Перейти к основному содержанию
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму технология, таъмини муассисаҳои илмӣ бо воситаҳои муосири лабораторӣ ва техникаҳои компютерӣ ба яке аз масъалаҳои калидӣ табдил ёфтааст. Пешрафти илм, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот ва рақобатпазирии илмии кишвар бевосита ба сатҳи таҷҳизонидани муассисаҳои илмӣ вобаста мебошад.

Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бо роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи академики АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ин самт корҳои назаррасро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо, бо дастгирии бевоситаи Раёсати АМИТ, муассисаҳо ва марказҳои илмии АМИТ марҳила ба марҳила бо техникаҳои муосири компютерӣ, таҷҳизоти пешрафтаи лабораторӣ ва инфрасохтори зарурии илмӣ таъмин карда мешаванд.

Ин иқдом на танҳо барои беҳтар намудани шароити кори олимон ва муҳаққиқон, балки барои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, ҷалби ҷавонон ба илм ва мутобиқ намудани фаъолияти илмӣ ба стандартҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад. Таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки таҳқиқот бо дақиқӣ, суръат ва эътимоднокии баланд анҷом дода шуда, натиҷаҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод гарданд.

Аз ҷумла, бо дастгирии ҳамаҷонибаи Раёсати АМИТ, дар соли 2025 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии АМИТ соҳиби як лабораторияи муҷаҳҳаз ва якчанд компютерҳои муосир гардид. Ин дастовард барои фаъолияти самараноки марказ заминаи устувор фароҳам оварда, имкониятҳои навро барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, коркарди маълумот ва татбиқи зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти илмӣ муҳайё менамояд.

Лабораторияи навтаъсис ба муҳаққиқон ва мутахассисон имкон медиҳад, ки таҳқиқотро бо истифода аз усулҳои пешрафта анҷом диҳанд, лоиҳаҳои муштаракро бо муассисаҳои илмии дохилӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ намоянд ва натиҷаҳои илмиро ба истеҳсолот ва иқтисоди миллӣ наздик созанд. Ҳамзамон, техникаҳои компютерии муосир барои таҳияи моделҳо, таҳлили додаҳои калон (big data), барномасозӣ ва рушди платформаҳои рақамӣ нақши калидӣ доранд.

Бешак, чунин тадбирҳо гувоҳи таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба рушди илм, инноватсия ва рақамикунонии соҳа мебошад. Таъмини воситаҳои лабораторӣ ва техникаҳои компютерӣ имрӯз на танҳо як ниёз, балки талаби замон аст, ки иҷрои он заминаи устувор барои рушди илми миллӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва пешрафти устувори кишварро фароҳам меорад.

Кодиров А.С. Директори Маркази рушди инноватсионии илм ва тенологияҳои рақамии АМИТ