(дар ҳошияи қабули қатъномаи «Устувонии Куруши бузург» дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, 06.11.2025)
Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем. Бо ин мақсад, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони муосир, ки мушкилоти глобалӣ чун зӯроварӣ ва талофи мероси фарҳангӣ афзоиш меёбад, ташаббусҳои байналмилалӣ барои ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Яке аз чунин ташаббусҳо қабули қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқҳои инсонӣ ва гуногунрангии фарҳангӣ» дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО мебошад, ки 6 ноябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт. Ин амал на танҳо барои таърихи дипломатияи фарҳангӣ, балки барои фаҳмиши амиқи арзишҳои сулҳпарастии қадимӣ аҳамият дорад. Устувонаи Куруш ҳамчун аввалин санаде шинохта мешавад, ки озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб мекунад.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, бо дастгирии давлатҳои аъзои ЮНЕСКО қабул шуд. Ин қадам тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» амалӣ гардонида шуд, ки дар он таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бояд дар арсаи байналмилалӣ фаъолона барои ҳифзи мероси фарҳангии Шарқ ва тарғиби муколамаи тамадунҳо иштирок намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 аз ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ёдовар шуда, ба вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маводи зарурӣ омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд, ки аҳамияти онро барои ҳувияти миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ таъкид мекунад. Ин дастур асоси ташаббус ва қабули қатънома гардид ва саҳми Тоҷикистонро дар эҳёи мероси қадимӣ нишон медиҳад.
Эъломияи Куруши Кабир, ки соли 539 то мелод қабул гардида, дар Силиндри Куруш сабт шудааст ва соли 1879 дар Бобул аз ҷониби бостоншиноси бритониёӣ Хормуз Расам кашф гардид, ҳамчун нахустин ҳуҷҷати таърихӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон эътироф мешавад. Ин осори бостонӣ аз 39 модда иборат буда, бо хати мехӣ ба забони аккадӣ навишта шудааст, сиёсати инсондӯстонаи Куруши II ҳокими империяи Ҳахоманишиёнро инъикос мекунад, ки пас аз фатҳи Бобул роҳи таҳаммулпазириро ба ҷои зулми анъанавӣ интихоб кард. Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир нахустин эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар аст, ки нақши онро дар фарҳанги ҳуқуқии миллӣ тасдиқ мекунад, чунон ки сеяки Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсон бахшида шудааст.
Аз ҷиҳати таърихӣ Эъломия дар асри VI то мелод, дар давраи шукуфоии империяи Ҳахоманишиён пайдо шуд, вақте ки Куруш пас аз шикасти мидиён, лидиён ва бобулиён, давлатеро аз Ҳинд то Миср муттаҳид кард ва ба ҷои худкомагӣ инсондӯстиро интихоб намуд, ки бо кӯчонидани ошӯриён фарқ мекунад ва дар матн омадааст: «Ман ба сокинон зарар нарасондам». Матн аз озодӣ аз зулм («Ман ғорат ва зулмро манъ кардам» — моддаи 12), озодии дин («Ман ба мардумон худоёнашонро баргардондам» — моддаи 19) ва бозгашти муҳоҷирони маҷбурӣ («Ман муҳоҷиронро ба заминҳояшон баргардондам» — моддаи 20) муқарраротро фаро гирифтааст.
Дар фарқият аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дар Париж ҳамчун посух ба даҳшатҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ қабул шуд, ҳуқуқ ба баробарӣ («Ҳама одамон озод ва баробар таваллуд мешаванд» — моддаи 1), манъи ғуломӣ («Ҳеҷ кас набояд дар ғуломӣ нигоҳ дошта шавад» — моддаи 4), ҳаракат («Ҳар кас ҳақ дорад озодона ҳаракат кунад» — моддаи 13), озодии дин («Ҳар кас ҳақ дорад ба озодии дин» — моддаи 18)-ро муқаррар мекунад. Баҳси авлавияти меъёрҳои ҳуқуқӣ то ҳол идома дорад. Аз нигоҳи таърихӣ, ин санад пас аз суқути империяи Бобул дар соли 539 то мелод пайдо шуд, вақте ки Куруш пас аз шикасти подшоҳ Набонид, фармонеро содир кард, ки дар Манифест инъикос ёфтааст: «Ман бо сулҳ ворид шудам, бидуни зарар расондан». Ин амал бо бозгашти яҳудиён ба Ерусалим ва барқарорсозии Маъбад ҳамроҳ буд, ки дар Китоби Ездро омадааст: «Куруш фармон дод, ки хонаи Худоро бисозанд» ва тафсилоти амалҳои Бобул дар бораи бозгашти худоёни Аккад аз ноябри 539 то марти 538 то мелод шаҳодат медиҳад.
