(Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Рушди илму маориф, калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи мамлакат ва фардои дурахшони босаодати кишвар маҳсуб меёбад. Бо назардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат пайваста ҳамаи имконоту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона намуда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ мегузоранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 масъалаҳои вобаста ба рушди илм ва маорифи кишвар дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Пешвои миллат чуноне қайд намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Сиёсати иҷтимоии огоҳона ва илм меҳвари Пешвои миллат боис гардид, ки дар кишвари мо теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ дар шаклҳои гуногун бунёд карда шуда, барои ҷомеа пешкаш карда шавад. Ҳамчунин, дар ин замина сифати таълим ва рушди илм таъмин карда шуд. Тавре дар суханронии хеш дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар Пешвои миллат зикр гардид: “Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст”.
Бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм зиёд гардида, Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Чуноне Пешвои миллат таъкид намуданд: “Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат (28.12.2023) зикр намуданд, ки: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад”. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ 24 декабри соли 2022, №1922 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” қабул карда шуд, ки боиси танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ гардида, барои истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот шароит муҳайё намуд.
Мавқеи илм дар иқтисодиёт, барои рушди фаъолияти инноватсионӣ кӯмак мерасонад. Рушди иқтисодиёти ба илму технологияи муосир ва маориф асосёфта омили асосии пешрафти иқтидодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Иқтисоди инноватсионӣ аз таъсири донишҳои илмӣ ва технологӣ тағйир меёбад, зеро истеҳсолот дар асоси дониш, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва инноватсияҳои нав дар иқтисодиёт сифатан нав гардида, рушд меёбад. Донишҳои нави илмию технологӣ манбаи ғояҳои инноватсиониро ба вуҷуд меоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар изҳори итминон намуданд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед.
Баргузор намудани мулоқотҳои Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд, аз ҷумлаи иқдоми наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илм мебошад.
Ҷовид АЛИЗОДА, унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон