Чуноне пешвои миллат зимни суханронии худ дар ифтитоҳи Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қайд намуданд: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки об сарчашмаи ҳаёт аст ва бе он зиндагӣ вуҷуд надорад”. Ҳамзамон, таъкид сохтанд, ки “Об на танҳо захира барои нӯшидан аст, он барои тавлиди нерӯи барқ, истеҳсоли ғизо, рушди саноат, устувории муҳити зист ва дигар ҷанбаҳои ҳаёт нақши калидӣ дорад”.
Имрӯз, бахусус масъалаи норасоии оби тозаи ошомиданӣ яке аз мушкилоти муҳимми тамоми аҳолии сайёра ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид тақрибан нисфи зиёди аҳолии сайёра аз норасоии об азият мекашанд. Мувофиқи мониторинги Барномаи якҷояи Созмони байналмилалии тандурустӣ ва Хазинаи байналмилалии ҳифзи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), танҳо 2,2 миллиард аҳолии олам бемамониат ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ дошта, 4,2 миллиард нафар дастрасии комил ва амн ба оби тозаи истеъмолиро надорад, ки бештари онҳо дар деҳот ва кишварҳои тараққинокарда зиндагӣ менамоянд. Ҳамасола дар ҷаҳон ҳазорон нафар аз сабаби нарасидани оби ошомиданӣ ва шароити пасти санитарӣ мефавтанд, ки аксарияти онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Сабабҳои норасоии оби тоза бо як қатор омилҳо вобаста буда, пеш аз ҳама, бо раванди шаҳришавӣ ва саноатикунонӣ алоқаманд аст. Дар ин раванд ҳамасола партовҳои саноатӣ ва обҳои корез ба обанборҳои кушод ба миқдори зиёд ворид шуда, онҳоро ифлос менамояд, ки нӯшидани он ғайриимкон мегардад. Илова бар ин, шумораи аҳолии шаҳрҳо мунтазам афзоиш меёбад, ки онҳоро бо оби тозаи ошомидани таъмин намудан хароҷоти зиёдро талаб менамояд.
Раванди дигар афзоиши табиии аҳолӣ буда, тибқи маълумоти коршиносон дар давоми нимаи дуюми асри XX шумораи аҳолии сайёра беш аз ду маротиба афзудааст. Албатта, дар натиҷаи зиёд гардидани аҳолӣ талабот ба ҳама чиз зиёд мегардад, ки оби ошомиданӣ дар ин радиф масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Агар имрӯз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо мушкилии норасоӣ аз оби ошомиданӣ азият кашанд, тибқи пешгӯиҳо вақте ки аҳолии ҷаҳон боз ҳам зиёд мегардад, норасоии оби тоза боз ҳам мушкил мегардад.
Тибқи баҳодиҳии коршиносон имрӯз 70 дарсади оби тозаи ошомидани дар хоҷагии қишлоқ истифода бурда мешавад, ки 60 дарсади он аз сабаби нодуруст истифода бурдани системаҳои объёрӣ беҳуда сарф мешаванд.
Вобаста ба ин, қайд кардан лозим аст, ки ҷиҳати бартараф намудани норасоии захираҳои оби ошомиданӣ аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии тарзи зиндагӣ, истеҳсол ва истеъмоли ноустуворро танҳо тавассути тадбирҳои якҷояи мақсаднок ва ҳамаҷонибаи кишварҳои олам бартараф намудан мумкин аст.
Ин аст, ки моҳи декабри соли 2016 қатъномаи Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” қабул гардид. Ин ташаббус бори нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар шаҳри Дегуи Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод шуда буд. Ин ташаббуси чоруми сатҳи ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва бори дигар исбот намуд, ки Сарвари кишвари Тоҷикистон ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар пешбурди масъалаҳои об низ дар сатҳи байналмилалӣ мақоми хоса доранд.
Ҳадаф аз эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” – ин дастгирии рушди устувор ва идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об мусоидат ба ҳамкорӣ ва шарикӣ ҷиҳати дастгирии кишварҳои манфиатдор, ноил шудан ба мақсад ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда вобаста ба масъалаҳои об, аз ҷумла, ҳадафҳо ва вазифаҳои Рӯзномаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 мебошад.
Бо талошу кӯшишҳои ҳукумати кишвар, бевосита Сарвари давлати тоҷикон давоми ду даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи марбут ба обро дар арсаи байналмилалӣ ва сатҳи ҷаҳонӣ фаъолона пеш мебарад. Ин аст, ки дар ин муддат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид 9 қатъномаи марбут ба об ва иқлимро бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд ва тибқи Қатъномаи охирин, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Конференсияи оби Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардида буд, конференсияи таърихӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он дувумин конференсияи сатҳи ҷаҳонии СММ мебошад, ки дар 50 соли охир ба масъалаҳои об бахшида шудааст ва аввалин конференсия соли 1977 дар Аргентина дар шаҳри Мар-дел-Плата баргузор гардида буд.
Дар робита ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам кушишу талошҳо менамояд, ки барои идомаи ин ташаббусҳо ҷиҳати фароҳам овардани як форуми муколама оид ба сиёсат, шарикӣ ва амал дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ омода аст, бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд дар доираи татбиқи Даҳсола, конференсияҳои сатҳи баландро доир намояд.
Ҳамин тавр, тибқи нақшаҳои пешбинишуда аз 11 июни соли равон дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” оғоз гардид, ки дар он аз 75 кишвар, аз 100 ташкилотҳои байналмиллию минтақавӣ бо иштироки беш аз 2 ҳазор намояндаи расмии худ иштирок намуданд. Ҳамзамон, шумораи зиёди коршиносони масъалаҳои марбут ба обу иқлим аз ҷониби созмону ташкилотҳои гуногун, институтҳои молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои идоракунии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки аз бахшҳои гуногун иборатанд, аз ҷумла об, энергетика, тандурустӣ, озуқаворӣ, молия, иқлим, муҳити зист, саноат, илм, маориф ва дигар сохторҳо ҷалб гардидаанд.
Ҳадафи асосии ташкил намудани Конференсияи сатҳи ҷаҳонӣ ташвиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фаҳмидани арзиши об, идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи он ва гирифтани ӯҳдадориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи мушкилот дар бахши обу иқлим мебошад.
Пеш аз оғози конференсия, дар самтҳои гуногун, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба занон, ҷавонон, мардуми таҳҷоӣ, гуруҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва ғайраҳоро дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷӯҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар бар мегирад, баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин форумҳо, фароҳам овардани платформаи иловагӣ барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об дар байни қишрҳои муайяни ҷонибҳои манфиатдор ё минтақаҳои алоҳида мебошад.
Ҳамин тавр, баъди анҷоми Конференсияи сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ҷониби Кумитаи миллии тадорукот, барои иштирокчиёни Конференсияи мазкур, барои боз ҳам дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани фарҳангу меҳмондорӣ ва ҷалби онҳо ба кишвари биҳиштосои Тоҷикистон дар маконҳои фарҳангию табиати зебои кишварамон сафару саёҳат баргузор намуданд.
И.в. мудири Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии Раёсати АМИТ Маҷидов О.Ш. Барномасози Шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии Раёсати АМИТ Назирова М.