Реза Шабани мегӯяд, ки «ниёгони тоҷикон 2550 сол пеш асосҳои меъёрҳои конститутсионӣ гузоштанд» (Шабани, 2005, с. 48), дар сиёсати таҳаммулпазирии Куруш решаҳои меъёрҳои ҳуқуқиро мебинад, ки барои Тоҷикистон, ки Конститутсияаш давлати дунявӣ (моддаи 1) ва ҳуқуқи инсон (боби 2)-ро муқаррар мекунад, муҳим аст. Ҷек Доннелли Эъломияро «оғози ҳуқуқҳои умумибашарӣ» медонад (Доннелли, 2013, с. 75), навоварӣ дар давраи худкомагиро таъкид мекунад, ки онро пешгузаштаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар месозад. Алексей Малашенко онро «қадами аввал ба сӯи ҳуқуқи тобеъон» меномад (Малашенко, 2020, с. 112), инсондӯстии Курушро ҳамчун асоси идоракунӣ фарқ мекунад, ки бо кӯчонидани ошӯриён муқоиса мешавад. Бобоҷон Ғафуров таҳаммулпазирии Курушро қайд мекунад: «Ҳахоманишиён маъбадҳои Бобул ва Яҳудистонро барқарор карданд» (Ғафуров, 1989, с. 157), ки бо сиёсати фарҳангии Манифест ҳамоҳанг аст. Майкл Харт Курушро дар ҷои 87-уми шахсиятҳои бонуфуз мегузорад ва ӯро ҳамчун инсондӯсте, ки идоракунии империяро тағйир дод, мебинад (Харт, 1978, с. 287). Хирад Абтахи «деспотизми Шарқ»-ро рад мекунад ва Манифестро пешгузаштаи моддаи 18-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар бораи озодии дин медонад (Абтахи, 2024), онро намунаи «нерӯи нарм» мешуморад. Н. Шарипов онро «манбаи аввалини ҳуқуқи инсон» номида, бо анъанаи тоҷикӣ, ки дар «Шоҳнома» реша дорад, мепайвандад (Шарипов, 2025).
Зиёда аз 50 ғояи Куруш, аз ҷумла дипломатия («На ҷанг, балки дипломатия дар аввалият аст»), манъи кори маҷбурӣ («Ҳеҷ касро бе музд кор фармуда намешавад») ва баробарии ҷазо («Фақат гунаҳкор ҷавобгар аст») ба ҳуқуқи қадим ва меъёрҳои муосир, аз ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон (Конститутсияи ҶТ, 1994) ҳамчун манбаъ таъсир расонданд. Аҳамияти муосири Эъломияи Куруш бо муҳиммияти он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва миллӣ тасдиқ мешавад. Намоишгоҳи соли 2010 дар Теҳрон, ки 500 ҳазор тамошобинро ҷалб кард, Рӯзи Куруш 29 октябр нақши онро дар мубориза бо «ғарбмарказӣ» ва таҳкими ҳувияти миллати тоҷик тасдиқ мекунад ва эътирофи байналмилалӣ ва саҳми тоҷиконро дар таърихи ҳуқуқи инсон тақвият медиҳад.
