Перейти к основному содержанию
Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон 8-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил карда мешавад. Ин санаи фархунда рамзи эҳтиром, қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои занону модарон ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин рӯз ҷомеа бори дигар ба нақши арзанда ва ҷойгоҳи муҳими зан дар пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин ҷашн на танҳо иди зебоӣ ва меҳрубонӣ, балки иди қадршиносии хизматҳои бузурги занонест, ки бо меҳнати содиқона ва фаъолияти созандаи худ дар рушди ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

123Модар шахси муқаддасест, ки инсонро ба дунё меорад, ӯро бо меҳру муҳаббати бепоён ба воя мерасонад ва дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ ҳамчун роҳнамо ва пуштибони ҳақиқӣ боқӣ мемонад. Меҳри модар поктарин ва самимитарин эҳсосест, ки дар қалби инсон ҷой гирифта, тамоми зиндагии ӯро равшан месозад. Фидокории модар ҳадду канор надорад: ӯ барои хушбахтии фарзанд омода аст аз оромию роҳат ва ҳатто аз орзуву ҳавасҳои худ бигзарад. Аз ин рӯ, дар фарҳанг ва маънавияти халқу миллатҳои гуногун мақоми модар хеле баланд арзёбӣ мегардад. Бузургони хирадманд беҳуда нагуфтаанд: «Биҳишт зери пойи модарон аст», зеро маҳз модар аст, ки бо муҳаббат, сабру таҳаммул ва ғамхории беандоза инсонро ба камол мерасонад.

Занону модарон на танҳо дар муҳити оила, балки дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ нақши бисёр муҳим мебозанд. Имрӯз онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа — аз илму маориф ва тандурустӣ то иқтисоду идоракунии давлатӣ — фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо ҳамчун омӯзгор, табиб, муҳандис, олим, фарҳангшинос ва роҳбар бо масъулияти баланд ба ҷомеа хизмат намуда, дар рушду пешрафти давлат саҳми назаррас мегузоранд. Ҳузури фаъолонаи занон дар ҳамаи бахшҳои ҷомеа нишон медиҳад, ки онҳо қодир ҳастанд ҳамзамон рисолати муқаддаси модариро иҷро намуда, дар пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ низ нақши арзанда дошта бошанд.

Воқеан ҳам, таҷлили Рӯзи Модар моро водор месозад, ки бори дигар ба қадри модарон ва занон бирасем, хизматҳои онҳоро эҳтиром намоем ва меҳру муҳаббати худро нисбат ба онҳо бештар зоҳир созем. Бо вуҷуди ин, эҳтирому арҷгузорӣ ба модар танҳо ба як рӯзи сол маҳдуд намегардад. Баръакс, ҳар як инсон бояд дар тамоми рӯзҳои ҳаёти худ нисбат ба модари хеш ғамхор, меҳрубон ва қадрдон бошад, зеро меҳру муҳаббати модар неъматест, ки онро бо ҳеҷ чиз баробар кардан мумкин нест.

Дар Тоҷикистон низ ба мақому манзалати занону модарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамасола ба муносибати Рӯзи Модар Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат — дар паёмҳо ва суханрониҳои табрикотии худ нақши бузурги занону модаронро дар рушди давлату ҷомеа бо эҳтироми хоса таъкид менамояд. Дар суханрониҳои худ ӯ модарро сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбиятгари насли ояндасоз ва асоси устувории оила номида, мақоми ӯро ҳамчун рамзи покӣ, сабру таҳаммул ва фидокорӣ баланд арзёбӣ мекунад. Бо дастгирии давлат имрӯз барои фаъолият ва таҳсилоти занону бонувон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолияти самаранок доранд.

Модар нахустин омӯзгор ва роҳнамои инсон дар роҳи зиндагӣ мебошад. Маҳз ӯст, ки ба фарзанд сухан гуфтан, роҳ рафтан, эҳтиром кардан, дӯст доштан ва инсон буданро меомӯзонад. Ҳар як дастоварди фарзанд, ҳар як қадами устувори ӯ дар зиндагӣ бо дуои нек ва тарбияи модар пайванди ногусастанӣ дорад. Меҳру муҳаббати беандозаи модар, сабру таҳаммули ӯ ва фидокории бепоён барои тарбияи фарзандон намунаи олии инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз занону модарони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ дар рушди иқтисод, илму фарҳанг ва идоракунии давлатӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ободии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо бо донишу таҷриба, масъулиятшиносӣ ва меҳнати содиқонаи худ барои пешрафти ҷомеа хизмат карда, барои наслҳои оянда намунаи ибрат мегарданд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадршиносии модар, дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Модар ҳамеша рамзи муҳаббат, покӣ, сабру таҳаммул ва фидокории инсонӣ боқӣ мемонад. Зеро зиндагии инсон аз меҳру навозиши модар оғоз ёфта, бо дуои неки ӯ роҳ ба сӯи комёбиҳо мекушояд.

Сангинова У.М. - ходими хурди илмии Институти зоология

ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