму тартиби давлатдорӣ ва ғайра пешорӯ гузошт. Махсусан, Истиқлол тарҳи нави давлатдории миллиро бозтобӣ дошта, фазои мустақилияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бароямон фароҳам овард, то дар асоси такя намудан ба арзишҳои волои фарҳанги гузашта, омезиш додани элементҳои муҳимми он ба бозёфтҳои фарҳангии тамаддуни муосир ҷомеаро пешрафта гардонида, шароити мусоидро барои зиндагии шоистаи мардум таъмин намоем.
Дар робита бо ин, мебояд таъкид намуд, ки Истиқлол барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон пеш аз ҳама як раванд аст. Равандест, ки ташаккул ва комилшавии шуурнокӣ, таҳаввули ҳувияти миллиро тақозо медорад. Аз ҷанбаи равонӣ-фарҳангӣ ифодакунандаи падидаи худшиносист, ки шаҳрвандонро ҳушдор кард, ки асли хешро шиносанд, ҳифзкунанда ва такмилдиҳандаи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи бархурди тамаддунҳо бошанд.
Хоссатан, тафаккур иҷтимоӣ аз рукнҳои асосии падидаи Истиқлол буда, таҳаввули он ҳамаҷиҳата барои ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Аз ин фаҳмиш ҷавҳари асосии Истиқлолро озодии шахс ташкил медиҳад. Танҳо ҳамин фаҳмиш инсонро ба олами эҷодкорӣ, офаридани арзишҳои асили сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра водор менамояд.
Ҳамин тавр, даҳсолаи охири асри XX барои миллати тоҷик саҳифаи дурахшону тобнок - соҳиб гардидан ба истиқлоли давлатӣ ва ба ихтиёри худ гирифтани зимоми давлатдории миллиро арзонӣ дошт. Ҳамчун неъмати бебаҳо, падидаи муттаҳидкунанда, устувор нигоҳдорандаи ягонагии марзии давлатдории миллӣ, падидаи наҷотбахши миллат, ҳидоятгари мероси ниёгон, бахусус, расму анъанаҳои аҷдодӣ, суннатҳои решагӣ, маншаи ташаккулёбии ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва дастёб шудан ба мустақилияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар нақш бозид ва имрӯз ҳам бозида истодааст.
Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама андеша, тафаккури даврони шӯравии аҳли ҷомеаро нисбати анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, ба вижа тарзи гӯишу савтиёти забониро тағйир дод, мардумро барои ба таври интиқодӣ муносибат кардан ба арзишҳои бадеии фарҳанги гузашта, ки вобаста ба талаботи замон такмилро талаб мекарданд, ҳидоят кард. Хусусан, дар даврони шӯравӣ забони ноби тоҷикӣ ба ҳукми забони хонагӣ, муносибатҳои байнихонаводагӣ даромада, барои бештари шаҳрвандон, аз ҷумла, аҳли зиё, олимону муҳаққиқони соҳаҳои илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва тиб ҷиҳати таълиф намудани китобҳои дарсиву асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муошират қобили қабул дониста намешуд. Ҳатто дар маҷлису ҷамъомадҳо аз сухан гуфтан ба забони модарӣ худдорӣ мекарданд. Идеологияи шӯравӣ мағзи онҳоро дар ин самт то он ҳад мойили худ карда буд, ки ҳарф задан бо забони тоҷикиро дар маҷлису баҳсҳои илмӣ ё аз тарс бошад, ё аз сабаби аз мақом барканор нашудан ё иллатҳои зиёди дигар бар худ ор медонистанд. Танҳо посдорандагон, ҳимоятгарони ин забони ноб дар он арсаи вақт донишмандони риштаи илмҳои филологӣ, аз ҷумла забоншиносӣ, рӯзноманигорон, ихлосмандон ва омӯзгорони фанни забони модарӣ, мардуми оддии меҳанткаш, ки дар муҳити хонаводагӣ, ҳангоми кор дар саҳро ва маъракаву таҷлили ҷашнҳо бо забони ноби модарӣ ба ҳам суҳбат меоростанд, ба ҳисоб мерафтанд.
Истиқлол андешаи миллиро ба сифати рукни асосии давлатдории миллӣ ва забони ноби тоҷикиро ба сифати забони давлатӣ, расмӣ-ҳуҷҷатгузорӣ, забони таълиму тадрис табдил дод, ки ин дастоварди бегазанд дар марҳилаҳои баъдинаи рушди давлатдории миллӣ такмилу таҳаввул ёфта, ҳамчун унсури асосии фарҳанги миллӣ мақоми худро устувор кард.
Ҳамин тавр, аз эълони Эъломияи Истиқлол то имрӯз дар кишвар таҳаввулоти ҷиддӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа рух доданд, ки вобаста ба давраҳои рушди давлатдории миллӣ дастовардҳои назарраси нойилшударо метавон ба шакли зайл бозтобӣ дошт:
Давраи якумро панҷсолаи аввали давраи Истиқлоли давлатӣ ташкил медиҳад (1991-1996). Ин марҳиларо бе ягон шак метавон марҳилаи наҷоти миллат номид. Дастоварди назарраси ин давра, ки кишвар ба он шарафёб гашт - ин пирӯзии ақли солим ва хиради азалии халқи тоҷикӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо баргузор кардани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро боздошта, тарҳи фарҳанги сулҳро кашид.
Ба мазмуни дигар, дар ин давраи тақдирсоз бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсӣ, фарҳанги таҳаммулпазирию бахшидани гуноҳи гурӯҳҳои низоъангез Тоҷикистонро аз нестӣ раҳойӣ бахшид, онҳоро ба созиш, якдигарфаҳмӣ, дарк кардани ҳадафи барномарезиҳои сиёсии хоҷагони хориҷӣ ва расидан ба ваҳдат ва сулҳи саросарӣ талқин намуд.
Давраи дуюмро ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва таъмини сулҳи саросариро дар кишвар (солҳои 1997-1999) дар бар мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра бо ҷаҳду талош, ҷоннисорӣ ташаббускори асосии ба амал баровардани консепсияи оштии миллӣ ва модели сулҳофарӣ муаррифӣ гардиданд. Зеро дар ягон кишвар бе таъмини сулҳу салоҳ, осоиши мардум ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ иқдом гирифтан ногузир аст.
Давраи сеюм: марҳилаи созандагӣ маҳсуб ёфта, солҳои 2000-2003 – ро дар бар мегирад. Бозёфтҳои назарраси ин марҳилаи рушд ифтитоҳи шоҳроҳи Кӯлоб Қалъаи Хумб, ифтитоҳи нақби Анзоб ва бо ин васила раҳойӣ намудани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб меёбад.
Бар замми ин, дар ин давра ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои об, таъмини аҳолии сайёра бо оби нӯшокӣ, ки ҳамагӣ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, хусусияти байналмилалӣ касб карда буданданд, аз дастовардҳои нодир ба ҳисоб мерафтанд. Инчунин, соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид ва минбаъд оромию амният ва суботи кишвар боис шуд, ки он ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангии сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, шаҳру навоҳии дигари кишвар ба макони сайру сайёҳат ва истироҳати сайёҳони дохилу хориҷӣ табдил дода шаванд.
Давраи чаҳорум ба соли 2004 бевосита рабт дорад. Дар ин сол назар ба солҳои қаблӣ сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ гашт. Сафари расмии Президенти Россия ба Тоҷикистон, имзои созишномаҳо бо 25 давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва ғайра аз муваффақиятҳои паиҳамӣ ин сол маҳсуб меёбанд.
Давраи панҷум солҳои 2005-2006-ро дар бар мегирад, ки ин давраро метавон давраи фарҳанги оламгир унвон дод, зеро баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Юнеско, пазируфта шудани Стратегияи рушди милии Тоҷикистон дар Созмони милали Муттаҳид, оғози сохтмони нерӯгоҳи барқаи обии Роғун ва ғайра аз ҷумлаи корҳои мондагори ин марҳилаи рушд мебошанд.
Давраи шашум иртибот дорад ба солҳои 2007-2008, ки онро бешакк месазад оғози марҳилаи нав - оғози сохтмони неругоҳи Сангтӯда 1 ва 2, ба истифода додани роҳи мошингарди Душанбе, Бӯстон ва Чаноқ, нақби Шаҳристон ва ғайра, ки ба сарҷамъшавии аҳолии кишвар мусоидат карда, монеаҳои табиию сунъии эҷодшударо рафъ карданд, муаррифӣ намуд.
Давраи ҳафтумро эълони соли 2009 соли Имоми Аъзам ташкил медиҳад. Ҳадаф аз эълони соли Имоми Аъзам ва таҷлили он ташаккул додани шуури диннии шаҳрвандон, шинос намудан онҳо ба ҳикмати таҳаммулпазиронаи Имоми Аъзам, ки пайрави содиқи мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, маҳсуб меёфт.
Давраи ҳаштумро соли 2010 дар бар мегирад, ки ин марҳиларо соли маориф ва фарҳанги техникӣ унвон додаанд. Дар ин давраи рушди давлатдории миллӣ бо шарофатии истиқлол Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаи маориф ва фарҳанги техникӣ дод. Бунёди зиёди мактабҳои ҳозиразамон, таъмири капиталии мактабҳои солҳои тӯлонӣ рӯйи таъмирро надидаи шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар, таъсиси муассисаҳои ҳозиразамони томактабӣ ва мактабҳои типпи нав, таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои навини техникӣ, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, аз рӯйи ихтисосҳои барои кишвар муҳим сафарбар кардани ҷавонон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, аз ҷумла тавассути стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, баланд бардоштани сифати таҳсилот, забономӯзӣ ташаккули тафаккури техникӣ ва ба корҳои лоиҳакашӣ ва ихтиръкори ҷалб кардани наврасону ҷавонон ва ғайра бозтобӣ онро дорад, ки мавқеи ҳукумат, дидгоҳи масъулини соҳа бо ба эътибор гирифтани арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷомеаи башарӣ нисбати соҳа тағйир ёфтааст. Зеро маориф барои Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок ва заминаи рушди дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Давраи нуҳум барои кишвар ин марҳилаи расидан ба натиҷаҳои назаррасӣ ҳадафҳои Стратегии кишвар дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар, бахусус, таъсиси ҳукумати электронӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмин амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба ҳисоб меравад, ки солҳои 2011-2025 дар бар мегирад, ки тавсифи дастовардҳои ҳар як соли сипаришуда вобаста ба соҳа ин худ таҳияи якчанд тадқиқотро талаб мекунад. Аммо як нуктаро месазад ба эътибор гирем, ки маҳз дар ин давра мутобиқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қонуни махсус ба имзо расид, ки аз он вақт ин ҷониб Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд.
Давраи даҳум солҳои 2026-2030 –ро дар бар мегирад, ки ин давраро дар ин саҳифаи таърих ҳамчун марҳалаи ба ҷомеаи саноатӣ табдил додани Тоҷикистон, татбиқи “Стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2030” мешиносем.
Хушбахтона, саъйу талошҳо дар ҷодаи таҳким бахшидани рушди давлатдории миллӣ ба он боис гардид, ки то имрӯз зиёда аз 193 кишвари ҷаҳон давлати Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст ва 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро роҳандозӣ намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли 56 созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Самиев Бобо Ҷураевич – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Назарзода Саъдуллоҳ Турахон- номзади илмҳои фалсафа, ходими илмии шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