Эъломияи Куруш асосҳои ҳуқуқи инсон — озодӣ, баробарӣ, манъи ғуломиро гузошт, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ифода ёфтанд ва саҳми онро дар меъёрҳои ҷаҳонӣ исбот мекунад ва барои нигоҳдории мероси ҳуқуқӣ илҳом мебахшад. Сарфи назар аз фосилаи таърихӣ, он замина ба асосҳои ҳуқуқи инсон гузошт, ки дар меъёрҳои муосир дарҷ шудаанд. Аҳамияти он барои Тоҷикистон бо ташаббуси ЮНЕСКО тасдиқ мешавад, ки саҳми мардуми тоҷикро дар фарҳанги ҳуқуқии ҷаҳон барҷаста таҷасум менамояд.
Устувонаи Куруш, ки дар Осорхонаи Британия нигоҳдорӣ мешавад, ҳамчун «Аввалин эъломияи ҳуқуқҳои инсон» шинохта шудааст. Ин санад, ки дар шакли гилӣ ва бо хатти кӯҳӣ (аккадӣ) навишта шудааст, тасвири фатҳи Бобулистонро аз ҷониби Куруш Кабир (подшоҳи Ҳахоманишиён) дар солҳои 539–538 пеш аз милод бозгӯ мекунад. Дар он таъкид шудааст, ки Куруш мардумро аз бандҳо озод карда, маъбадҳои динӣ бозсохт кардааст ва эҳтиром ба урфу одатҳои миллатҳои мухталифро таъмин намудааст.
Аз нигоҳи илмӣ, ин санад аввалин мисоли қонунҳои байналмилалӣ дар таърихи ҳуқуқ аст, ки қабл аз Эъломияи ҳуқуқи башар (1948) вуҷуд дошт. Таҳқиқотҳои муосир нишон медиҳанд, ки Устувона на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки манбаи маънавии сулҳ аст, ки арзишҳои таҳамулпазирӣ ва плюрализмро таъсис медиҳад. Қабули қатъномаи ЮНЕСКО ин аҳамиятро ба таври расмӣ эътироф карда, онро ба мероси ҷаҳонии фарҳангӣ мепайвандад.
Қатъномаи ЮНЕСКО аҳамияти таърихӣ ва маънавии Устувонаи Курушро ҳамчун «яке аз нахустин матнҳои башардӯстона» таъкид мекунад, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд. Дар он Директори генералии ЮНЕСКО вазифадор карда мешавад, ки принсипҳои Устувонаро дар барномаҳои таълимӣ ва муколамаи фарҳангӣ дохил намояд.
Аз нигоҳи илмӣ, ин қатънома метавонад ба таҳқиқоти байналмилалӣ дар соҳаи археология ва таърихи ҳуқуқ мусоидат кунад. Масалан, он имконият медиҳад, ки Устувона ҳамчун манбаи илҳом барои Конвенсияи ЮНЕСКО дар бораи ҳифзи мероси ғайримоддӣ (2003) истифода шавад. Таҳлили муқоисавӣ нишон медиҳад, ки арзишҳои Устувона бо принсипҳои «Декларатсияи гуногунрангии фарҳангӣ» (2001) монандӣ доранд, ки ин ба пешбурди сиёсати глобалии ЮНЕСКО кӯмак мерасонад. Дар ҳолати Тоҷикистон, ин қатънома ба таҳкими мавқеи кишвар дар муколамаи шарқӣ-ғарбӣ мусоидат мекунад ва метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ барои лоиҳаҳои фарҳангӣ, чун ҳифзи манускриптҳои сомонӣ такя кунад.
Аз нигоҳи геосиёсӣ ин эътироф барои Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки нақши худро дар Созмони Милалҳои Муттаҳид ва ЮНЕСКО таҳким бахшад. Ташабуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистонро дар тарғиби «Соли байналмилалии сулҳ ва боварӣ» (2025) таҳким бахшида, қабули қатъномаи мазкур заминаи устувор дар қабули қатъномаи минбаъдаи СММ «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мебошад. Қабули қатъномаи «Устувонаи Куруш» дар ЮНЕСКО на танҳо муваффақияти дипломатии Тоҷикистон аст, балки қадами муҳим дар эҳёи арзишҳои қадимӣ барои ҳалли мушкилоти муосир мебошад. Ин ташаббус, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон метавонад ҳамчун пул байни тамадунҳо амал кунад.
САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

