Перейти к основному содержанию
Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик буда, яке аз пояҳои асосии ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар соли 2025 масъалаи ҳифз, омӯзиш ва муаррифии арзишҳои моддиву ғайримоддии халқ бо равиши фарогир ва стратегӣ матраҳ гардида, нақши давлат дар идоракунии ин раванд ҳамчун авлавияти сиёсати миллӣ таъкид шудааст.

Сарвари давлат бо зикри он ки беш аз 70 фоизи мероси таърихиву фарҳангии кишварро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд, ба як мушкили ҷиддии соҳа ин набудани қонуни махсуси бостоншиносӣ ишора намуда, таҳияи ҳарчи зудтари он ва пешниҳодаш ба Ҳукумати мамлакатро ҳамчун вазифаи муҳим барои мақомоти дахлдор муайян карданд. Ин нукта гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат масъалаи ҳифзи мероси бостониро на танҳо ҳамчун арзиши фарҳангӣ, балки ҳамчун самти муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ менамоянд.

Дар Паём дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ бо ифтихор зикр гардидаанд. Аз ҷумла, ворид гардидани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО натиҷаи сиёсати пайгирона ва талошҳои ҳадафманди давлат дар самти ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ мебошад. Ҳамзамон, эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва қабули қатънома оид ба бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар сатҳи ЮНЕСКО мавқеи шоистаи фарҳанги тоҷиконро дар тамаддуни умумибашарӣ боз ҳам мустаҳкам месозад.

Пешвои миллат ҳамчунин ба масъалаи арзишҳои умумиинсонӣ ва нақши таърихии тоҷикон дар ташаккули онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ташкили ҳамоишҳо таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» ҳамчун рамзи пешқадами андешаҳои инсондӯстона ва таҳаммулгароии фарҳанги ориёӣ арзёбӣ гардид. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати фарҳангии давлат ба пайванди таърих, арзишҳои ахлоқӣ ва муосирсозии шуури миллӣ равона шудааст.

Дар Паём ба зарурати муаррифии шоистаи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ низ таъкид гардида, аз ҷумла, масъалаи ворид намудани номи Борбади Марвазӣ ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО матраҳ шуд. Ин пешниҳод бори дигар собит месозад, ки Пешвои миллат ба эҳёи номҳои бузурги тамаддуни ориёӣ ва ҷойгоҳи онҳо дар фарҳанги ҷаҳонӣ аҳаммияти хос медиҳанд.

Бо таъкиди он ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд, Сарвари давлат масъулияти наслҳои имрӯзаро дар соҳибӣ, омӯзиш ва идомаи мероси аҷдодӣ махсус зикр намуданд. Арзишҳое чун Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ ва шиори ҷовидонаи «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» ҳамчун асоси ҳувият ва асолати тоҷикон муаррифӣ гардиданд.

Дар ҳамин замина, пешниҳоди бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамчун ташаббусҳои бузурги фарҳангӣ ва ҳувиятофар баромад мекунад. Супоридани таҳияи консепсияи ин марказҳо ба Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмӣ бо ҷалби олимону донишмандон далели он аст, ки Пешвои миллат илм, фарҳанг ва меъмориро ҳамчун бахшҳои ба ҳам пайвастаи сиёсати фарҳангии давлат мешиносанд.

Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат дар соли 2025 ҳамчун як санади роҳнамо ва барномавӣ дар соҳаи ҳифз ва рушди мероси таърихиву фарҳангӣ аҳаммияти вижа дорад. Он на танҳо самтҳои асосии сиёсати давлатро муайян менамояд, балки масъулияти ҷомеа, олимон ва муассисаҳои фарҳангиро дар ҳифзи ганҷинаи ҳувиятофар ва таърихи беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон равшан баён мекунад.

Пӯлотов Абдураҳмон, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон